Главная / Гуногун / Лимону Имон -Ҳикоя

Лимону Имон -Ҳикоя

Ва инак боз як сол сипарӣ мегашт.

Ҳа-а, соли гўсфанд мерафт.

Соли маймун меомад…

– Соли нав мурак шавад-е!

– Э, хош-е!

– Соли наву иқболи нав!

– Э, хош-е!

– О, чаро хош?!

– Э, хап шин-е!

– Охир, барои чӣ?!

limon-1

– Илтимос ба захмҳоям намакоб мапош. Аламҳоямро тоза макун. Э, вой-е! Охир, ҳар дафъа Соли нав шоду ғалхон меомад. Оҳ, чӣ шод мегаштанд одамон! Хурду калон, марду зан, шоҳу гадо, сағиру кабир… қисса кўтоҳ ҳама суруд мехонданд:

Соли нав омад, шоду ғазалхон,

Рақсему бозем онро рафиқон!

– Охир, имсол ҳам соли нав шоду ғазалхон омада истодааст-ку?!

– Бале, рост! Аммо… Вале… Лекин… Э, вой-е! Ғазалҳояш дигар-да! Тамоман дигар! Агар ним нафас сабру тоқат дошта бошӣ, ман онро бе ашк, кўтоҳу калта, хулоса, шаф-шаф нагуфта, шафтолуяшро пешкашат намоям.

– Хайр, чӣ илоҷу чӣ чора?!

– Хўш, ки бошад… Инак… Душанбе. Рўзи душанбе не, шаҳри Душанбе. Мавзеи Гулистон. Замин кафидаву одам рўида. Хурду калон. Марду зан. Кўдаку чўдак. Калу кўр. Лангу шал. Майзада… Гадо… Қисса кўтоҳ, ҳама ба чор сўй равон. Э, равонӣ, чӣ? Дав-давон! Гўиё ки саг сурашон мекарда бошад?! Дар андомашон ташвише нақш баста. Албатта, ташвиши соли нав. Дар ду тарафи роҳ фурўшандаҳо қатор. Менигарӣ – воҳ барам?! – ҳама сокини Душанбе гўиё фурўшанда бошанд?!

Кӣ чизе, ки хоҳад, мефурўшад!

Кӣ чанде, ки хоҳад мефурўшад!

Як ҷавони ботану тўш, қоматбаланд ва чунон бақувват, ки эҳтимол ибораи “кўҳро занад талқон мекунад” дар ҳаққи ў гуфта шуда бошад, лимон мефурўшад.

Ҳа, ҳа лимон!

Дар пешаш як тепача лимон. Шарм надошта, бе ягон ибо дод мезанад:

– Лимонда биё бача!

Ин сў – он сў менигараду боз дод мезанад:

– Гарантияш қатӣ!

Ин сў – он сў менигараду боз дод мезанад:

– Биё бача! Лимони деҳқон! Аз ин рў арзон!

Ин сў – он сў менигараду боз дод мезанад:

– Лимон надорӣ – имон надорӣ!

Яке дар рў ба рўяш меистаду мепурсад:

– Чанд шуд?

Бўзбала бо табассуми хушомадомез зуд посух медиҳад:

– Арзон! Хоки сиёҳ!

Харидор боз мепурсад:

– Арзони хоки сиёҳат чанд, охир?

Бўзбала ҷавоб медиҳад, ки:

– Як сомонӣ!

Харидор бо овози канда-канда мепурсад:

– Як донааш? Як сомонӣ?

– Ҳа, як донааш!

Харидор рост ба чашмони ў нигоҳ карда, абрўи гиреҳ мезанад ва бо қаҳр гўё карда мегўяд:

– Лимон доштаӣ, имон не!

Ва бо нафрат рўй гардонда, ба роҳаш меравад.

Бўзбала гўиё лимонашро газида бошад, рўяш турш мешавад. Оташи ғазабаш аланга мезанад. Ва аз пушти харидор давиданӣ мешавад. То ўро дошта, се-чор мушти обдор фурораду аламашро гирад.

Вале пойҳояш гўиё ба замин мехкўфта. Охир: “Моргазида аз ресмони ало метарсад” – мегўянд. Як бор давида, баргашт, ки лимонҳояш бедому дарак ғайб задааст, “пай ҳасту ҳайдар нест”. Аз ин рў зўраш танҳо ба ҳақорат мерасад:

– Ҳаромӣ!

Ва гўиё дилаш холӣ мешавад. Дар як он боз рўяш чун офтоб рахшон мегардад. Ва боз кўчаро ба сар бардошта, дод мезанад:

– Лимонда биё бача! Гарантияш қатӣ! Лимон не, имон!

– Ин имонат чанд шуд?

– Як сомонӣ!

– Беинсоф!

Дигаре ўро: “Ғоратгар!” – меномад.

Ва бингаред, ки одамони шўх ҳам ёфт мешаванд.

– Чанд?

– Як сомонӣ!

– Ҳамааш?

– Не-е…

– Ҳа, як килояш?

– Не, як донааш!

– Ҳа, арзони хоки сиёҳ!

– Э, рав-е!

Ва ў бо мазоқ хандида-хандида, аз ў дур мешавад. Харидори дигаре дар рў ба рўи ў қарор мегирад. Ва бо мароқ суол мекунад:

– Ширин?

– Чӣ? – намефаҳмад бўзбала.

– Лимон.

– Ҳа, ҳа, ширин! Қанд барин!

Харидор норозиёна ба ў чашм ало мекунад. Бўзбала саросема мегўяд:

– Э, қанд чӣ, асал барин!

Харидор писханд мезанад:

– Гузарондӣ-ку!

– Э, чува? Чӣ хел?

– О, лимон магар ширин мешавад?

– Хайр, чӣ хел мешавад?

Харидор нидо мезанад:

– Турш!

– Не, аз ман ширин!

Харидор бо шиддат гуфт:

– Турш!

Бўзбала ба ғазаб омада, пой ба замин кўфт:

– Ширин!

Баҳсу талош сар шуд:

– Турш!

– Не, ширин!

– Турш!

– Ширин!

– Набошад, бур!

– Бурам? – бўзбала ба ҳайрат меояд. – Чиро?

– Чиро, чиро?! Лимонро!

– Барои чӣ?

– Чашида бинам.

– Мумкин не. Ҳамту гир. Дар хонаат бурида мечашӣ.

– Турш бошад, ба сарам мезанам?

– Пулат, ки нест, нозу нуз мекунӣ.

– Ба пули ман корат набошад!

– Ба лимони ман ҳам кори ту набошад!

Бисёр мепурсанд. Қариб, ки намегиранд. Унтарафтар боз як бўзбала лимон мефурўшад. Ғазали ў дигархелтар аст.

– Биёву гир лимон, аз дунё равӣ беормон!

– Чанд?

Гўиё ки ҳарду маслиҳат карда бошанд:

– Як сомонӣ!

– Эъ, ҳамаатонро бо як танк зер карда, маҷақ кардан лозим!

– Чӣ-ӣ-ӣ?!

Харидор лол мемонад, шах мешавад.

– Чӣ гунг шудӣ муттаҳам!

Дар ҷавоб – хомўшии мутлақ.

– Иш ҳам заду уш ҳам зад, пасмонда – шабуш ҳам зад! – Бўзбала чун танк сўи ў як қадам мемонад. Харидори бечора базўр ҷонашро каҷ мекунад.

Як пиразани қариб, ки дуқад мегўяд:

– Писарам, ба ман ду дона диҳед.

– Ана, ду сомонӣ.

Гўиё ба танаш тир мерасад:

– Оҳ! – нидо дар медиҳад ва асо аз дасташ меафтад. Баъд ба худ омада, зора мекунад:

– Набераам касал, лимон мехоҳад…

Бўзбала сухани ўро қайчӣ мезанад:

– Набераи ман ҳам касал, дар хона…

Мавҷи одамӣ.

Хаста.

Шалпар.

Ғазабнок.

Хашмгин.

Дар таги бинӣ – Соли нав!

Онро бояд истиқбол намуд. Бо дастархони пурнозу неъмат. Бо хушнудӣ. Охир, онро чӣ хеле ки пешвоз гирӣ, тамоми сол ҳамон хел мезиҳӣ.

Кӣ мехоҳад, ки камбағалу ғамгин зиндагӣ кунад?!

Ва боз саду як маъракаву чорабиниҳо!

– Ба мо барои ёлка, даҳ дона лозим, – мегўяд зане, ки ҳамроҳаш писарбачаи ҷингиламўе буд.

– Чаро даҳто? Ҳамаашро гир. Бин, кам мондагӣ.

– Не, ба мо танҳо даҳ дона лозим, – мегўяд писарбача.

– Ҳа, – тасдиқ мекунад зан, ки чеҳрааш чун лимон зард буд. – Якчӣ кам кун, гирем. Савоб мегирӣ.

– Не, намешавад!

– Охир, чаро нашавад?

– Ман арақи ҷабин рехтагӣ!

Чӣ илоҷу чӣ чора!

Зан мехоҳад лимонро ҷудо карда гирад. Аммо бўзбала меғуррад:

– Ҷудо накун! Аз як лаб гир!

Бўзбала аввал пулро ҳисоб карда мегирад ва баъд даҳ дона лимонро ба халтаи селофании зан меандозад. Зану бачаро мавҷи одамӣ ба худ гирифта мебарад. Ва ногоҳ фиғони нозуку ҷарангосӣ. Зан меафтад. Халтаи селофанӣ аз дасташ раҳо мехўрад. Ва лимонҳо таги пои одамон монда, пора-пора мешавад.

Зан бо аламу дард оби дида, оби бинӣ мерезад.

Ва…

Занро касе мебардорад.

– Гиря накун, садқаи сар.

Аз ақл берун, ҳамон бўзбала. Зан мутаҳайир, даҳон воз карда ба ў менигарад.

– Ана, бигир, – бўзбала даҳ дона лимон ба ў медиҳад.

– Пул надорам, – овози зан меларзад.

– Гир, бепул, пул лозим не.

Зан аз тааҷҷуб табассум мекунад.

– Гир, ҳамту бепул, барои савоб, – гўён, занро розӣ мекард бўзбала.

– Худо умратро дароз кунад! – зан лимонҳоро мегирад. – Хока гирӣ, зар гардад!

– Бо Соли нав табрик!

Оҳ, тамом! Эъ, ашкҳоятро пок кун-е! Беҳуда онҳоро аз чашм баровардӣ. Онҳо ба ту лозим мешаванд. Он чӣ гуфтам, набуд. Не, не зану бача буд. Ва лимонҳои пора-пора буданд. Чӣ набуд? Охираш, кори нек, олиҳимматии бўзбала набуд. Ман, ки шоҳиди ин воқеа будам, бисёр мехостам, ки… орзу доштам, ки… оҳ, чӣ хуб мебуд… Бубахш. Тамом? Не, тамом не. Акнун қисми дуюм.

Бозори “зелёный”.

– Бобо лимон чанд шуд?

– Даҳ тин, писарам.

– Қиммат, бобоҷон.

– Хайр, ман гуфтам, боз шумо гўед. О, ман деҳқон, писарам.

– Панҷ тин, бобо. Мешавад?

– Мешавад. Гиред, писарам. Ош шавад!

Ҷавон даҳ дона лимон ҷудо карда мегирад. Ва ба пирамард панҷоҳ тин медиҳад. Пирамард:

– Шукр! Ҳазор шукр! – гўён, пулро аз дасти ҷавон мегирад.

Чӣ? Хобу хаёл? Не, не, инаш хобу хаёл набуд. Афсона ҳам набуд. Орзу ҳам не. Манзараи бозори солҳои “рукуд” буд. Ҳа, оби даҳонат рафт?!

Ана акнун, тамом!

– Тамом? Набошад соли нав мурак шавад-е?!

– Э, хош-е!

Ҳа-а, соли гўсфанд мерафт.

Соли маймун меомад…

Шукр, ҳазорон шукр!

5 декабри соли 1992

5 декабри соли 2003

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …