Главная / Гуногун / Раис Басират

Раис Басират

Боз як рўзи кўтаҳи соли маймун интиҳо меёфт!

Хуршеди оламоро ғуруб мекард. Ва торҳои Басиратшро аз шаҳр ғундошта гирифта, мисли лаълии тиллоӣ ба паси кўҳҳо ғелида мерафт. Гирду атрофро оҳиста-оҳиста пардаи торикӣ фаро мегирифт. Вале аз марди хона – Ҷамил дарак набуд. Завҷааш Басират, ки зани камсавод, вале бисёр заҳматкаш буд, хавотир шуд. Ва чун мурғи посўхта мегашту худ ба худ мегуфт:

– Ин мардак одати дер омадан надошт-ку.

Басират ба ошхона рафт. Сарпўши дегро бардошт. Сарпўш аз дасташ афтод.

– Оҳ! – нидо намуд ў.

Ва ҳамзамон дилашро шубҳае чангол зад.

– Наход, ки…

Вай ошро дам партофта, ба хона баргашт. Шубҳа дар андоми ў хона кард. Дилаш чун соати дар девор овезон тик-тик ба задан даромад.

– Не, не, – шубҳаро, ки дар дилаш ниҳон буд, ронда худро ором карданӣ мешуд ў.

Ва ин лаҳза буд, ки шавҳараш омад. Чун вориди хона гашт, завҷааш бо назари ташвишангез ба ў нигоҳ карда, гиламандона пурсид:

– Мардак ин қадар дер кардед?

Теғи нигоҳи шавҳар рўи ўро харошид. Басират авзои шавҳарашро диду ба ҷавоби саволаш интизор нашуда, зуд илова намуд:

– Охир… хавотир шудам.

Ва ҳамзамон мақоли «меҳри мард дар шикамаш»-ро ба ёд оварда, ба шавҳараш рўй оварда, гуфт:

– Тезтар гузаред, ки ош ланҷ мешавад, мардак.

– Чӣ-ӣ?! – Ҷамил дар хашм шуд ва абрўвонашро кўргиреҳ зада, бо ғазаб гуфт:

– Мардак? Як бори дигар мардак гўйи забоната мебурам!

Басират тааҷҷубангез ба сар то пои шавҳараш тавре нигоҳ кард, ки гўё вайро бори аввал медида бошад. Баъд бо хавоси парешон пурсид:

– И-и-и-е, ба шумо чӣ шуд, мардакҷон?

– Боз «Аҳмади порина!» Боз мардак гуфтӣ?! – дағалона дўғ зад Ҷамил ба сари завҷааш. – Боз мардак гуфтӣ?!

Басират як қад парид. Ҳатто каме ранҷид. Сипас рост ба чашмони шавҳараш нигоҳ карда, бо тааҷҷуби бепоён пурсид:

– О, чӣ шуд?

– Чӣ шуд, чӣ шуд?! Хок шуд! – дод зад Ҷамил. – Хок шуд! Фаҳмидӣ?!

– Даррав асабӣ нашав! Саломатӣ аз ҳама чизи дунё қиматтар. “Эҳтиёт – ними ҳаёт” – мегўянд…

– Бас! – дағалона сухани завҷаашро бурид Ҷамил. – Э вой-э! Синаи модарама сахт газида будаам-чӣ? Набошад, омада-омада ба ҳамин хел зани бефаҳм меафтидам?

Дили Басират аз ин суханҳои по дар ҳавои шавҳараш шуввӣ карду худро ким-чӣ хел ноҳинҷор ҳис намуд. Ва бо тааҷуб ба ў менигаристу лаб ба сухан во карда наметавонист.

– Ҳой, медонӣ, ки ман кӣ?! – бо зарда пурсид Ҷамил.

– Медонам, – гапро кўтоҳ кард Басират ва бо баҳонаи ошкашӣ рафтанӣ шуд. Вале «Ист!» гуфтани шавҳарашро шунида истод.

– Ман кӣ?! – ба чеҳраи ҳамсараш хунсардона нигариста, боз бо зарда пурсид Ҷамил.

– Шумо-о? – бо ҳаяҷону ҳарос пурсид Басират.

– Ҳа, ман! – мушт ба кундаи сина зад Ҷамил. – Ман кӣ?!

Басират нафаҳмид, ки шавҳараш шўхӣ мекунад ё аз ростӣ мепурсад.

– Ман кӣ?! – дод зад Ҷамил.

– Дод назанед, – оташин шуд Басират. – Ман кар не, гўшҳоям шукри Худо нағз мешунаванд.

– Ҳа, бар пад… – Саҳл монда буд, ки дашном диҳад Ҷамил. Боз худдорӣ кард. Забонашро газид.

Басират дар ҳолати ноҳинҷор аз ў чашм намеканд.

– Кар набошӣ, тутивор як гапро сад бор такрор мекунӣ, – гуфт Ҷамил. – Аз ҳамин лаҳза маро раис мегўӣ. Фаҳмо?!

– Чӣ?! Ҷиндӣ шудӣ магар? О, медонам, ки шумо коргаред. Хайр, ана ба шумо мардак маъқул набошад, дадои Далерҷон мегўям. Маъқул?

– Номаъқул кардӣ! – дод зад Ҷамил. – Ўй, мўйдарози кўтоҳақл, раис мегўӣ, раис! Фаҳмидӣ?!

– Раис? Ваҳ-ҳа-ҳа… Вай мураме, ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ… – Басират шикамашро дошта хуб хандид.

– Бас! – аз аввала ҳам баландтар дод зад Ҷамил. – Чӣ «ваҳ-ҳа-ҳа»?! Ман раис! Ра-а-ис! Фаҳмидӣ?!

Ҳамсараш шубҳаомез ба ў дида дўхт, ҳиҷ бовариаш наомад. Сипас тамасхуромез пурсид:

– А-а, ҳоло раис шудам, гўед?

– Ҳа, маро имрўз раис интихоб карданд, – бо кару фар гуфт Ҷамил. – Ра-а-ис! Фаҳмидӣ?!

– Наход?! – бо тааҷҷуб ва нобоварӣ нигоҳе ба сар то пои ҳамсараш андохта гуфтБасират. – Раис?!

– Ҳа, раис! – сина дамонд Ҷамил. – Ра-а-ис! Фаҳмидӣ?!

– Дурўғ нагўй, боз дилам накафад, – дар шигифт афтода, ба ҳамсараш теғ кашида, нигарист Басират.

– Дурўғ не, рост! – маломатомезу бо шиддат гуфт Ҷамил. – Ман раис!

– Эҳа, бахтам тофт гўед! – рўи гандумгун, чашмони калон-калони Басират гул-гул шукуфтанд. – Ё аввал, ё охир, гуфтаанд. Аз аввал бахт надидам, акнун Худо бахт дод.

Дили Басират чун мурғи дар қафас девонавор ҷастухез мекард. Қомати ў як арзан давиду синаҳояш чун пуфак дамид.

– Дониста ош карда будаам-дия! – ба ваҷд омада гуфт ў ва чашмонашро хумор карда идома дод: – Оҳ, ҷони ширинуме, имшаб дар оғўи раис хоб мекунам, гўед?!

– Ҳа, имшаб шаби таърихи, – ифтихоромез гуфт Ҷамил. – Туро раис оғўш мекунад!

– Оша кашам мардак… э, мебахшед, раисҷон? – бо чашмони барроқ ба ҳамсараш нигариста, пурсид Басират.

– Каш! – бо кару фар ва як ҳаловат нидо намуд Ҷамил. – Каш! Тез каш!

Ҳамсараш ду даст пеши бар гузошта, бо нозу карашма:

– Ба чашм, раисҷон! Ҳар сухани шумо нури дида, тоҷи сар! – гуфт.

Ва ин лаҳза ба хотири Басират чизе расидагӣ барин, ба шавҳараш рўй овард:

– Истед, ки мар… э, мебахшед, узр, сад узр, ҳазор узр, раисҷон. Ҳа, истед, ки шуморо раиси фабрика интихоб карданд?

– Не, раиси фабрика не, – ҷавоб дод Ҷамил.

– Ҳм-м… ҳа, раиси райпо-мӣ? – боз пурсид Басират.

Ҳамсараш дар ҷавоб калла такон дода гуфт:

– Не, раиси райпо ҳам не.

Басират худро каме гум карда, ба тиреза нигарист. Берун наметофт, сип-сиёҳ. Сипас боз ба ҳамсараш рўй овард:

– Мардак… эъ мебахшӣ… охир майнама гиҷ кардӣ. Гўй ки раиси чӣ интихоб шудӣ?

Ҷамил дар ҷавоб бо ғуруру савлат гуфт:

– Раиси ҷамъияти моҳидорон!

– Ҳа-аъ…

Боз як шаби дарози соли маймун фаро расид!

24 июни соли 2000

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …