Главная / Гуногун / КӢ ТАГИ ПОИ, КӢ?!

КӢ ТАГИ ПОИ, КӢ?!

– Чӣ-ӣ? Чӣ гуфтӣ?! Занҳо беҳуқуқ?! Хору зор?! Таги по?! Эъ, вой-е! Не, инсоф – пинсоф нест дар ин дунё! Агар мешуд, ин гапҳоро намезадӣ!.. Эъ, не-е, тоқатам тоқ шуд! Чӣ, чӣ? Ҷои баҳс нест? Занҳо таги по?

Дурўғ! Сафсата! Неъ! Неъ-еъ-ъ!!!

Ой, ман дар куҷо?.. Паҳ-паҳ!.. Ин бўи чӣ?.. Бўи спирт-ку-а? Дар ресторан бошам? Не-е! Дар ресторан арақ бўй надорад-у! Чӣ? Дар куҷо, дар куҷо? Дар беморхона? Не, эъ, шўхӣ накунед! Наход? Барои чӣ? Ҷарроҳӣ кардед? Барои чӣ?

Лаббай? Рўдаам печида буд? На-хо-од? Исто, ки овозат шинос барин. Ҳа, ту Исо, писари Мўсо нестӣ магар? Хайрият-э, шукр, шукр, ҳазор бор шукр, худоро шукр, ки ба дасти ту афтидам. О, ҷону ҷигаре! Ба дасти дигаре меафтидам, ҷо ба ҷо мемурдам. Медонам, ки кори ту бенуқс. Оҳ, шод шудам. Бовар кун, кўдак барин шод шудам.

karete

Дарвоқеъ, медонӣ барои чӣ рўдаам печид? Не? Ҳай-ҳай! Ҷарроҳӣ кардиву аз таги гап бехабар мондӣ-а? Эъ, ҷону ҷигаре! Чҳ?! Пари қў барин вазнин шав. Ҳа, андак тоқат кун: “то раъд нағурад – барқ чароғак назанад” – гуфтаанд. Эъ, сабил монад ин забони сурх! Беҳуда: “Аз мард то зан – як ваҷаб!” – намегуфтаанд. Аз мардҳо сар карду ба занҳо часпид. Эъ, вой-е! Ана дидед, ҳатто дар бораи занҳо гап занед, рўдаи мардҳо мепечад. А? Чӣ гуфтӣ? Дар бораи занҳо гап назанам? Эъ, вой-е, гап назан мегўяд-е! О, гап назанам дилам месўзад, гап занам забонам. Хайр, шукр. Барои чӣ? О, бахтам хандид. Ман дар беморхона-ку! Гап задан мегирам. Лекин ту Исо, писари Мўсо тахтаю тиракатро нағундор. Ҳа, корди Синоро ҳам ба даст гирифта, дар ҳолати: “Омода бош!” – ист. Барои чӣ? Э, аз дасти ин занҳо ба ҳар бало печидан мумкин. Рафту боз ягон рўда-пўдаам печида монад, шарти ҷарроҳӣ мекунӣ.

Уф-ф-ф!.. Сари гап чӣ буд? Ҳа… Хўш ки бошад, гўш кун, ҷўраҷон. Чӣ? Ин мавзўъ ба ту маъқул не? Э, биё мон-е! Ҳисси ифтихори мардӣ надоштаӣ-ку?!

Ту танҳо гўш кун. Ҳа, бале!

Хуллас, ба ту умр диҳад, акнун ба сари мақсад меоям. Рости гап, занҳо не, мардҳо бечора! Беҳуқуқ! Хору зор! Таги по! Берўзиҳо аз рўзи ба ин дунё омадан, то ба он дунё рафтан хору зор! Далел? Марҳамат! Агар духтар таваллуд шавад чӣ мегўянд? “Волга!” Писар таваллуд шавад чӣ? “Хурўс!” Чӣ шудаст? Тавба! Боз “чӣ шудаст?” мегўяд-е! О, боз чӣ мешуд? Э, ҳўй! Фарқи байни “Волга”-ю “Хурўс”-а кўдаки даруни гаҳвора ҳам медонад.

Хуллас, гапи бисёр ба хар бор. Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест! Чӣ? Кам аст? Набошад гўш кун. Ман гўяму ту шунав.

Ба духтарҳо чӣ номҳои зебову қашанг мемонанд: Гулрў, Гулчеҳра, Гулсара, Гултан, Гулгўш, Гулбинӣ, Гулоро, Гулбарг, Гулбибӣ, Гулбегим, Гулизор, Гулсум, Гулпарӣ, Гулрафтор, Гулхумор, Гулқад, Гулшакар, Гулнабот, Гуласал, Гулпечак, Гулрез, Гулбез, Гулнабез…

Ва ғайраву ва ҳоказоҳо!

Яъне ки онҳо ҳама гул!

Бачаҳои бечора бошад хор!

О, хор набошанд, чунин номҳо насибашон мешавад: Табар, Теша, Санг, Хоркаш, Хаскаш, Хошок, Хокироҳ…

Акнун ба ин номҳо гўш бидеҳ: Душанбе, Сешанбе, Чоршанбе, Панҷшанбе… Ҷумъа…

Ҳамитаре, ки онҳо тақвим бошанд?!

Эъ, не-е, дигар забонам намегардад!

Ишқилиб… Чӣ? Ҳоло ҳам кам? Эъ, прокурор шаву рав-е! Хайр, ана сари бачаҳоро бузтарош мекунанд? Мекунанд! Ба мўи духтарҳо бошад равған, ҷурғот молида шона мезананд, майдабофӣ мекунанд…

Мўяшон баъзеҳоро ба ҷунунӣ меорад, ки дод мезанад: “Оҳ, дар зулфонат худамро овезам-е!”

Баҳри онҳо чӣ матоҳое, ки намебароранд: Ламбада, Мавҷи дарё, Дикая роза, Дуди паравоз, Ашки Аҳмад Зоҳир, Даст нарасон мерезад, Пантера, Телепузик, Титаник, Бригада, Тайга… э, агар ҳамаи онро қатор кунам, ҳафт шабу ҳафт рўз камӣ мекунад.

Ба бачаҳо чӣ? Танҳо як костюм. Сиёҳ ва сафед. Сиёҳашро рўзи тўй мепўшанду сафедашро рўзи ҷудошавӣ.

Ана акнун ба шумо умр диҳад, бачаҳо аз волидон доимо шатта мехўранд, духтарҳо не. Дуои бадашонро гўш кун:

“Сиёҳпича!”

“Э, дар сарут алов!”

Бачаҳоро чӣ дуо мекунанд:

“Хар!”

“Падарлаънат!”

Чӣ? Монда шудӣ? Даррав? Э-э-э, о, ҳоло ман гапа ним накардаму? Не-е, акнун гўш мекунӣ!

Намоишҳои “Дугонаҳо”, “Канӣ, духтарҳо!” ҳаст? Ҳаст! Чаро намоишҳои “Бачаҳо”, “Канӣ, йигитҳо!” нест?

Бачаҳоро ба хизмати аскарӣ мегиранд? Мегиранд? Духтарҳо бошанд, дар тўйҳо рақсида мегарданд. Волидони бачаҳо ба назди волидони духтарҳо рафта, чорқад шуда, зориву нола мекунанд, ки духтарта ба мо келин бидеҳ ё писари мора ба фарзандӣ қабул кун. Чаро ягон бор ба назди бачаҳо омада илтимос намекунанд, ки ба мо домод шав? Баъд волидони духтар ҳаққи шир гўён пулу мол рўёнида, хонаи бачадора дар пушташ мекунанд. Чӣ, ба бачаҳо модар шир додагӣ не-мӣ? Ё бачаҳоро дадешон макондагӣ-мӣ?!

Ой!.. Рўдаам боз тоб хўрд чӣ бало?…

Эъ, ҳўй! Ягон зарра инсоф-пинсоф дорӣ ё не? Чӣ шуд? Боз чӣ мешуд? О, ҳалқам қоқ шуд. Як чакра об бидеҳ.

Ба арўсон 120 курта, 50 поҷома, 10 рўймол, 6 туфлӣ, палто, боронӣ, мошини дарздузӣ, мошини ҷомашўӣ, яхдон, шифонер, қолин мегиранду домод чӣ? Як курта, шиму костюм, туфлӣ ва ҷома. Ба домоди бечора ош ун тараф истад, як қулт об намедиҳанд. Рўзи никоҳ чӣ? Шаҳбача ҳоло домулло: “Хости қабулаш кардӣ ба занӣ?” – нагуфта: “Конешна!” – мегўяд. Арўс чӣ? Ҳамара ба бузакбозӣ меандозад. Бечора домулло сад бор дуо хонда: “Бахшидӣ?” – гўён, мепурсаду ў бошад ҷим. Гўиё ки гунг шуда бошад, ё ба даҳон об гирфта бошад. Дили домоди бечора ба рақс медарояд, чанд тори мўяш мерезаду арўс ҷим. Оча, амма, хола, момо ба ёрӣ меоянду баъд базўр гўё ҷонашро медода бошад, бо ашки шашқатор таги бинӣ базўр “ҳа”– мегўяд.

Дар хона чӣ? Атола, тухмбирёни равғани зағир, ордов, чойи ҳиндӣ, наботу асал, ҳама барои арўс, ба домод хоки сиёҳ. Барои арўс рўбинон, ордбезон, талбон, домод бошад паси дар. Ҳама: “Арўсҷон!” – гўён, аз забонашон асал мечаконанд, вале кӣ шунидааст, боре: “Шаҳҷон!” – гуфта бошанд. Арўс дар куҷи хона, домода ба кор меронанд.

Боз гапи ёфтагишона бинен – занҳо “слабый пол”. Яъне ҷинси беқувват. Беқувват-а? О, беқувват бошанд, маоша аз дасти мардҳо зада мегиранд? Баробари мардҳо кор мекунанд? Боз баъди кор ба сад мағозаву бозор даромада, ду тўрхалта лаб ба лаб чизу чора харида, бо нақлиёти ҷамъияти ба хона меоранд? Бачаҳоя аз боғча гирифта, хўрок мепазанд, ҷомашўӣ мекунанд, дегу табақ мешўянд. Ва боз шаб то субҳ пушту палаи шавҳарашонро мехоранд? Э, ҳўй, биллоҳи азим, ҳамин корҳоя мардҳо аққалан як рўз кунанд, инвалид шуда мемонанд. Боз шон “слабый пол” будиян!

Ягон фарзанда дидед, ки пуштии падарашро гирифта бошад? Ҳама вақт “Оча!” – гўён, дод мезананд.

Ё ҳангоми ҷудошавӣ чӣ? Суд кўдакора ба модарашон медиҳад.

Ҳатто хешу табори мард хору зор. Охир, мақоли: “Хеши зан қайла бизан, хеши шў дега бишу!” – аз осмон наафтидааст. Ё аз замин рўидааст-мӣ?

Гўри занро то гулў мекананду гўри мардро то ноф. Аз ин зиёдтар беадолатӣ мешавад магар?

Ҳамаи ҳамин беҳуқуқиву беадолатиро дида, мардҳои бечора чӣ кор мекунанд? Намедонед? Э вой-е! Бечораҳо нос мекашанд, сигарет мечоканд, арақ менўшанд, ҳақоратҳои болохонадор мекунанд, даст ба гиребон мешаванд.

Ана акнун Исо, писари Мўсо, ки бандаи мўъмину мусалмон ҳастӣ бигў! Чӣ бигўӣ? Бигў, ки кӣ таги по? Зан ё мард? А?! Чӣ?! Э, баландтар гап зан, намешунавам!..

Чӣ? Ту ҳам намешунавӣ?

Мегўям, ки кӣ таги по, кӣ?!

27 августи соли 1992

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

komunizm

Коммунизмро чи хел мефаҳмидем

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… (Аз «Газетаи муаллимон», 19 феврали соли 1983) Мо коммунизмро фақат аз маҷмӯи …