Главная / Гуногун / Қиёми Қисмат

Қиёми Қисмат

Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд.

Мирзо Бедил

Шаб субҳро хайрбод мегуфт. Субҳ руҷўи дидор дошт. Нафаси тозаи субҳ ҷисми Давлат Раҳматро навозиш мекард. Накҳати орзуро дар фазои дили ў паҳн менамуд. Ҷисмаш гўё гул кардаву қалбаш сурур дошт. Баногоҳ хоби шаб дидааш ба ёдаш зад. Хоби хеле аҷиб. Зимистон ҳанўз ҳукмрон буд. Аммо дарахтон ҳама ғарқи гул. Пиразане андаруни боғ сайр дошт. Ва бо хабарнигоре сўҳбат мекард. «Худои меҳрубони ман, Худои меҳрубони ман… Дирўз ягон муғча набуд. Субҳ хестем ки ҳама дарахтон гул кардааст. Гуфтам ҳоло барвақт, нашукуфед. Гўш надоданд, шукуфтанд. Охир ҳоло сардиҳо дар пеш». Мухбир бо табассум гуфт: «Ҳо, ҳоло дар пеш Ҳут. Ҳут ҳутӣ кунад кампира дар қуттӣ кунад. Ой… ҳушам парешон… мебахшед…» «Ҳеҷ гап не, писарам. Табиатро Худо офаридааст. Ману Шумо зўртар аз Худо нестем. Кори Худо-дия!»

– Боз ба Роғун меравед? – норозиёна гуфт ҳамсараш тез-тез мижа зада.

– Бале! Боз ба Роғун! – хушҳолона нидо намуд Давлат Раҳмат.

Ҳамсараш дилсўзона илова кард:

– Охир Шумо акнун ҷавон нестед: барои ба Роғун рафта омадан қувваю дармон даркор.

Шавҳар бо ғурур ба ў нигарист:

– Хотирҷамъ бош, азизам! Роғун ба ман қувваю дармон мебахшад. Зеро Роғун дар зиндагии ман зиндагӣ дорад! Низ дар зиндагии дигарон! Роғун дар дилҳо оҳанги эҳёи орзуҳоро замзама мекунад. Роғун муҳаббатест, ки зиндагӣ аз он нерў мегирад.

*      *      *

– Бобул?.. Эрка?!

– Оре, ҳамон, – якбора чеҳраашро ифодаи хушҳолӣ гирифт. – Кадом шамол парронд. Чӣ тур шуду ба тарафҳои мо-а?! Аз куҷо донистед, ки ман ба Роғун омадам?

– Сояи Ҳақ бар сари банда бувад, Оқибат ҷўянда ёбанда бувад», – посух дод Давлат Раҳмат ва илова кард: – Ман омадам, ки қаҳрамони навро кашф кунам.

– Набошад хуршеди бахтатон хандид, – гуфт ў ва шакарханде карду гапашро идома дод: – Устод Рўдакӣ пешвои ҳамаи Маҷнунон аст, ки масту шўрида месарояд: «Ба ҷаҳон родмард бисёр аст, Ишқ бар ман ҳамекунад парвоз».

– Ҳо бале, ишқи Роғун бозӣ нест, зўр аст, – шод шуд Давлат Раҳмат ва мисраҳои устод Рўдакиро идома дод: «Дилам чун арзане, ишқи ту кўҳе, Чӣ соӣ пеши кўҳе арзанеро».

– Оваҳ, – бо ифтихор гуфт Бобул, – бе ягон шакку шубҳа ишқи Роғун ҷаҳонгир шуд. Аммо…

– Боз «аммо»-ат чӣ?! Ту бе ҳамин «аммо-памоат» гап зада метавонӣ?

– Метавонам. Чаро натавонам? Гап ҳамин ки аслан маро ишқи Ситора ба Роғун овард.

– Гўш кун, нос-ку намекашӣ?

– Не.

– Сигор чӣ?

– Не.

– Арақ ҳам наменўшӣ?

– Не, наменўшам, – бо табассум посух дод Бобул ва илова намуд: – Дар бригадаи ман ҳеҷ кас чунин хислатҳои бад надорад.

– Бисёр хуб. Ман ҳам на мекашаму на менўшам. Лекин шод шавам хумори носу сигор мегирад, – гуфт Давлат Раҳмат. – Охир беҳуда «Дидори дўст беҳтарин давлат!» нагуфтаанд.

– Ҳақ асту рост! Аз қудуми Шумо басо шодам!

Давлат Раҳмат аз фурсат истифода бурданӣ шуда, дафтарчаро аз ҷайб бароварда, хост чанд калима нависад. Вале ин муяссар нашуд: ҷавони тануманде ҳозир шуда, ба Бобул рўй овард:

– Устод, Шуморо раис ҷеғ мезанад.

Бобул шона боло кашид.

– Бубахшед, маҷбурам сўҳбатро қатъ намоям. Раис беҳуда даъват намекунад. Шумо-ку хафа намешавед?

– Не-е… Чаро хафа мешудаам. Ту дигар сайди ба дом афтода ҳастӣ. Ку, дубора аз он раҳо ёб.

Аз ҷавоби адиб дар чеҳраи Бобул ғунчаи табассум ва қаноатмандӣ гул кард.

– Сайд? Бошад!

Давлат Раҳмат ғарқи хаёл аз паси Бобул менигарист…

*      *      *

Падари Бобул – Шермалик ҳамсояи дарбадевори Давлат Раҳмат буд. Вай дар ширкати «Ширин» мудири анбор кор мекард. Ў зоҳиран одами ором, хоксор ва ҳалим менамуд. Зиндагии хуб дошт. Танҳо як ғам дошту як хислати бад. Ғамаш он буд, соҳиби чор духтар буду писар надошт. Хислати бадаш хасисиву пулғундорӣ. Пулаш ба қавли шиносҳояш ҳисоб надошт. Аммо касе надидаву нашунида буд, ки ба нафаре қарз дода бошад. Касе хоҳиши қарз мекард, Шермалик бо ангўшти ишора сўи бонк ишора мекард ва мегуфт:

– Мана, домулло, пул дар он ҷо пўсида хоб. Раву гир ва сарф кун.

