Главная / admin (страница 54)

admin

Сарамард

ilm

Мард буд дар сират. Ва дар худ ҳама чизро дошт: қаду қомат, сикаву сурат, сару либос, шикаму мўи сар… Хулласи калом: ин мард, ки Виқорбой ном дошт, бо сари баланд, якто-якто қадам зада мерафт. Басо ором буд, шитоб намекард. Пайроҳае, ки Виқорбой рўи он мерафт, то ба як бинои одии …

Муфассал »

Саги нафс

sagho

Он рўз рўзе буд хеле гарму дам. Яке аз бозорҳои пойтахт чун хонаи мўрчагон меҷўшид. Ғавғою ғулғула… Шўру мағал… Кўдаке: “Оча-е!” – гўён, мегирист… Зани фарбеҳе қир-қир механдид…. Зани хароби сип-сиёҳ ким-киро дуои бад мекард… Кампире: “Аллоҳу акбар!” – гўён, садақа металабид… Марди дағале дашномҳои болохонадор медод… Дигаре бо тамоми …

Муфассал »

САБАҚ

duoi-xatmi-quron

Осмон тира, ҳаво хунук. Зоғу зоғчаҳо қар-қаркунон аз ин сў ба он сў мепаранд. Гўё аз хунукии даҳшатнок хабар медиҳанд. Роҳгузарон парешонҳол, саросема. Марди миёнсоли чорпаҳлу дар қатори дигарон, ниҳоят ғамгин, сари хам ғарқи дарёи хаёлу андеша, вазнин-вазнин қадам монда мерафт. Ба назари ў ҳеҷ чиз наметофт. Ҷавони газгўште, ки …

Муфассал »

Раис Басират

Майдони Шаҳидон ва озоди

Боз як рўзи кўтаҳи соли маймун интиҳо меёфт! Хуршеди оламоро ғуруб мекард. Ва торҳои Басиратшро аз шаҳр ғундошта гирифта, мисли лаълии тиллоӣ ба паси кўҳҳо ғелида мерафт. Гирду атрофро оҳиста-оҳиста пардаи торикӣ фаро мегирифт. Вале аз марди хона – Ҷамил дарак набуд. Завҷааш Басират, ки зани камсавод, вале бисёр заҳматкаш …

Муфассал »

Консертҳо ба муносибати 8-уми март – рӯзи модарон

konsert-filarmoniya-3

Дар шаҳри Душанбе – бахшида ба рӯзи бонувон консертҳои баҳорию идона санаҳои 3 то 8-уми марти соли 2020 дар Филармонияи давлат баргузор мешавад, ки дар он ҳофизони номӣ иштирок менамоянд. Муфассал дар суратҳо оварда шудаанд.

Муфассал »

РАҲМАТ БА ХУШДОМАНАМ

getimage

Хушдоман! Чӣ калимаи ҷозибу зебо! Ва худи хушдоман ҳам одами азизу мўътабар аст! Охир, беҳуда: “Чор пиру чор тадбир!” – нагуфтаанд-ку?! Аммо – сад афсўс! – дар ин дунёи рўшану калон одамеро аз хушдоман ризо ёфтан амрест муҳол. Аз қадим – ул – айём ҳама бечора хушдоманро чун бало бад …

Муфассал »

ПИСТАИ ХАНДОН

pista

Ҳар як инсон дар дил орзуе мепарварад. Ман ҳам кайҳо орзу мекардам, ки соҳиби ҳавлӣ шавам. Ниҳоят ду сол пеш ба орзуям расидаму ғами ниҳолшинонӣ пеш омад. Чор ниҳоли себ, ду бодом, ду гелос, ду зардолу ва панҷ оличабандак шинондам. Пистаи хандонро шунидаму дар дилам алов афтод. Бояд як ниҳол …

Муфассал »

Пахта

paxta

Дами ғуруби офтоб мо панҷ нафар нишаста, дами беғам мезадем. Яке ба ман ношинос, ўро бори нахуст медидам. Ва чун номашро ба забон оварданд, гўё ягон чизи аз ақл берунро шунида бошам, бо ҳайрату тааҷҷуб ба ў нигаристам. – Пахта-а?! Вай оромона посух дод, ки: – Ҳа, Пахта. Ман хомўш …

Муфассал »

ОЛИМ ШУДИЮ ОДАМ НЕ

20200119_135240

Рўзи шанбе, баъд аз зўҳр, Меҳмон ба тамошои шаҳр баромада, дар кўчаи калон бо шиносаш Ризвон рў ба рў омад. Вай чорчашма ба занҳои зебо менигарист. Ризвон азми гурехтан карда буд, ки Меҳмон ба ў расиду даст ба салом дароз кард: – Чӣ хел, Ризвон? Ризвон пеш шитофтанӣ мешавад, аммо …

Муфассал »

Овоз чист

duxtaroni-tojik-105

Саид аз рўи одат чашми чапашро кушода, ба соати деворӣ нигоҳ кард. Сипас кўрпаро болои сар кашида, паҳлўи дигар гашту чашм пушид. Ғанаб карда буд, ки овози завҷааш ўро як қад паронд. Овози ў чунон баланд буд, ки Саид ҳаросида: «Ҳа, ҳа. Чӣ гап?!» – гўён, аз хоб бедор шуд. …

Муфассал »