Главная / Гуногун / ПИСТАИ ХАНДОН

ПИСТАИ ХАНДОН

Ҳар як инсон дар дил орзуе мепарварад. Ман ҳам кайҳо орзу мекардам, ки соҳиби ҳавлӣ шавам. Ниҳоят ду сол пеш ба орзуям расидаму ғами ниҳолшинонӣ пеш омад. Чор ниҳоли себ, ду бодом, ду гелос, ду зардолу ва панҷ оличабандак шинондам. Пистаи хандонро шунидаму дар дилам алов афтод. Бояд як ниҳол шинонам. Шашуми феврал ба ярмаркаи фурўши ниҳолҳо ба боғи Дўстии Халқҳо рафтам. Ҳама як ҷавоб медоданд: «Нест!» Танҳо як нафар гуфт, ки буд, тамом шуд. Табъам хеле хира шуд. Баъд барф бориду пистаи хандон аз ёд рафт. Ду ҳафта пас ба бозори Саховат рафтам. Пистаи хандонро суроғ кардам. Боз ҷавоби «Нест!»-ро шунидам.

pistaТанҳо як нафар гуфт, ки:

– Ҳаст.

Табъам хеле хуш шуд.

– Канӣ?

– Дар хона.

Вай ҷавонмарди тахминан сисолаи бўзбала буд. Риши кўтоҳи сип-сиёҳ дошт. Нигоҳаш тез, чашмонаш медурахшиданд.

– Хонаатон дур аст?

– Дар Семиганҷи ноҳияи Ваҳдат.

– Пагоҳ меоред?

Вай ба сўи ман зеҳн монда нигарист ва гуфт:

– Пешпардохт диҳед. Пагоҳ меорам.

– Пешпардохт? Охир биёред, бинам, ки чӣ мол аст.

– Не, – гуфт ў, – ин тур намешавад. Ниҳоли пистаи хандон нодир, бисёр нозук ва қимат аст. Биёрам, ки фиреб кунед, нагиред, шамол мезанад, хушк мешавад.

Аз ин гапаш қаҳрам омад, аммо худдорӣ кардам.

– Қимат гуфтед? Чанд меистад?

– Яксаду панҷоҳ сомонӣ.

Лаҳзае чизе гуфта натавонистам. Баъд пурсидам:

– Чаро ин қадар қимат?

– Охир моли Эрон аст.

– Дар Эрон чанд меистад?

– Саду бист-саду сӣ.

– Мегўянд ниҳолҳои пистаи хандонро аз ноҳияи Зафаробод меоранд-ку?

– Э вай ниҳолҳо ниҳол не, пая. Аз садто яктояш базўр мегирад. Ниҳолҳои эронӣ сара.

– Наход?

– Агар дурўғ гўям, рўям сиёҳ.

– Ниҳолҳоро худатон аз Эрон овардед?

Ў шубҳанок ба сўям нигариста, хомўш монд. Баъд гуфт:

– Не.

Ҷавонмарде ки то ин вақт хомўш ба гуфтугўи мо гўш медод лаб ба сухан кушод:

– Ниҳолҳоро падараш овардааст. Ҳоло ў каме бетоб аст. Аз ин рў «Асои пир ба ҷои пир» – гуфта писараш ба халқ хизмат мекунад.

Ба бозори Баракат омадам. Дар ин ҷо танҳо се-чор ниҳолфурўши қавоқгирифта буду халос. Ягон нафар харидор ба чашм намерасид. Маро диданду қавоқашон кушода шуд.

– Пистаи хандон доред?

– Дорем, – зуд ҷавоб дод ҷавонмарди миёнақади бузбала.

– Канӣ?

– Ана.

Якбора табъам болида гашт.

– Нархаш чанд аст, нархаш?

– Дувоздаҳ сомонӣ. Ба Шумо даҳӣ медиҳам.

«Ё аҷабо?! Нархаш дар Саховат дар осмон, дар ин ҷо дар замин. Сираш дар чӣ бошад? Наход?..»

Ба қаъри чашмонаш бодиққат нигаристам.

– Дурўғ намегўед?

– Магар ақламро хўрдаам, ки ба Шумо дурўғ гўям? Агар дурўғ гўям, рўям сиёҳ. Охир дурўғ торикии имон аст.

– Мусулмонед?

– Алҳамдуллилоҳ.

– Калимаи шарифи шаҳодатр медонед?

Вай ба ғазаб омада, маро бад-бад песонд ва баъд гуфт:

– Ин ҷо ҷои калима гардондан нест.

Як лаҳза хомўш мондам. Сипас пурсидам:

– Сертификати мутобиқат доред?

Каме дасту по хўрд.

– Сертификати мутобиқат? Ин чист?

– Ҳуҷҷате ки ба стандарт ҷавобгў будани ниҳолро тасдиқ мекунад.

Дар ҳоле ки саргаранг шуда буд, базўр ғурунгос зад:

– Чӣ, гумон мекунед ман ниҳолҳоро дуздидаам? Ба ҳурмати Худо аз худам. Хоҷагии деҳқонӣ дорам.

– Хуб, майлаш. Кай механдад?

– Чӣ-ӣ? Кӣ?

– Писта.

– Ҳа-а. Пас аз се сол.

– Нахандад чӣ?

Ў китф даҳам кашида хандид.

– Агар нахандад, ту гиря мекунӣ.

25 феврали соли 2010

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …