Главная / Гуногун / Мурад зиндагӣ

Мурад зиндагӣ

Инак, то орзу як қадам!

Ҳо – бале! – Азим кайҳо боз орзу дошт, ки сари писарашро ҷуфт кунад. Ў бисёр мехост, ки духтари сардори корхонаашонро келин карда, ба хона орад.

Оқибат ризогии сардорро ба даст оварда, ҳамаи корҳои вобаста ба тўйро тахт намуд. Танҳо масъалаи ҳофиз монду халос. Пас аз машварату маслиҳат қарор доданд, ки ҳофизи номдор Шўҳратиро даъват мекунанд. Вай ба Азим каме хеши ҳам дошт. Чандин бор: “Тўй кун, хизмат аз мо!” – гўён, гўшрас ҳам карда буд.

Шўҳратӣ, ҷавонмарди сиёҳҷурдаи тоссар Азимро хеле хуб истиқбол намуд. Табиист, ки аз ин сари ў ба осмон расид. Ва пас аз анҷоми одоби салом, дар ҳоле ки аз шодӣ дар курта намеіунҷид, изҳор намуд:

qalai-hisor

– Худои меҳрубон моро ба тўй расонд.

Шўҳратӣ нобоварона ба ў назар афканда:

– Наход? – гўён, аз пурии меъда оруғ зад.

Ҳамин дам ҳамсари Шўҳратӣ, ҷорўб дар даст, аз хона баромад. Азим саросема аз ҷояш хесту дуқад шуда:

– Янга, нағз ҳастед? – гўён, ҳолпурсӣ намуд.

Аз чӣ бошад, ки янга ба ҷои ҷавоб атса зад. Ин атса Азимро як қад паронд. Шўҳратӣ бошад, қаҳқос зада хандиду ба рўи ў зеҳн монда, нидо намуд:

– Ҳақ асту рост!

Аз ваҷоҳати Азим осори хушҳолӣ эҳсос гардид.

– Офарин! – чашмони Шўҳратӣ барқ зад. – Муборак бошад!

– Ташаккур!

– Илоҳо қушапир шаванд! – гуён, дуо карду даст ба рўй кашид. Сипас ба Азим як пиёла чой дода, ба ў рў овард:

– Ҳе, кам нашав-е! Хўш, қудо кӣ, қудо?

– Сардорамон…

– Наход? Соли гузашта тўй кард-а?! Эҳ, тўи зўр кард, а?! Гуфтанд, ки ба ҳофиз ҳазор доллар дод!

– Ҳа, ҳа, – тасдиқ кард Азим.

– Э, офарин, офарин! – ба китфи Азим тап-тап зада таҳсин намуд Шўҳратӣ. – Хўш, хўш, тўй кай?

– Рўзӣ шанбе, – гуфт Азим бо овози пурҳаяҷон. – Соати чори бегоҳ.

– Ҳа, шанбе рўзи хуб! – хушҳолона нидо намуд Шўҳратӣ. – Шанбе – рўзи муборак! Шанбе – рўзи тўй! Барои ҳамин ҳам ҳама ҳамин рўзро интихоб мекунанд!

– Тўй бе ҳофиз намешавад, – ба сари мақсад омад Азим.

– Ҳа, тўя ҳофиз обод мекунад, – гуфт Шўҳратӣ. – Бе ҳофиз, тўй чию худоӣ чӣ!

– Рост, рост, – саросема гуфт Азим. – Акнун хизмат аз шумо-дия, тўямонро обод мекунед.

Вай гумон дошт, ки Шўҳратӣ ду даст пеши бар гирифта: “Хуб шудааст! Хизмат аз мо!” – мегўяд. Аммо ў тамоман чизи дигар гуфт:

– Тўй барои ҳунарманд ҳам ном асту ҳам нон!

Каме дасту по хўрд, вале зуд худро ба даст гирифта, канда-канда пурсид:

– Яъне… шумо ризо?

Шўҳратӣ на “ҳа” гуфт, на “не”. Ба ҷабинаш гиреҳ афтод. Дили Азим таҳ зад. Аз шиддати изтиробу ҳаяҷон забонаш лол монд.

Хонаро як сукунати вазнин фаро гирифт.

Пас аз лаҳзае чизе ба хотири Шўҳратӣ расидагӣ барин:

– Эъ! – гўён, аз ҷо бархост.

Баробари ў Азим ҳам аз ҷояш бархост.

– Ҳозир мебинем! – гуфт Шўҳратӣ ва аз ҷевон дафтареро гирифта, варақ заду даме калла ҷунбонд. Баъд афсўсомез изофа намуд:

– Оббо, рўзи шанбе мо банд-ку?!

Гўиё Азимро барқ зада бошад, як қад парид. Баъд ба баданаш мурғак давид. Ҳайратзада ба Шўҳратӣ нигарист.

– Чӣ?.. Банд?.. – забонгир шуд Азим.

– Мутаассифона, банд, – кафи афсўс ба ҳам совид Шўҳратӣ. – Банд.

Гулўи Азим хушк шуд ва бидуни ихтиёр ғазаболуд пурсид:

– Чӣ хел банд?!

– Осонакак, – хунсардона гуфт Шўҳратӣ. – Тўйи Ҷўра.

– Кӣ, кӣ? – бо шитоб пурсид Азим. – Ҷўра? Ин кӣ?

– Ин як ошноям, – оромона гуфт Шўҳратӣ. – Ту ўро намешиносӣ.

Гўиё як кўза оби сард ба сари Азим рехтанд. Ранги рўяш чун пахта сап-сафед канд. Сари дилаш сих зад. Лаҳзае лолу гиҷ монд. Баъд базўр, оҷизона пурсид:

– О, тўйи ман чӣ мешавад?

Шўҳратӣ айёрона хандида, пурсид:

– Тўйи шумо?

– Ҳа, – гуфт Азим, – тўи мо. О, бе шумо тўй не, азо мешавад-ку?!

Боз айёрона хандид.

– Ҳа, рост, бе ҳофиз тўй не, азо мешавад, азо.

Оҳи чуқур кашид Азим ва илтиҷоомезонаву имдодхоҳона ба рўи ў дида дўхт.

– Ҳеҷ гап не, илоҷашро меёбем, – гуфт Шўҳратӣ ва оромона каме андеша карду баъд чуноне, ки мегўянд, “сар аз ҷайби хаёлот берун оварда”, ба рўи Азим нигарист.

Азим нгоҳи илтиҷоомезонаву имдодхоҳонаашро аз рўи ў намеканд.

Шўҳратӣ оромона, ҳатто хунсардона гуфт:

– Тўйро ба дигар рўз мегузаронем.

Саросема пурсид:

– Тўйи ошноятонро?

Шўҳратӣ тавре ба ў нигоҳ кард, ки гўиё навакак аз осмон ғалтида бошад.

– Оҳ-ҳ-ҳо! Дилатон боз чӣ мехоҳад? Не, тўйи шуморо.

– Чӣ?! – боз ўро гўиё барқ зада бошад, як қад парид. – Тўйи маро?!

– Ҳа, тўи шуморо!

Аз сар то пои Азимро арақи сард зер кард.

– Не, не, ҳеҷ илоҷ надорад, – қариб гириста гуфт Азим.

Шўҳратӣ тамасхур зад:

– Пулатон сўхта барин гап мезанед-а?!

– Охир тарабхонаро банд карда, таклифномаҳоро пурра тақсим кардем.

– Наход? – бо ҳайрату ваҷд нидо намуд Шўҳратӣ.

– Ҳа-а, бовар кунед.

– Оббо, саросема шудед-да, – гўён, Шўҳратӣ боз сар ба ҷайби хаёлот андохт.

– Ҷон ҷураҷон, ягон бало кунед, – илтиҷову зорӣ намуд Азим. – Набошад шармандаи ду олам мешавам.

Шўҳратӣ айёрона ба чашмони Азим нигариста, дақиқае бо таассуф сар ҷунбонд. Баъд лаҳзае сукут варзиду ниҳоят лаб ба сухан во намуд:

– Майлаш рўӣ хотири шумо ягон бало мекунем.

– Кошкӣ, садқаи хоки поятон шавам, – гуфт Азим ва пиёлаи чойи хунукшударо як қулт карда, холӣ намуд. Баъд оҳи чуқур кашид.

Шўҳратӣ аз ҷояш бархост. Даме андешид. Баъд гуфт:

– Ку, як ба дўстам занг занам-чӣ.

– Ҷон ҷўраҷон, – бо илтиҷову зорӣ гуфт Азим. – Занг занед. Илтимос кунед. Хешамон гўй…

– Ў ҳам дўсти наздик, – сухани ўро бурид Шўҳратӣ. – Дўсти нонию забонӣ не. Дўсти ҷонӣ. Хайр, занг занам-чӣ.

Ва ў ба дигар хона рафт.

Азим бесаброна баргаштани ўро интизор шуд. Беқарор, гўиё сари сўзан нишаста. Ҳар сония барояш соат менамуд.

– Ҳой, Азим!

Як қад парида, саросема аз ҷояш бархост Азим.

– Бабахт будаӣ сағира! – нидо намуд Шўҳратӣ. – Розӣ шуд!

– Наход? – ҳаяҷони беинтиҳо ўро гулўгир кард. Танҳо табассум мекард: рўяш гўиё мешукуфт. Шодӣ дар дилаш намеғунҷид.

– Ҳа, розӣ кунондам, – Шўҳратӣ ба дасти Азим нигарист.

– Раҳмат, ҳазор раҳмат!

– Ҳа-а-а… – мад кашид Шўҳратӣ.

Азим боз оҳи чуқур кашид. Баъд хомўшӣ ҳукмрон гашт.

– Ҳм–м… ҳм–м… – хомўширо халалдор кард Шўҳратӣ ва боз ба дасти Азим нигарист.

– Ҳа, ҳозир, – гўён Азим аз кисааш ду барги сабз – саддолараи амрикоиро бароварда, ба Шўҳратӣ дароз кард.

Рўӣ ҳофиз қаламфури тунд хурдагӣ барин турш шуд. Дасташ гуё, ки шал бошад ба сўӣ пул дароз нагашт.

– Гиред, акоҷон, – хоҳиш намуд Азим.

Абрўвони Шўҳратӣ кўргиреҳ хўрданд. Соҳиби тўй фаҳмид, ки ҳофиз ризо нест: пулат кам, илова намо.

Азим ба чашмони пурғами ҳофиз зеҳн монд. Баъд илтиҷоомез гуфт:

– Ками мою карами шумо. Медонам, ки камтарак аст. Лекин…

Шўҳратӣ бо нишони эътироз ба нуқтаи номаълуме дида дўхт.

– … кусурашро аз ҳисоби раққоса мебароред.

– Чӣ-ӣ? – Шўҳратӣ ба рўи Азим нигарист.

– Аз ҳисоби раққоса қусурашро мебароред, – такрор намуд Азим.

– Аз ҳисоби раққоса? – чашмони Шўҳратӣ аз ҳайрат калон кушода шуданд.

– Бале, аз ҳисоби раққоса! – нидо намуд Азим.

– Чӣ хел? – мароқ зоҳир намуд Шўҳратӣ.

– Чӣ хел? – гашта пурсид Азим ва ба шарҳ пардохт: – Гап дар сари он, ки тўйякиҳо ҳама одамони калон, соҳибмансаб, баобру, серпул. Иншоонлоҳ аз сари раққоса пул чун борон меборад. Аз рўӣ ҳисоби пешакии ман бояд, ки ками камаш ба раққосса панҷсад доллар банданд.

– Панҷсад доллар? – шубҳаомез ба чашмони Азим нигарист Шўҳратӣ.

– Ҳа, панҷсад доллар! – бо боварӣ нидо намуд Азим.

– Не-е… – бовар накард Шўҳратӣ. – Дурўғ ҳам ба эбаш-дия.

– Чӣ? Ман дурўғ мегўям? Не… – ҳатто ранҷидагӣ барин шуд Азим, – ман дурўғ намегўям! Бовар кун!

Шўҳратӣ як дақиқа ба андеша рафта, хомўш монд. Азиз бо дили беқарор, ду дида ба рўи ў дўхта буд. Ниҳоят Шўҳратӣ рўй ба ў оварда, бо симои хеле ҷиддӣ пурсид:

– Ту боварӣ дорӣ, ки тўякиҳоят пул мебанданд?

Бидуни тавақуф бонг зад:

– Бешубҳа!

– Майлаш, – чашмони Шўҳратӣ хушҳолона дурахшиданд. Чеҳрааш кушода шуду дасташ сўӣ пул дароз гашт.

Азим оҳи сабуке аз сина бурун овард.

Ва ба танаш ҷону ба рўяш сурхи давид.

– Хайр омин! – даст ба дуо бардошт Шўҳратӣ.

Азим ба ў пайравӣ намуд.

– Тўю тамошо шавад, корҳо хорошо шавад!

 

“Гапи хона ба бозор рост наомад!” – гуфтаанд, ки сад дар сад рост будааст. Раққоса ҳамин қадар ки мерақсиду меҷунбонд, мечархиду қош мепаронд, қош мепаронду мечархид, касе як тини зардак намедод. Шўҳратӣ менавохту месуруд. Шод буд, маст буд. Вале дар дил шўру исён дошт. Медид, ки меҳмонон на ба суруди ў гўш медиҳанду на ба раққоса менигаранд. Ҳўшу гўшашон ба рўи миз. Мехўранду менўшанд. Менўшанду мехўранд. Ҳатто байни худ гап намезананд. Мехўранду менўшанд.

– Худоё, инҳо ҳама бандаи шикам будаанд, – гуфт худ ба худ Шўҳратӣ ва дар вуҷудаш шўълаи умед оҳиста-оҳиста хомўш мегашт. Суханони Азим гаштаю баргашта дар гўшҳояш садо медоданд: “…тўйякиҳо ҳама одамони калон, соҳибмансаб, баобру, серпул. Иншоонлоҳ аз сари раққоса пул чун борон меборад”.

– Э, марги худатаму тўйякиҳоят ҳам! – нидо намуд Шўҳратӣ ва хулоса кард, ки ин ҷо ҳама хасисони мумсик ҷамъ омадаанд. Онҳо ба гирифтан одат кардаанд, на ба додан. Гирифтан чӣ осон, додан – оҳ! – чӣ душвор! Гуфтаи як ҳаҷвнигор ба ёдаш омад: «Сабр кунед, хоҳарам. Пул ҷон нест, ки зуд барояд». Охир, Қори Исмат ҳам пул гуфта ҷон дода буд.

«Лабаш – гул, даҳанаш – гул, баданаш – гул…» – мехонд Шўҳратӣ ва аз зиқи қариб, ки мекафид. Абри пушаймонӣ осмони қалбашро мепўшонд. Бояд, ки чора ҷуст. Даҳонаш мехонду майнааш чора меҷўст. Ногаҳон чораи наҷотро дарёфт. Оҳо-ҳо, чӣ чорае! Зуд шеъре бофт. Оҳангашро ҳам эҷод намуд. Ва ба сурудани он шурўъ кард:

Раққосаи мо қашанге,

Рақсоша бин таранге.

Пула дареғ надоред охир,

Дар поҳош намонд ҳанге.

Гумони Шўҳратӣ хато баромад. Мардум ба шўр наомаданд. Қарсак назаданд, ғавғо накарданд. Ҳатто пинакашон вайрон нашуд. Ҳамоно менўшиданду мехўрданд. Чашмони Шўҳратӣ беҷо шуд, рагҳои чаккааш барҷастанд. Як дил кард, ки якбора «шаб ба хайр»-ро хонаду аз тўйдор аламашро ситонад. Вале зуд аз ин раъйяш гашт. Аз ғазаби мардум тарсид. Як бор шалоқ хўрда буд. Моргазида аз чулбурӣ ало метарсад. Ва боз даҳонаш мехонду майнааш чора меҷўст. Боз чора ёфт. Ба раққоса ишора намуд, ки ба назди ҳар як тўяки рафта рақсад ва то пул надиҳанд наравад. Раққоса ишораро фаҳмид ва зуд аз паӣ иҷрояш шуд. Дар рў ба рўӣ як ҷавонмардӣ чор кас медидагӣ қарор мегирифту мерақсид. Ҳай мерақсид, ҳай чашмак мезад, ҳай меҷунбонду тоб медод. Вале аз девор садо буду аз ҷавонмард не.

– Маст шав, бача! – нидо намуд раққоса.

– Ҷунбон, ҷавлон зан! – бадеҳатан гуфт ҷавонмард.

– Аз шумо пул, аз мо ҷавлон!

– Чӣ-ӣ? – қавоқ андохт ҷавонмард ва аз кисааш ҳуҷҷати суп-сурхеро бароварда, ба раққоса нишон дода, нидо намуд:

– ВБ!

Умеди раққоса канду ба назди дигарӣ рафт. Ва дар рў ба рўӣ ў ҳам қарор гирифту рақсид. “Маст шав, бача!” – гўён, ҳай рақсид, ҳай чашмак зад, ҳай ҷунбонду тоб дод. Дар обу арақ тар, аз ҳар тори мўяш арақ мешорид. Вале аз девор садо буду аз ин ҷавонмард ҳам не. Билохира вай ҳам аз кисааш ҳуҷҷати суп-сурхеро бароварда, ба раққоса нишон дод ва бовиқор:

– ВКД! – гуфт.

Умеди раққоса аз ў ҳам канду ба назди дигарӣ рафт. Ва дар рў ба рўӣ ў ҳам қарор гирифту рақсид. “Маст шав, бача!” – гўён, ҳай рақсид, ҳай чашмак зад, ҳай ҷунбонду тоб дод. Дар обу арақ тар, аз ҳар тори мўяш арақ мешорид. Вале аз девор садо буду аз ин ҷавонмард ҳам не. Билохира вай ҳам аз кисааш ҳуҷҷати суп-сурхеро бароварду таги бинии раққоса бурда:

– Служебний! – гуфт.

Чоруми хуҷҷати суп-сурхеро нишон дода:

– Полиси андоз! – гуфт.

Панҷумӣ ҳам ким-чӣ хел ҳуҷҷатеро нишон дода:

– АБВГД! – гуфт.

Шашумӣ хайрият ки хуҷҷат нишон надод. Гуфт, ки пули тоҷики надорад. Пули тоҷики ҳам пул шуд, ки дар киса гирифта гардӣ. Зебӣ киса доллар! Чашмони раққоса барқ заданд. Чархиданаш як бар даҳ афзуд. Вале ҷавонмард даст ба киса набурд. Қисса кўтоҳ, раққоса ба забон омад:

– Ку бидеҳ!

– Долларҳоям калон, ба ту дода наметавонам, – гуфт ҷавонмард.

Ҳафтумӣ ҷавонмарди лоғарандоме, ки либосҳои фақирҳолонае дар тан дошт, табассум карда:

– Оббо! Дар ҳама чо камбағали бечора пул медодааст-да. Пули газ, барқ, хонаву дар, автобусу тролейбуса камбағал медиҳад. Пули раққосаро ҳам камбағал медодааст-да, – гуфту як дона яксомониро ба раққоса дод. Сипас оҳе кашида нидо намуд:

– Э, мурад камбағалӣ!

23 сентябри соли 2000

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …