Главная / Гуногун / Сарамард

Сарамард

Мард буд дар сират.

Ва дар худ ҳама чизро дошт: қаду қомат, сикаву сурат, сару либос, шикаму мўи сар…

Хулласи калом: ин мард, ки Виқорбой ном дошт, бо сари баланд, якто-якто қадам зада мерафт. Басо ором буд, шитоб намекард. Пайроҳае, ки Виқорбой рўи он мерафт, то ба як бинои одии шаҳр мебурд. Даме, ки ба бино расид, офтоб лаълии азими мисро мемонд.

Табассум аз кунҷи лабонаш ғайб мезанад. Рўяш турш мешавад. Изтиробе ба дилаш чанг меандозад, гунг мешаваду кар. Гиребон медорад: тўба!

Ин дам ба гўшаш овози паррандае мерасад. Як қад парида, башаст қафо мегардад. Ва бо ҳарос ба дарахт менигарад. Дар шохи дарахт паррандае бо тамоми овоз чаҳ-чаҳ мезад. Ба дарахт зеҳн монда, паррандаро меҷўяд. Аммо ба дидори парранда “мушарраф” намешавад.

– Руст шудӣ-а, лаънатӣ!

Барои ў парранда ҳам буду ҳам набуд.

Виқорбой оҳиставу омирона як атрофро аз назар мегузаронад. Ва чашмаш ба писарбачаи машғули бозӣ меафтад.

– Ҳой бача! – омирона фарёд мезанад ў.

Хониши парранда қатъ мегардад. Писарбача сар мебардорад ва ба ў менигарад.

– Ку, ин ҷо биё! – заҳра мекунад ў ба писарбача.

Писарбача бархоста, оҳиста-оҳиста назди ў меояд. Виқорбой ба ў амр мекунад:

– Ҳо, ана он сангро ба ман бидеҳ!

Писарбача чашмони маъсумашро ба ў дўхта, ҳайрон мемонад ва бо овози хиррӣ мепурсад:

– Сангро чӣ кор мекунед?

– Дар сари қабри очат мемонам! – девонавор наъра мезанад Виқорбой. – Гуфтам, деҳ, деҳ!

Писарбача шўрида мегўяд:

– Ман ба ту хизматгор не!

Ва ҳамзамон як бари рўяш месўзад. Сахт мезанад Виқорбой!

– Бефаросат! – мегўяд писарбача ва аз ў дур мешавад.

– Ҳай дар гўри очат! – Виқорбой хам шуда, аз замин сангро гирифт. Аммо аз писарак на пай монда буду на ҳайдар. Ин дам парранда чаҳ-чаҳ мезанад.

– Эъ гум шав-е! – гўён, сангро сўи парранда ҳаво медиҳад.

Парида меравад парранда.

– Хайрияте! – оҳи сабук мекашад ў ба ба хонааш меравад. Дами дар истода, худ ба худ лутфгўӣ мекунад:

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,

Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст.

Сипас ба пешу қафо чашм давонда:

– Эъ, хона хонаи худам, хоҳам фуруд меоям, нахоҳам не.

Ҳангоми ворид гаштан китфонаш ба паҳлударӣ бармехўранд. Аз ин вай хеле мутаҳайир мегардад. Ва ба дар чашм ало карда, озурдахотирона:

– Сабил ин дар танг шудааст, чӣ бало, – мегўяд.

Баъд баланд садо мезанад:

– Гулчатой!

Аммо завҷааш ҳозир намешавад. Овозе ҳам намебарорад. Аз ин вай хеле мутаҳайир мегардад: “Дар таги коса нимкосае ҳаст”.

– Иъ-е! – мегўяду пеш намеравад. Оташи ғазабаш аланга мезанад ва чун паланг меғурад:

– Гулчатой!!!

– Лаббай! – ниҳоят овози ҳамсараш садо медиҳад ва лаҳзае пас худаш пайдо мегардад. Ва чун шавҳарашро мебинад, филфавр мепурсад:

– Виқорбой?! Ин шумоед?

Вай аз ин пурсиш дар худ печида, алов мегирад. Чеҳрааш сурх шуда меравад, гўё дурустакак май нўшида бошад.

– Чӣ-ӣ?! – бо чашмони қариб аз косахонаашон баромада ба ҳамсараш менигарад. – Боз кӣ мешуд?!

Ва аз ғазаб ҳатто овозаш мегирад.

Ҳамсараш як оҳи чуқур кашида, мисли ҳайкал хомўш мемонад. Манаҳаш овезон шуда, кам-кам меларзад. Дар чеҳрааш хастагӣ, бехунӣ ва ҳама гуна дарду аламу ташвиши олам хонда мешуд. Гесўвони дарозаш парешон ва ҳар ҷо-ҳар ҷои куртааш доғдор. Виқорбой дақиқае чашми тааҷҷуб ба сўи ў дўхта, карахту беҳаракат меистад, баъд асабиёна туфашро фурў бурда, маломатомез нидо мекунад:

– Туро чӣ бало зад!

Аз хавотирӣ нафас дар гулўи Гулчатой дармемонад.

– Ин чӣ башара?..

Чинҳои зиёде рўи Виқорбойро фаро мегиранд.

– Ҳе, мурӣ кари расво! Дар кадом мушхона руст шудӣ?! Туфлиҳома каш – э!

Завҷааш туфлиҳои ўро базўр кашида, як сўй мемонад. Аз бўи бади он қариб буд, ки нафасгир шавад.

– Кулоҳа гир!

– Чӣ?

– Кулоҳа гир мегўям, кари расво!

Завҷааш кулоҳи ўро гирифта, омодаи иҷрои амри навбатӣ меистад.

– Чӣ шах шудӣ? Овез!

Завҷааш кулоҳро меовезад. Виқорбой мўйҳояшро ба тартиб меоварад. Ҳаракатҳои ў оромона, вале дағал буданд, гўё ки ниҳоят кўфта шуда бошад.

– Аз дасти кори давлат маъюбу маслуқ шудам-э. Кор, кору кор! Э, бар падари ин кор лаънат-э! – ғур-ғуркунон ба хонаи калон мегузарад.

Вай, гўё ки меҳмон бошад, як-як ба ҳама чизу чора бо чашмони пурҳарос нигоҳ меафканад. Баъд нафаси вазнине кашида, беҳолона худро ба кресло мепартояд. Кресло ба вазни ў тоб наоварда, дардолуд фиғон мекашад.

– Э, Худо занад туро!

Кресло дар назараш танг. Базўр меғунҷад. Гўё андомашро мефишорад. Паҳлў мегардад бо нолиш.

– Ин устоҳои лаънатӣ ҳам беинсоф шудаанд. Ҳам аз тор мезананд, ҳам аз пуд. Сақича аз даҳон, сурмая аз чашмон мезананд. Лаънатиҳо, мемуред ҳамина камтар кушодтар кунед?!

Сару руи ўро арақ пахш мекунад.

– Гулчатой!

Завҷааш тозон даромада, ба ў менигарад.

– Ҳе, мурӣ кари расво! Бодбезакро мон, ки кафидам!

Завҷааш бодбезакро ба кор медарорад.

– Пуф-фа! Ин қадар гарм ин ҳавои лаънатӣ! Болои сўхта намакоб, ин кайфи лаънати гарангам кард…

– Кадом кайф?

– Гапро набур! Ту ки нос намекашӣ, кайфи носро аз куҷо медонӣ. Дар дунё мўъмину мусулмон намондааст. Дар роҳ аз чанд кас нос пурсидам, надоданд, занталоқҳо.

– Шояд носкаш набуданд.

– Чӣ хел носкаш набуданд?! – якбора шўрида рафт Виқорбой. – Дар даҳонашон нос буд! Мефаҳмӣ?! Нос!

– Хайр, ором шавед…

– Чӣ хел ором шавам?! Занталоқҳо як каф носа аз одам боло медонанду ту бошӣ, ором шав мегўӣ?! Бо ин хел одамҳо дунё обод мешавад магар?! Канӣ бигў?! Ҳа-а, ба сукут рафтӣ? Сукут аломати ризо! Ҳамсоя дар хонааш бошад?

– Кадом ҳамсоя?

– Ҳо қаравули ҳаммом, номаш чӣ буд?.. Ҳа, Қучқорбой.

– Надонам. Чӣ буд?

– Чӣ буд, чӣ буд?! Ту бояд ҳама чиро донӣ! Давида раву як кашиданӣ нос биёр. Тез баргард!

Гулчатой саросема аз дар мебарояд. Ин ба назари Виқорбой аҷибу ғариб менамояд ва истеҳзоомез механдад. Сипас гиребон дошта: “Тавба! Астағфирулло!” – мегўяд.

Лаҳзае пас ҳамсараш бармегардад.

– Дод? – дарҳол мепурсад Виқорбой.

– Ҳа, – ҷавоб медиҳад ҳамсараш, – дод.

– Наход? Чӣ гуфт?

– Ҳеҷ чӣ нагуфт, – ҷавоб медиҳад Гулчатой.

– Ҳеҷ мумкин нест, ки ҳеҷ чиз нагуфта бошад. Бояд, ки ягон чӣ мегуфт. Натарс, гўй! Гўй, ба хубӣ!

– Гуфтам-ку: ҳеҷ чӣ нагуфт. Танҳо хандид.

– Чӣ-ӣ?! – бонг мезанад Виқорбой ва дар андомаш ифодаи ранҷиш нақш мебандад. Гўё Қучқорбой нос нею ҳақорат дода бошад. – Хандид? Чӣ хел хандид?

Ҳамсараш китф дарҳам мекашад.

– Чӣ хел хандид мегўям? Масхара хандид ё мушханда?

– Надонам, – овози Гулчатой саршори ҳайрат буд. – Охир, ман хандашинос набошам.

– Ту чиро мешиносӣ? Фақат лату лушро? Ҳа-а, ту дар ин кор устухон надорӣ!

Гулчатой носро ба кафи дасти ҳамсараш мерезад.

– Ҳо, хасиси лаънатӣ-е! – бо зарда мегўяд Виқорбой. – Чор дона додааст-е! Э мур-е, мумсик! Рўята мурдашў бинад-е!

– Ана халос! – заҳрханда мекунад Гулчатой. – Ҳам нос диҳаду…

– Дафъ шав, касофат! – хирси тирхўрда барин аррос мезанад Виқорбой. – Дую дубора башараат ба назарам натобад!

Пас аз рафтани ҳамсараш Виқорбой ба носи кафи дасташ менигарад. Димоғаш андак чоқ мешаваду дар чеҳрааш табассум медамад. Ва носро ба таги забонаш ҳаво медиҳаду “ҳм-м” – гўён, лабханде мекунад ва дар чашмонаш оташаки муғамбиронае медурахшад.

Виқорбой аз нос – «роҳати ҷон» хумор мешикаст.

– Э, дар номат садқа “роҳати ҷон”-е. Валлоҳ баҳри дилам боғ-боғ кушода шуд-е!

Лаҳзае пас боз дод мезанад:

– Гулчатой! Куҷо гуму гўр шудӣ?!

– Лаббай! – гуён, завҷааш дар наздаш ҳозир мешавад.

– Лаббайят аз сарат монад! Куҷо гуму гўр шудӣ?!

– О, либос шуста истодаам…

– Э, Худо гирад худатрову либосшўиятро. Рўзи дароз чӣ кор кардӣ?!

– Замин побел кардам…

– Чӣ-ӣ?! – абрувони ғафсу кўтоҳ-кўтоҳи сиёҳи Виқорбой кўргиреҳ заданд. – Замин побел кардӣ?! Ҳӣ – ҳӣ – ҳӣ! Заб коре карда будаӣ?! Як гектар побел кардӣ чӣ?! Ҳамагӣ ду сотих. Ҳамин ҳам гап шуд, ки занӣ?! Коридӣ?!

– Ҳа, коридам.

– Чӣ? – дўғ зада, мепурсад Виқорбой.

– Чӣ «чӣ»? – намефаҳмад ҳамсараш.

– Чӣ коридӣ мегўям?! – дағалона дўғ мезанад ў.

– А… ҳа… пиёз, гашнич, райҳон, қаламфур….

– Хайр, шуд! Чӣ, ин қадар каттагӣ мекунӣ? Заб коре карда будаӣ? Гўё аз осмон ситора оварда бошӣ? Каттагия бин-у! Эъ, дар каттагиат… Газитора биёр! – чашмонашро рост ба рўи завҷааш мехалад. – Ё нахаридӣ? Фаромўш кардӣ?

– Не, фаромўш накардам, харидам, ҳозир меорам.

Завҷааш рўзномаҳоро оварда, медиҳаду аз паси либосшўи мешавад.

– Уф-ф… Аз дасти кори давлат маъюбу маслуқ шудам-е! – гўён, рўзномаро мекушояд.

Ва боз ҳамсарашро ҷеғ мезанад.

– Чӣ гап? Тинҷӣ? – дилсўзона ба шавҳараш менигарад Гулчатой.

– Э, ин магасро гум кун! – амр мекунад Виқорбой. – Намемонад, ки хонам-е! Гўё асал дошта бошам, ки мечаспаду мечаспад.

Ҳамсараш магасро аз хона мебарорад.

– Э, ин газитҳо ягон чизи ҳалол наменависанд, – гўён, рўзномаро ба сўе ҳаво медиҳад.

– Худди азохона барин-е!

Вай асабонӣ шуда, рўй-рўи хона мегардаду оҳи сарде мекашад. Баъд бо овози хаста ба хондани суруди дўстдоштааш сар мекунад:

Ду абрўи хамида чун ҳилолат…

Аммо нафасаш мегардаду хомўш мешавад.

– Худди азохона барин-е! – мегўяд ва боз завҷаашро садо мекунад: – Гулчатой!

Завҷааш тозон меояд.

– Магнитафона мон!

Завҷааш амри ўро зуд иҷро мекунад. Навои шодиовару дилангез танинандоз мегардад. Вуҷуди Виқорбойро як осоише фаро мегирад. Вай ба оҳанги мусиқӣ нигоҳ карда, пояшро ин сў-он сў мегузорад, гўё ки рақс мекарда бошад.

Завҷааш аз ў чашм намеканд.

– Чӣ нигоҳ дорӣ? – ҳамсарашро бад-бад мепесонад. – Куш! Нашуд!..

Лаҳзае пас боз ҳамсарашро садо мекунад.

– Ин қадар ба куҷо нест шуда рафтӣ?! Чӣ, ман милиса, ки туро кофта гардам? Ё тавба?! “Занро кор фармою аз пасаш дав!”

– … ?

– Куҷо будӣ, мегўям?!

– Дар ташнов.

– Дар куҷо-о?! – аз ҳайрат чашмони Виқорбой калон кушода мешаванд.

– Сабук шудам…

– Мемурдӣ дар набудани ман сабук мешудӣ?!

– О…

– Хайр, шуд! Телевизора мон-ку, ягон суруд-пуруд ё рақс-пақс ҳаст ё не.

Ҳамсараш сухане нагуфта, телевизора мемонад.

– Тез куш!

– Маъқул нашуд?

– Чӣ? Боз масхара ҳам мекунӣ? Чӣ, мефорат, ки ман маҷаллаи “Кишоварзӣ” тамошо кунам?!

Вай боз рўзномаро ба даст мегирад. Лаҳзае пас писарчааш ба наздаш меояд.

– Ота!

– Дод нагў, кар нестам.

– Ота, ду савол дорам.

– Ҳмм! – мегўяд ў аз рўзнома чашм наканда.

– Барои чӣ алаф сабз аст? – мепурсад писарчааш.

– Ҳм-м!

– Чаро осмон кабуд аст?

– Э ҳой, тоза гаранг кардӣ-ку! Рав ба назди модарат! Ин кори занона!

– Ота…

– Рав, ки хезам…

– Хезед, чӣ мешавад?

– Хезам – мурдам, бигў!

– Ота, маълим…

– Гап нагардон! Мезанамат, замина мегазӣ!

Ин лаҳза духтарчааш давида меояд.

– Отаҷон, кай маро ба зоопарк мебаред?

– Чӣ?! Зоопарк? Маймуна надидӣ магар? Рафта ба модарат нигар, аз маймун кам не.

– Не, ба зоопарк мехоҳам…

– Э, ту ҳам расо гаранг кардӣ-ку! Рав ба назди модарат! Ин кори занона!

– Ота, об…

– Об дар таги каши ман аст?!

– Ташна…

– Гулчатой! Илоҳам рўта мурдашў бинад, бо ин бачаҳои зойдаат! Биё баршон, силам мекунанд!

Ҳамсараш омада, бачаҳоро мебарад.

Хона сокиту хомўш мегардад.

– Мардак, ҳой, мардак!

– Дарду балои мардак! Боз чӣ гап шуд? Мемонӣ чорта дами беғам гирам ё не?!

– Хайр, ҳамон газитатона як тараф партоед. Осмон омада ба замин намечаспидагист.

– Оббо! – оташин мешавад Виқорбой. – Рўзи дароз кор карда меоӣ, намемонанд, ки нафаси осуда кашӣ. Чӣ гап?!

– “Пушти ману табари қассоб” – гуфта, наход ки намешунавед?

– Чиро? Овози зоғмонанди туро?

– Не, овози Дилшодҷона. Аз гиря сўхт, бечора бачаякам. Ай дар пеши поҳот бумбурум-е. Худоё худовандо умри ова ба шумо бидиҳад. Хезед, ўро хап доронед.

– Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл. Худат хап дорондан гир. Ин кори занона. Аз ўҳдааш ки намебаромадӣ, чаро зойдӣ? Ҳа, беҳуда: “Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор” – нагуфтаанд.

– Камтар инсоф кунед…

– Инсоф – дар паси кўҳи Қоф!

Рўи завҷааш турш мегардад.

– Гуфтам-ку – ин кори занона! – бовиқорона мегўяд Виқорбой. – Дигар ба ман начасп! Фаҳмидӣ?!

– Кори занона? – бо ҳайронӣ мегўяд Гулчатой. – Чӣ хел кори занона, ки ҳамсояи дасти ростамон Намоз доим кўдаконашро бонӣ мекунад.

– Вай занкалон! – писханд мезанад Виқорбой.

– Хайр, набошад ба мағоза равед, – илтиҷо мекунад Гулчатой.

– Дарро задам, девор кафид! – ба шўр меояд Виқорбой. – Ман боғ гўям, ту роғ мегўӣ! Ба мағоза рав-а! Ба мағоза рафтани мард айб аст! Мефаҳмӣ?!

– Айб? – ҳайрон мешавад Гулчатой. – Барои чӣ айб будааст?

– Барои он ки мағозаравӣ ҳам кори занона!

– Чӣ хел кори занона, ки ҳамсояи дасти чапамон Акмол доим худаш ба мағоза меравад…

– Ҳа, меравад! – ҷиддӣ мегўяд Виқорбой. – Ҳар рўз меравад! Зеро ки вай ҳез, забонкутоҳ, барои ҳамин меравад. Ман бошам мард! Не, не, ман марди оддӣ не! Ҳа, ман сарамард! Сарамард! Фаҳмидӣ?!

– Дар сарамардам садқа, – хушгўӣ мекунад Гулчатой. – Хайр, майлаш, хезеду пиёзу картошка пўст кунед.

– Э ҳо-о-ой! Чӣ ин қадар фармон медиҳӣ?! Чӣ, ман ба ту бачаи ҷайраюм?! Пиёзу картошка пўст кун-а! Хестӣ, ки хобат! Ин ҳам кори занона! Худат пўст кардан гир!

– Ақаллан як сатил об биёред, – мегўяд ҳамсараш бо чашмони гирён.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! Об биёрам?! – дар қиёфааш оташи хашму ғазаб аланга мезанад. – Эъ, бар падари… Э кўру кар будаам-е! Ҳа, ҳамааш айби худам. Не, айби модарам. Ў маро фиреб дод. “Девор ба дарун афтад беҳтар, аз бегона чӣ суд?” – гўён, туро ба гардани ман бор кард. “Не!” мегуфтам, ҳоло хотири ҷамъу дили беғам медоштам.

– Чаро “не” нагуфтед, охир?

– “Не” мегуфтам, ту бешавҳар мемондӣ.

– Шуд, шуд, чӣ лозим коҳи кўҳнаро бод додан. Беҳтараш…

– Э пат-пат накун! Хезам, аз худат гила кун. Мезанамат, ки дар девор мечаспӣ. Гуфтам-ку: ман сарамард! Об биёр-а! О, ин ҳам кори занона.

– Ҳеъ, мурад ҳамин корҳои занона! Набошад, ақаллан ҳамин сатили пасмондаҳоро бурда партоед-чӣ? Охир, хона бўй гирифт.

– Чӣ-ӣ?! Э, хап кун, ки давленим хестестай. Давленима нахезон, ки ҳозир ким-чӣ корут мекунум. Пасмондапартоӣ тамоман кори занона аст.

– Ё Худоё! – фарёд мезанад Гулчатой ва ашки чашмонаш ҳамон замон мехушканд. – Ҳама кори хона кори занона будааст-да?!

– Ҳо, кори занона!

– Ё навзанбиллоҳ, тавба кардам, Худоё!

– Тавба накуну рўзатро бин! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

– Ҳоло ҳамин хел?! – бо арбада мегўяд Гулчатой ва ду даст ба миён гузошта, кундаи синаашро ҷунбонда – ҷунбонда, ба шавҳараш наздик мешавад. – Набошад, хезед!

– И-и, барои чӣ хезам? – дар сари сўзан нишастагӣ барин бетоқат мешавад Виқорбой.

– Хезеду кори мардонаатонро кунед! Ҳа, хезед!

Бо шунидани ин суханон кайфи Виқорбой мепарад, гўё ба сараш як сатил об рехтанд. Ранги рўяш якбора канда, чун дока мешавад.

– А-а?

– Хезед, тез хезед!

Дили Виқорбой сахт-сахт ба тапиш медарояд. Чашмонаш калон-калон кушода мешаванд.

– Э, э, занакҷон… шухӣ кардам… шухӣ. Э, вой-е, шухӣ карда ҳам намешавад-е…

Инро мегўяду саросема сатили пасмондаҳоро гирифта, шитобон қадам партофта, аз хона бадар меравад.

 

25 октбри соли 2004

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Ҳар чӣ зуд барояд, дер напояд

Хоки Машриқ, шунидаам, ки кунад Ба чиҳил сол косае чинӣ. Сад ба рўзе кунанд дар …