– Пулҳои шумо табарук, бобаракат.

– Домулло, пулҳои ман бекор нестанд! Ҳамвора кор мекунанд! Ко-о-ор!

Ҳамин хислаташ ба бисёр одамон писанд набуд. Онҳоеро ки ноумед карда буд, худро «ҷабрдида» пиндошта ўро бад медиданд. Ва аз роҳе, ки ў мегузашт, қадам намегузоштанд.

Рўзе дар маъракае сухан аз боби пул мерафт, ки «ҷабрдида»-е баҳри қасос лаб кушод:

– Домулло, барои чӣ ин қадар пул ғун медоред?

– Барои он ки пул – қуввати миён ва марҳами ҷон аст!

– Охир ҳеҷ кас умри абад надидааст. Писар надоред, ки ба ў мерос монад.

– Шукр, духтаронам ҳастанд.

– Э заб гап задед-да. Духтар худаш кӣ? Моли мардум, мераванду сари қоқат мемонад.

Шермалик ба ў нигоҳи ҳасратборе андохт.

– Ҳо марди беписар, марди расо нест. Бадтарин ҷазо барои мард беписар будан аст. Худо аз ин рўзи сахт нигоҳ дорад.

Маъракабудагон тасдиқкунон сар меҷунбонданд.

Дами Шермалик дарун афтод. Вай тез-тез мижа мезад. Ва сахт музтариб буд. Хомўшӣ ҳукмраво гашт. Бобои Алӣ хомўширо халалдор намуд.

– Оваҳ, мардҳо чаро бадгўӣ мекунед? Фарзанд доди Худо аст. Ману Шумо зўртар аз Худо нестем.

Чанд нафар баробар «бале-бале» гуфтанд. «Ҷабрдида» нештар зад:

– Ҳа-а, кори Худо-дия!

Пас аз ин ҳама чиз тағир ёфт. Хона пури мўйдарозон. Миёнбаста нест. «Духтар моли мардум…» Дар як они воҳид гўё ғўссаи рўи замин дар ҳавлии ў ғун шуд. Нафасаш тангӣ кард. Гиребон кушод.

– Дар ин хона одами зинда ҳаст ё не?!

Ҳамсараш Мастура давида баромад. Ранги ў сап-сафед канда буд. Ба пурсидан ҷуръат накард.

– Чаро шах шуда мондӣ?! Мурдаи аз тобут афтода барин!

– Чӣ кунам?

– Чӣ кунӣ?! Бача зой!

– Аъ!.. О Худо надиҳад…

– Худо?! Ба умеди Худо ҳастӣ?! – дод зад ў ва зинаи аввали каломи осмонӣ, яъне як талоқро ба забон овард.

– Вой, вой, войе! – фиғон бардошт Мастура ва мўяшро меканду рўяшро мехарошид.

Шермалик аз хона баромада рафт. Ва зани духтар гирифт. Зани наваш ваъда дод, ки ба ў гулписар тўҳфа мекунад. Аммо ба ваъда вафо карда натавонист. Шермалик ба ғазаб омад. Ўро се талоқ дод – ҳама кор тамом. Чанде аз худ бехуд гашт. Сипас ба худ омаду назди ҳамсари якумаш баргашт. Узр пурсид, тавба кард. Ўро никоҳ карда гирифт.

Айём гузарон буд.

Шермалик дарун-дарун ғам мехўрд. Аммо андўҳи хешро рўшод намекард ва намехост ба ҷароҳат нохун занад. Ҳар шаб ба даргоҳи парвардигор муноҷот менамуд, ки раҳмат орад. Вай мўътақид буд, ки рўзе фаро мерасад ва ў соҳиби писар мешавад. Ниҳоят рўзе фаро расид, ки онҳо писардор шуданд. Духтарон аз шодӣ кафкубӣ карданд. Ҳар чор аз саодат ашк рехтанд. Шермалик тўй дод ва номи писарашро Бобул гузошт. Чаро Бобул, муаммо буд. Бобул эрка, рўи даст буд. Нозу нузаш қонун. Ҳар чи ки мегуфт, ҳатман иҷро мешуд. Боре Давлат Раҳмат ба ў гуфт:

– Шермалик, писарата бо дасти худат вайрон мекунӣ. Ин рафторат ба бачаат меҳру шафқат не, душманӣ аст.

– Хуб соддаӣ, маълим. Дуне ба кӣ вафо карда буд, ки ба ману писари ман кунад? Мон, дар ин дунёи дурўза дар сояи давлати падараш чорта кайф кунад…

Бобул гўё андаруни ҷаннат буд. Вақташ хуш. Димоғаш чоқ. Дасташро ба оби хунук намезанад. Бо ҷўраҳояш лақида мегашт. Кораш ҷўз хўрдану пўшидан, ишқварзӣ ва кайфу сафо чизе набуд. Бобул гуноҳро намешинохт. Гўё инсон бозичаи дасти тасодуф аст. Якка ки буд, ба ҳама чиз ҳақ дошт. Ва ин ҳақ ўро маҳкум ба зиндагӣ ва марг карда буд!

Баъд Шермалик ба дигар маҳалла кўчид. Дигар онҳо якдигарро надиданд. Вале то ин дам донистани тақдири минбаъдаи Бобул ўро ором нагузошт. Ва ин вохўрии имрўзаи онҳо ғайричашмдошт ба вуқўъ омад.

– Устодт азиз, хеле интизоратон кардам, бубахшед, – овози Бобул ўро ба худ овард. – Чӣ илоҷ, кор кор аст.

Давлат Раҳмат аз Бобул пурсид, ки чӣ тавр ба Роғун омад.

– Эҳ-ҳа… Ин қиссаест аз «Ҳазору як шаб» дарозтар. Пас аз кор ҳамаашро нақл мекунам.

*      *      *

Бале, ў маҳкум ба нестӣ буд…

Аммо зиндагӣ чӣ гардишҳое надоштааст. Бобул он рўз ҷуръа-ҷуръа май менўшид ва аз истгоҳ, ки рў ба рўи тиреза буд, чашм намеканд. Гўё касеро интизор буд. Ва баногоҳ ўро дид. Аз ҷо боло шуду тозон баромад. Бо чашми харидорӣ духтарро аз назар гузаронд. Дўшиза як қад парид. Аз шарму ҳаё лоларанг гашт. Ба назари Бобул аз бани одам не, паризод намуд: чашмони шаҳло, абрўвони пайваста, рўи кулчамонанди сап-сафед, қомати мавзунаш диду дидаи ўро мафтуну шайдо кард.

– Зебосанамо! Шуморо ман бояд ҳамроҳӣ кунам!

– Ташаккур! Ман ҳамроҳ дорам.

– Канӣ?

– Ана як афтобус одам.

Духтар ба автобус нишасту рафт. Бобул дар истгоҳ моту мабҳут шуд. Тапиши сареъи дилашро эҳсос намуд. Ноошнои хушгил дили ўро тасхир намуда буд. Боз мегўянд, ки ишқ аз диди нахуст ғалат аст.

– Фардо ҳатман ман туро пайдо мекунам, – гуфт ў. – Ваъда медиҳам.

Ва дар умраш бори нахуст шеър хонд:

       Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

       Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро!

Аммо ба ваъдаи худ вафо карда натавонист. Танҳо рўзи чорум духтарро дид.

– Ту маро интизорӣ?

– Не, автобусро.

Бобул дасту по хўрд, ба осмон нигарист.

– Имрўз ҳаво чӣ хуб аст-а?

Духтар худро ношунида вонамуд.

– Биё, шинос шавем.

Духтар ҷиддӣ ба ў посух дод:

– Ба ин ҳоҷат нест.

– Яъне, шинос намешавӣ?

– Бале.

– Шинос мешавӣ.

– Хестӣ, ки хобат.

– Не, мешавӣ!

– Не, овора нашав.

– Ман мегўям – мешавӣ!

– Ман ба ту ҷавоб медиҳам – не!

Чашмони Бобул ҳайратангез аз косахонааш берун шуданд.

– Гўш кун! Ту медонӣ, ман кӣ? Ман Бобул.

– Хайр чӣ?

– Чӣ хел хайр чӣ? Ман туро дўст медорам. Бояд шинос шавем.

– Не.

– Чӣ хел ту «не» мегўӣ-а? Гўш кун, чӣ хел?

«Ин қадар чақа шуд» – аз дил гузаронд ў.

– Ҳамин тавр, одӣ! Не, гуфтам, не!

– Ҳа, гуфтам, ҳа!

– Аҷаб ҷавони лаққӣ будаӣ!..

Бобул аз ҷасорати духтар, ки гўё ба рўяш торсакие зад, тамоман лол монд.

Боз автобус духтарро бурд.

Чӣ духтари ситамгару шайтоне!

Ақлу идркаш боисрор тақозо менамояд, ки духтарро ба ҳоли худ гузорад, аммо дил… не, наметавонад.

Чанд рўз пас духтар ду рухсорааш гулгун гашта, бо ў шинос шуд ва бо софдилию соддалавҳӣ бо ў сўҳбат кард.

– Чӣ сон зебоӣ, Ситора! Чӣ сон муҳаббат саршори лутфу назокат аст!

Ситора самимиву дилрабоёна изҳор намуд:

– Аз шунидани суханҳоят хушнудам. Агар каме сайр мекардем, кори хайр мебуд.

Ҳар қадар, ки ба пеш қадам мемонданд, Бобулро ҳаяҷон бештар пахш мекард, ба чашмонаш бовар намекард: дар бараш Ситора. Худоё, чӣ сон ман ўро дўст медорам. Дар паҳлўяш чӣ қадар хушбахтӣ аст!

– Шояд аз рўзгори худ қисса кунӣ?

Пеши офтобро, ки навакак ба ҳама ҷо нур мепошид, як пора абр пўшонд. Ба дили Бобул бақарорӣ роҳ ёфт. Дар бораи ў бештар донистан мехоҳад. Илтиҷо мекунам, аз боби кору борам чизе мапурс. Ин ҷо гапи дурўғ кор намедиҳад. Воқеан, ў духтари боодоб аст, ба густохӣ ҷуръат намекунад.

– Ба ҷуз номат дигар чизе намедонам.

Бобул безобита шуд ва пурсид:

– Дўст доштанамро чӣ?

– Дўст доштан гап нест, амал аст.

– Боз чӣ бароят аҷиб аст?

– Чӣ ҳунару истеъдод ва касб дорӣ?

– Алҳол дар ягон ҷо хидмат намекунам. Падарам кори хубе ваъда кардааст. Интизорам.

 – Падарат?

– Ҳо, бале. Падарам пулдор аст.

Ба назараш расид, ки посухаш Ситораро музтар сохт.

Чун Ситора ба ҳаёти воқеии Бобул шинос гардид, хавфу хавотирие ба дилаш роҳ ёфт. Баногоҳ ба тарсу ҳарос афтод. Аз пешомади нохуш дилаш таҳ кашид.

Боре Бобул ўро оҷилан даъват намуд. Ҳаво абр буд. Офтоб наметофт. Рўи Ситора афсурдаҳол метофт. Аз он зиндадилию мафтунсозиаш заррае ному нишон набуд. Сард, бидуни эҳсосот бо Бобул вохўрд. Нигоҳе ба ҳам карданду сокит монданд. Ситора ба худ омад, нигоҳаш музтар буд.

– Нагуфтӣ аз ман чӣ мехоҳӣ?

– Ҳамсари ман бишав.

Ситора дигар тоқат наёвард. Аз ҷо по шуд ва гуфт:

– Ҳеҷ медонӣ, ки корат хароб аст?

Рўи Бобул турш гашт.

– Чӣ зуд бадат меояд! Магар дурўғ мегўям?

Дами Бобул ба дарун зад. Хеле хомўш монд. Аммо ҳазору як андеша дар сар дошт.

– Бузургон гуфтаанд: «Зани неку фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо».

– Аҷиб-ку?!

– Ҳеҷ ҷои аҷибӣ надорад.

– Дорад. Ту дарвеш не, подшоҳи аз худ рафтаӣ.

Бобул ранҷид. Духтар ғайб зад.

Ў қарор дод, ки сабр мекунад. Вай худаш ёд мекунад ва… Аммо «ва» нашуд. Баракс шуд. Ва худаш ёд кард. Ва худаш беқарор гашт. Сайри кўчаҳо кард, то вақт ноаён бигзарад. Дар қаҳвахонаи «Шарқ» хўроки нисфирўзӣ хўрд, се қадаҳ бардошт. Пешхизмат гуфт:

– Тоқ хосият надорад.

Боз як қадаҳ бардошт.

Пешхизмат гуфт:

– Ҳаво вайрон аст.

Ҳангоми рафтан Бобул луқма партофт:

– Ман Маҷнунам.

Пешхизмат аз ақибаш хандид.

Ногаҳон ба қароре омад, ки ба хонаи Ситора меравад. Рафт. Аммо он ҷо касе набуд. Ба ў гуфтанд, ки аҳли оила ба кадои маъракае рафтанд. Вай гўё аз банди хобу хаёл раҳоӣ ёфт. Зеро ба хонаи Ситора омадан ҳеҷ ба тарозуи ақлу идрок рост намеомад.

Як рўз гузашт ва тўли он ба ҷуз фикру хаёли Ситора дигар чизе набуд. Рўзи дигар аз изтиробу ҳаяҷон сару калобааш гум гашта, худро ба даст гирифта наметавонист.

Акнун ба Ситора дуне ба назараш холӣ тофт.

Рўзи дигар ҷавоне ба ў лифофаеро дод.

– Аз кист?

– Аз Ситора.

– Аз Ситора? – ба ҳаяҷон омад ў ва саросема лифофаро кушода, мактубро хонд: «Салом, Бобул! Маро дигар суроғ накун! Алвидоъ!» Алвидоъ? Чаро? Ин хел шуданаш мумкин нест! Кӣ дод?

– Худаш.

– Бовар намекунам!

– Ихтиёр дорӣ.

– Боз ягон чӣ гуфт?

– Гуфт.

– Чӣ?

– Гуфт, ки аз ин шаҳр баромада меравам.

– Ба куҷо? Нагуфт?

– Ба ким-кадом сохтмони бузурги аср.

Моҳи нав дар гўшаи бом гўё ба ў панд медод:

«…Ишқ ҳастӣ,

Ишқ мастӣ,

Ишқ пайғом аст…

Мепарад чашми дилам.., сабри хуморам ман,

Ишқ – инъоми худоро – интизорам ман!»[1]

– Парвардигоро, – аз қаъри дилаш овоз баромад, – ман ба ту чӣ бадӣ карда будам, ки ин қадар озорам медиҳӣ?

Андўҳ хурўҷ меҷуст.

Ашки бечорагиву ноумедӣ аз аз чашмонаш шаш қатор рехт. Бале, ў гирист, зеро наҷот меҷуст. Оҳ мекашиду мегирист. Мегиристу оҳ мекашид.

Зиндагӣ.

                Ҳақиқат.

                                Ишқ.

                                          Будан.

                                                       Набудан…

Дар оғўши шаби сияҳ, шабе, ки насибахўри рўзи орзуҳо буд, наҷот меҷуст.

Дилаш чунон танг шуда буд, ки наздик буд гиребони худашро чок бикунад. Осмон абрӣ буд. Садои раъд омад. Барқ ҳам заду борон ҳам борид.

Дўстон дар қаҳвахонаи «Ҷоми Ҷам» вохўрданд.

– Хуш, чӣ хабари тоза? – зуд пурсид Бобул.

– Хабари тоза нест, – ҷавоб дод Зоғ. – Бо чанд шинос тамос гирифтам. Даму дуде нест.

Чеҳраи Бобул тира гашт. Шаробро як ҷуръа кард. Ба Зоғ бо маломат назар андохт:

– Ту Зоғ-да.

Дўсташ ҳамдардона ба ў нигарист.

Ба ногоҳ Бобул эҳсос кард, ки касе ба ў менигарад. Хато накард. Духтаре аз ў чашм намеканд. Нигоҳаш ҳарисона буд, ўро хўрам мегуфт. Таваҷҷўҳаш ҷалб шуд. Ва ба танаш гармии гуворое давид.

– Ҳароратат баланд, хеле баланд, – гуфт духтар бо ишваю ноз.

Бобул чашм ба ў дўхта дам ба дарун буд.

– Мехоҳӣ пасташ кунам?

Бобул дасти ўро гирифта ба лаб бурду бўсид. Дасти духтар хунук ва арақолуд буд. Бадаш расиду онро раҳо кард. Чашм дар чашми духтар дўхт. Дар дидагонаш на шарм буд ва на ҳаё. Сараш гиҷ рафт ва дилаш ошўб зад. Шаҳвате, ки навакак Бобулро фаро мегирифт, барҳам хўрд.

– Нафсатро чунон қонеъ созам, ки як умр фаромўш накунӣ.

Дар меҳроби дили Бобул дарди сўзоне зоҳир гашт.

– Кани дафъ шав! Э дафъ шав, ҳаромӣ!

Бобул асабиёна қулт-қулт арақ нўшид. Ва оҳи вазнину пурдард кашид.

– Чӣ шуд? – пурсид Зоғ.

Вай каф ба сари сина монд ва гуфт:

– Дард мекунад.

– Дили набуда чӣ хел дард мекунад, – тамасхур кард Зоғ.

Бобул тарафи ў чашм ало кард.

– Зоғ, ту аблаҳӣ! Дилам не, рўхам дард мекунад.

– Хайр, биё асабонӣ нашав, дўстам, – аз сухани бевақеи худ афсўс хўрда гуфт Зоғ ва лаб фурў басту сукут ихтиёр намуд.

– Бало занад! Девона шудан мумкин!

Зоғ дид, ки дар чашмони дўсташ оташи ғазаб барқ зад. Ҳисси нафрат вуҷуди ўро фаро гирифт.

– Айби падараш. Бо ў чӣ кор кардан лозим? – Бобул мушташро гиреҳ кард. – Падарашро кўбидан лозим. Ин ягона роҳ аст. Ҳа, зудтар бояд кўбид. Вагарна дер мешавад. Ёрӣ медиҳӣ?

– Нафаҳмидам.

– Якҷоя мекўбем ўро.

Зоғ изтиробзада ба Бобул зеҳн монд.

– Э не-е, не. Ин таклифи хом. Чаро оқил кунад коре, ки пеш орад пушаймонӣ.

Бобул аз раъяш гашт – ҳақ ба ҷониби Зоғ буд.

– Пас, гўй, чӣ кор кунам?

– Сабр, – посух дод Зоғ. – Сабру бурдборӣ кунӣ, аз ғўра ҳалво мепазад.

Бобул оҳи вазнин кашид.

– Яъне интизорӣ кашам? То кай?

Хандаи Зоғ омад.

– Ба хаёлат, ман фолбинаму пешгўӣ карда метавонам?

– Пас, кӣ метавонад бигўяд?

– Кӣ? Ба фикрам фолбин.

«Фолбин, фолбин» – дар дил ба такрор гуфт ў ва назди фолбине бирафт. Фолбин номӣ буд. Вай на танҳо фол медид, балки табобат ҳам мекард. Аввалин ҳарфе ки шунид, ин буд: «Беҳуда умри азизата дар кўча гузарондаӣ!»

Дар чашмони Бобул оташаки тааҷҷуб барқ зад. Нигоҳи тези фолбин барқосо буд.

– Зери коса нимкосае ҳаст. Ситораат дур аст, хеле дур…

– Чӣ қадар аст?

– Чӣ?

– Масофа.

– Масофа? Қариб сад километр аст. Лекин роҳ чун кафи даст тахту ҳамвор аст. Он ҷо кўҳу ғор бисёр аст. Мардум ҳам бешумор. Бирав, миёни мардум шав. «Мангар, ки чӣ мегўяд, бингар, ки кӣ мегўяд!» Ситораатро ҳамон пайдо хоҳӣ кард.

*      *      *

Шаби ғализе, на моҳ буд на ситора. Хомўшии фавқулода ҳукм меронд. Шамъ ором месўхт. Парвонае набуд, ки гирдаш чарх бизанад. Бобул ҳар сў назар андохт. Як қадаҳ нўшид. Сар ба сукут рафт. Ноаён ғанабаш бурд

«Ба ким-кадом сохтмони бузурги аср».

Баногаҳ чашмаш калон кушода шуд. Вай ба ҳаяҷон омад: «О-во-оз?! Худоё, аз куҷо – ин овоз?»

Хост сохтмонҳои бузурги асрро ба ёд биёрад. Натавонист. Майна об кард. Не, нашуд. Калааш гўё холӣ буд. Ноумед гашт. Дилаш дар замин зад. Авзояш беҷо шуд. Баъд хоб ғалаба кард. Ўро сиёҳӣ пахш кард. Ким-чиҳо гуфта нолид. Ҳарза гуфт!..

Сапеда, ки зад, аз ҷо баланд шуд. Сараш гиҷ, даҳонаш талх. Ба ташнов рафт. Обро сар дод. Як зум ба садои шар-шари об гўш дод. Дасту сураташро шуст. Хунукии об ҳолашро каме ҷо овард. Дилаш аз гуруснагӣ молиш мерафт. Айби шароб, ҳамаашро ҳал кардааст. Модар ўро сари дастурхон хонд. Падар паи кор рафта буд.

– Модар, чанд сохтмони бузурги аср аст.

– Чӣ? Шаб хоб дидӣ магар? Сохтмонҳо бисёранд. Кадомаш ба ту лозим?

– Аз ҳама бузургаш.

– Аз ҳама бузургаш Нерўгоҳи барқи обии Роғун аст.

Ва ногаҳ оташи ғурур дар дилаш забона зад. Далер гашт ва якбора ба забон овард:

– Ман ба Роғун меравам.

Модар бо диққат ба ў нигаристу гуфт:

– Ба Роғун одамони багурда мераванд.

Ин сухани модар дар ниҳодаш ба чизе озурда зад, дард ба бор овард, танаш тафс кард. Ва ангор гунаҳгор буд, ки даступоча шуд.

– Оё… ман… ман… тарсу ҳастам?

– Ту худ мегуфтӣ, ки сохтмонро чашми дидан надорӣ!.. Агар бинӣ фишорат баланд мешавад!

*      *      *

Он рўзҳо Роғун тоза нуфуз дошта ва дар он намояндагони халқҳои гуногун ба ҳам омехта буданд. Ва Бобул роҳгум зад.

– Ў сағира, исто!

Бобул садоро эҳсос нанамуд ва ҳамчунон роҳ мепаймуд.

– Эй! Ба ту мегўям, исто! Карай, сағира!

Ҳеҷ вокунише ба вуқўъ наомад. Чанд нафар ҷавонони либоси низомипўш сади роҳаш шуданд. Вай афсаронро диду аз шиддати таҳаюр як қад парид. Ва лолу ҳайрон монд. Аҷиб! Хеле аҷиб! Ин лаҳза ҷавонмарди қадбаланди ба танутуш падид омад. Аз қазо, падидор буд, ки ў сардор аст. Ноошно ниҳоят олуфта буд ва бо кибр роҳ мерафт. Вай бо ғазаб Бобулро истиқбол намуд.

– Ин гунҷишк чӣ чиқ-чиқ дорад?!

Бобул изтиробзада ба ў зеҳн монд. Ба сари ў боз таҳдид фурў рехт.

– Ман гунҷишк не

– Пиқ-пиқ накун!

– Пиқ-пиқ не, сухан мекунам.

– Ту аз кадом кўҳ ҷар шудӣ?!

– Ман аз кўҳ не, аз шаҳри бузург омадам.

– Оҳо, кунаш лучу нўлаш дар ҳаво.

Таҳқир ҷону ҷигари Бобулро сўзонд.

– Ту худат кистӣ, ки ба сари ман арбада мекунӣ?

– Ту кистӣ ва дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

Бобул ба хашм омад.

– Тоҷикам.

Садои заифи ханда омад. Ҷавонмард ба Бобул нигоҳҳои нобоварӣ мекард.

– Ҳуҷҷат дорӣ.

Бобул бо хотири ранҷур посух дод:

– Кӣ дар ватани худаш бо ҳуҷҷат мегардад.

Ҷавонмард ба вай бад-бад нигарист.

– Ман пайғамбар не. Эҳтимол ту ҷосус бошӣ.

Ин сухани ҷавонмард ба зеҳни Бобул тамоман нафорид.

– Албатта, ман разведчик ҳастам.

– Дар ин ҷо чӣ мекобӣ?

– Ситора.

– Чӣӣӣ!!! Ситора? – ҷавонмард худро бохта ҳиқ-ҳиқ хандид. – Ўй, сағира! Ситора дар осмон аст.

– Ситораи ман дар Роғун аст.

– Шаф-шаф нагуфта, якбора «шафтолу» гўйӣ, мемўрӣ?!

– Ситора духтари дўстдоштаам. Чанде пеш ба Роғун гурехта омадааст.

Ҷавонмард табассум кард.

– Ҷиддӣ?

Сар ҷунбонд.

– Девона!

Ҷавонмард сарашро хорид ва ришханд кард. «Э соддае» – аз дил гузаронд ў. Зан ки гурехт, тамом вассалом. Касе ба додат расида наметавонад. Аммо ў худдорӣ кард, нахост умеди Бобулро нобуд созад.

– Номат чӣ?

– Бобул.

– Ай, гўш кун, Бобул, ин номи булаҷабро ба ту кӣ монд? Дар тоҷикӣ ҳамин хел ном ҳаст?

– Ин зайл ном вуҷуд надорад. Ман ягона. Ин исмро ба ман падарам дод.

Бобул суханашро қатъ намуд.

– Ўро ба шўъбаи кадрҳо баред.

Афсар фармони сардорро иҷро кард.

– Хидмат, бародар? – мудири шўъбаи кадрҳо ба ў нигарист.

Бобул нигоҳе ба ў карду сокит монд.

– Аз ман чӣ мехоҳӣ?

– Ёрӣ.

– Чӣ ёрие?

Бобул матлабашро ба забон овард ва ному насаби дўстдоштаашро гуфт. Мудири шўъба бо лабханд гуфт ки чунин одам нест. Бояд бигўям, ки занҳо дар ин ҷо ангуштшуморанд. Ман ҳамаашонро мешиносам. Бобул хоҳиш намуд, ки як бор рўихатро бинад.

– Гуфтам-ку, нест

Аъсоби Бобул таранг шуд.

– Охир як бор бинед!

Мудири шўъба аз ғаладони миз рўихатро баровард. Бобул ноҳинҷорона дар ҷояш пой мекўфт.

– Нест!

Ин «Нест!» чун сўзан ба танаш халид. Ба ў зеҳн монд ва ҳолаш музтариб гашт. Бо худ андешид: «Маро гул мезанад!» сараш гиҷ рафт ва дилаш ошўб шуд. Чашмҳояшро ба ҳам заду хашмгин гуфт:

– Дурўғ!

– Нафрини аҳли олам бирезад бар сари дурўғ!

– Бовар намекунам!

– Бовар намекунӣ?

– Неъ!

– «Неъ!» бошад аз дар баро!

Бобул сўи ў бо чашмони моломоли ғазаб ва нафрат нигарист ва хашмгинтар аз пеш дод зад:

– Бо ман бозӣ мекунед!

– Бо ту бозӣ мекунам? – пурсид мудири шўъбаи кадрҳо ва ба қадре хандид, ки ашк аз чашмонаш сарозер шуд ва худи Бобул низ ба ханда афтод.

– Чӣ механдӣ?!

Вай китф дар ҳам кашид.

Мудири шўъбаи кадрҳо Бобулро берун оварду лоқайд бо ангўшти ишора як ба кўҳҳои атроф ва як ба ғоре ишора кард ва гуфт:

– Мана,  Маҷнун, ҳамааш дар ихтиёрат, раву ков!

*      *      *

Яккаву танҳо рў ба рўи дунёи Роғун қарор гирифт. Навмедӣ ва нокомӣ ўро ба коми худ кашид. Чанд муддат дасту по гум кард. Парастуе дар осмон пар заду ўро ба худ овард. Замин ҷон гирифта, лолаву гулу себарга ба домон гирифта буд. Бобул дар вуҷуди худ эҳтиёҷеро эҳсос намуд. Эҳтиёҷи вориди ҳақиқат шудан ва онро дарк намудан. Он ҳама иллатеро, ки кохи умедашро вайрон месозад, дур андохт. Ва ба дунёи рангину асроромези Роғун ворид гардид. Бунёди Роғун шакли мусбати кор аст, ки ба беҳтарин ваҷҳ анҷом мепазирад, як нав тавҷеҳ ва таваллуд аст. Сохтмон як чизи мунзавӣ ва ҷудогона нест, бархўрди як ҷомеа аст. Аз ин рў мардумро барои мақсади муштарак ба гирди ҳам овардааст. Он чӣ ки ягонагӣ меофарад, нарўмандтар аст. Ҳама чиз дар ин ҷо ҷўр мешавад ва ба ваҳдат мерасад.

Дар ҳама ҷо фазо бепоён аст, аммо бунёдкорон сода ва табиӣ мебошанд. Вале азмашон қавӣ, дар кор бисёр мўшикоф, диққату ростгўии комил нишон медиҳанд. Аз ин рў аз миёни ҷазр гузашта, ба партави хуршед меомезанд.

Ҳар чи бештар ҷилав мерафт, ин эҳсос тундтар мешуд. Афкори мусбату манфӣ ба ҳам мепечид. Кашокаши дарҳампечидагӣ ба вуқўъ меомад. Дар ин кашокаш зидду нақиз пайваста падидор мегардид. Ва ба ҳузни дил ҳузни дигар меафзуд. Бори танҳоиву навмедиро вазнинтар менамуд.

Ҷое ў табдил ба ҳашара мешавад. Ва мепарад як сў ба сўи дигар. Менишинад сари ҳар яке. Вале онҳоро парвое нест. Касе бо ў ҷўшиш намекунад ва намедонистанд ў кист, аз куҷо омадааст ва чӣ мехоҳад. Ва садо мезанад. Паи ҳам чанд бор. Касе аз онҳо рў ба ў намекунанд. Ин бепарвои ўро бештар бедасту по кард. Ва ба оғўши ранҷу дард афканд. Вай хорӣ ҳис кард. Ва нолид. Нолиду ба худ омад.

Бобул эҳсос кард, ки ҳаргиз ба охири сохтмон нахоҳад расид. Онро чун ишқ дарёфт, ки «оғоз дораду анҷом не». Аммо расид. Он дам ки нигоҳаш ба даромадгоҳи нақб мехўрад, овози тундар замину замонро дар ларза мекунад. Ва ў аз тарс вориди нақб гашту худр дар толори мошинҳо дид. Ин ҷо басо салқин ва ғарқ дар нур буд. Нахуст ўро ба дасти ваҳшат ва изтироб супорид. Нохост ҳама ҷо сиёҳ шуд. Ин сиёҳӣ ҳамаро аз пеши чашмаш дур кард. Чароғҳоро ҳам дар худ фурў бурд. Саросема чашм пўшид. Лаҳзае пас оҳиста чашм боз кард. Ингор аз хоби хуше бедор шуд. Ва андешид: «Аҷаб ҷое! Гўри бузург!» Ва боз: «Чӣ қадар тақу туқ мекунанд!» Зери ин садоҳо гирумони одамон часпону бо низом ва дилнишин ба нигоҳ меомад.

Ин лаҳза сардии фораме бар танаш раҳ овард. Ва дарзамон хастагии бегонаеро, ки ба ҷисму ҷонаш ворид гашта буд, берун овард. Дар оғўши роҳати ширин толор шабеҳи олами хоб ҷилва намуд. Ва ў дар дунёе бирафт, ки миёни хобу бедорӣ аст.

– Ба ҳайрат афтодӣ?

Аз ин садои шодиолуд як қад парида, ба худ омад. Ва пирамардеро дид, ки рўю мўйи сап-сафед дошт. Рўяш пур аз ожангҳои жарфу дароз буд.

– Ба чашмони худ бовар надорӣ? – пирамард ба рўи ў нигоҳ дўхта табассум кард. Табассумаш софу беғубор буд, аз дили равшану хотири ҷамъаш дарак мебурд.

Бале, шубҳа дорам. Охир чунин мўъҷизаро бори нахуст мебинам. Чӣ тур бовар кунам? Аммо садо аз миёни ду лабаш дар наёмад.

– Ин нақб асолат дорад. Воқеӣ аст. Хаёливу рўёӣ нест. Ва ман низ. Ман аз ҳама пирҳо пиртарам! Бале, бале ҳамин тавр аст!

Вай ин гуфтаро як ҷўр хаёлбофии густохона тасаввур кард, ки аз мағзи нохуше таровиш кардааст. Аз он пас ин хаёлбофӣ мақоми муҳимеро ба худ гирифт. Бўйи ноошнову бегона ба машомаш расид. Бини кашид ва беҷуратона пурсид:

– Ин чӣ бўй аст?

– Бўйи Замин-Модар аст!

– Замин-Модар?

Пирамард муоширатро азиз медонад. Аз ин рў дилаш тақозо мекард, бо ҷавон ду даҳон гап занад.

– Маълум ки шаҳрӣ ҳастӣ?

Бобул ҳавсалаи рози дили зор ифшо кардан надошт.

– Ихтиёрат, нагў.

Бобул оҳи бадарде кашид:

– Хотироти ман кирои гап надорад.

– Ман дар деҳ ба дуне омадам. Дабистонро хатм кардам. Шаҳр рафтам, ки ба дорулфунун дохил шавам. Ғалтидам ва боз гаштам. Хонадор шудам… Имрўз басо хушбахтам. Бале, бале барои он ки дар симои ту ҷавонии худро дидам.

– Магар пушаймонед?

– На ҳоло, на фардо, на ҳеҷ вақт. Зеро фикри беҳуда зистан ҳаргиз дар сарам чарх назадааст. Аслан фурсат надоштам, ки доир ба маънои ҳаёт фикр давонам. Аз субҳ то шом барои ободии ватан заҳмат кашидаам. Анна имрўз бошад биҳишт месозем.

– Биҳишт?!

– Бале, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест. Мо барои зиндагӣ дар биҳишт офарида шуда будем. Аммо бо гуноҳи худ ронда шудем. Кунун лозим меояд, ки онро дар замин бисозем. Ман аз ҳама пирҳо пиртарам. Аммо орзуҳои зиёде дорам.

Бале, ў пир буд. Аз пирҳо ҳам пиртар. Аммо сар то ба по пур аз умед, пур аз ҷасорат. Чашмонаш равшан, монанди ҳавои як рўзи офтобии баҳор. Дастонаш қавӣ. Дар симои пирамард тамоми дунё таҷассум ёфту ўро ҳамчун ростгўи комил ба ҷилва овард. То кунун эҳсоси ҳақиқат бо ин ҳама нерў баён нашуда буд. Суханони сода ва табиӣ пирамард гиребонгираш бигашт. Ҳамин ибҳом сабаби таъбир ва тафсири фаровон гардид. Ва ў гўё ногаҳон аз ҳолати нимахобу нимкарахтӣ ба худ омад. Эҳсосоти олиаш бедор шуду тафаккурашро ба таҳрик овард. Ва дарёфт, ки зиндагии маънавӣ бар зиндагии ҷисмонӣ ғолиб омада, сабаби такомули бепоён гашта. Ва роҳати ширин зода.

Бе он ки калимае ба забон биронад, хулоса мекунад, ки сарнавишти аблаҳонае доштааст. Дунёи дурўғу тазвир ва масхараро бояд хароб кард ва рўи вайронааш дунёи наве сохт. То бишавад дар он зиндагии обрўмандона кард.

Бобул эҳсос кард, ки сараш гиҷ меравад. Танаш тафс кард, ангор бо гуноҳе ба даст афтода буд, ки дар арақи сард ғарқ шуд. Нишасту чашмонашро сахт пўшид ва сарашро бо ду даст дошт.

– Чӣ гап шуд?

Садои пирамард ўро ба худ овард. Дар зеҳнаш дунболи каломи муносибе мегашт, аммо намеёфт. Ошуфтагӣ ва изтиробаш комилан табиӣ буд. Пирамард нотавонии ўро дарёфт ва ин шеърро замзама кард: «Ба сабр кўш ту, эй дил, ки ҳақ раҳо накунад, Чунин азиз нигине ба дасти Аҳримане».

Пирамард эҳсос намуд, ки шеър ба Бобул қуввати қалб бидод. Ва лабханде заду хонд: «Коре кунем, варна хиҷолат бароварем, Рўзе, рахти ҷон ба ҷаҳони дигар кашем».

Бобул ба густохӣ ҷуръат намуд:

– Шумо аз марг наметарсед?

Пирамард лабханд кард – на, ҳаргиз.

– Наметарсед? – тааҷҷуб намуд Бобул. – Чаро?

– Зеро он вуҷуд надорад. Бале, бале! Маргро гушнаҳо бофтаанд. Он чи марг меномем, лузуми такомули бепоёни мост. Оё медонӣ файласуфи Чини бостон Лаотсӣ чӣ гуфтааст?

Бобул чизе нагуфт, лабонаш ғунча шуд, пиндор касеро бўса карданӣ буд.

– «На зодан оғози зиндагист, на мурдан анҷоми он».

Ҷисми Бобул сардӣ кашид. Ҳолаш музтариб гашт.

– Узр, ман суоли ноҷо додам. Бубахшед маро.

Пирамард узри ўро бо табассум пазируфт:

– Худо ёр аст, мурод ҳосил хоҳад шуд.

Ниҳоят Бобул қаноатманд чуқур ва ҳарисона ҳаворо, ки гўё охирин нафас буд, фурў кашид. Дилаш равшан шуд, зиндагӣ ба назараш ширин намуд.

Бобул дар қади умраш бори аввал чунин ҷўшу хурўши ҳаёт ва иззату эҳтиромро медид. Дар маҳаллае ки ў ба воя расидааст ҳеҷ кас чунин муомила намекунад. Ист не, биист не, на салому алейк-ку эҳтироми одам. Бале, Роғун ва роғуниён дили ўро тасхир намуда буд. Ва Бобул ғайри одаташ мехост худро дар туғёни ин гирдоб андозад ва болои амвоҷаш савор шавад. Шояд дубора дар ин роҳ Ситораашро дучор ояд. Муддати мадид дастонашро молиш дод. Вай дил мекард, ки ба пирамард рўй орад, вале намеёрист. Оқибат ҷасорат пайдо карда гуфт:

– Агар аз Шумо илтимос кунам, ки маро ба шогирдӣ қабул кунед, розӣ мешавед?

– Як қадам, ки бардоштӣ, бояд қадамҳои дигарро ҳам бардорӣ. Аммо боваста ба он аст, ки аз дастат чӣ меояд.

– Аз дасти ман майпарастиву авбошӣ, ишқварзӣ ва кайфу сафо меояд

– Наход? – пирамард таънаомез ба ў нигарист, аммо зуд рағбати самимона зоҳир карда, эҳсосашро пинҳон дошт. – Олиҷаноб. Ман туро ба шогирдӣ қабул мекунам.

Аз таҳаюр даҳони Бобул воз шуд.

– Қабул мекунам, – такрор кард пирамард.

Бобул ба гўшҳои худаш бовар намекард. Дилаш сахт ба таппиш даромад. Ҳатто сараш чарх зад.

– Шумо… Маро… Маро қабул мекунед? Барои чӣ? Чаро?

– Аз ту бўи зиндагӣ меояд.

Ва ногаҳон Бобул эҳсос кард, ки ангор ситорае дар рўҳаш оташак зад.

*      *      *

Дарахти себ бузург буд ва рўи як пой сояву гулафшонӣ мекард. Паррандаҳо маҷлис ороста буданд. Гули себ ба чашм зебо бўяш ба дил ошно.

– Кӣ шинонда бошад? – пусид Давлат Раҳмат.

– Худрўй аст, – посух дод Бобул.

– Монанд не. Худрўй бузург намешавад.

– Ман онро парвариш намудам. Бубинед, ки гулҳом себ чӣ қадар зебоянд ва нерўе дорад, ки метавонад дар як он садҳо дилро асири зебоийи худ созад. Роғун ҳам нерўе дорад, чизҳои зиштро ба меҳри зебо мубаддал гардонда, ба одамон медиҳад. Ва монанди гулҳои себ дилҳоро пур аз шодӣ мекунад.

Бобул тавонист аз зери юғи дунёи пуч берун биёяд ва ба Роғун бипайвандад. Нерўи офаринандаи Роғун тамоми ҳастиашро роҳнамоӣ мекунад. Ба дўстонаш бигуфт: «Шумо ҳама бо ман бегона ҳастед! Боқии зиндагиамро барои ба чанг овардани чизҳои аз даста рафта мегузаронам».

Бобул шодмон ва саодатман буд.

Мўи қиргшунаш аз дами бод ҷамъу парешон мешуд.

– Ҳангоми ғуруб фалак ба изтироб меояд.

Ба сурхидани офтоб менигараму беихтиёр мегўям:

– «Бар мазҳаби аҳли осмон аст гувоҳ, Хуршед, ки сўи қибла дар таъзим аст».[2]

Рухсораҳо сурхча менамуданд. Чашмҳо медурахшиданд.

– Бобул!

– Ҳа?!

– Пайдо нашуд?

– Кӣ?

– Ситора.

– Не.

– Нағз накофтӣ!

– Кофтан бефоида. Ҳар рўз дар домани поки Роғун намози ишқ мехонам. Акнун ҳама умедам ба Шумо. Нависед. Шояд бихонад… Менависед?

– Ҳатман. Аҳ зиқ нашав, ноумед шайтон. «Дар навмедӣ басе уме даст, Поёни шаби сияҳ сафед аст». Мутмаинам Ситораатро меёбӣ.

– Оре, мехоҳам ҳар кас ситораи худро молик бошад!

4 апрели соли 2010

[1] Аз Гулрухсор

[2] Аз Озар

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …