Главная / Гуногун / РАҲМАТ БА ХУШДОМАНАМ

РАҲМАТ БА ХУШДОМАНАМ

Хушдоман!

Чӣ калимаи ҷозибу зебо!

Ва худи хушдоман ҳам одами азизу мўътабар аст!

Охир, беҳуда: “Чор пиру чор тадбир!” – нагуфтаанд-ку?!

Аммо – сад афсўс! – дар ин дунёи рўшану калон одамеро аз хушдоман ризо ёфтан амрест муҳол. Аз қадим – ул – айём ҳама бечора хушдоманро чун бало бад мебинанд. Ҳазор айбро ба гарданаш овехта, сиёҳ мекунанд. Ҳатто дар асри X хушдоманро “ҷангҷўй” номидаанд. Шеъри манфӣ ва латифае, ки дар ҳақи хушдоман бофта шудааст, ҳисоб надорад.

getimageАна танҳо ду намуна.

Таги чўмоқ хушдоманам,

Гапаш бўйнок хушдоманам.

“– Алло!.. Алло!.. Кистӣ?! Мегўм кистӣ?! Аммамӣ?.. Нахо-о-од?.. Боз ман гуфтум, ки одамӣ…”

Вале дўсти ман Хайрулло: «Раҳмат ба хушдоманам, ки маро аз бало халос кард!» – мегўяд.

Барои чӣ?!

Наход, ки?!

Не, чунин воқеа рўй дода будааст…

…Инспектори ГАИ – ҷавони навчаи хушбурут, ғур-ғуркунон гоҳ-гоҳ бо чўбчаи алобулои дасташ ба соқи мўзааш зада, ин сў-он сў қадам мезад.

«Ин чӣ рўзи наҳс-а? – чин бар ҷабин афканда, менолид дар дил. – Ягон ронанда ба даст наафтод-а?”

Ин сў – он сў дида давонду боз дар дил гуфт: “Имрўз дасти холӣ чӣ хел ба хона меравам?»

Ҳа, рўз нисф мешуду кисааш холӣ, шикмаш гурусна.

Ногоҳ чашмаш ба як «Жигули»-и сап-сафеде афтод, ки тир барин парида меомад.

– Оҳ-оҳ! Худо оҳама шунид, – хурсанд шуд инспектор ва беихтиёр ду-се қадам ба пеш монд.

Лекин зуд худро қафо гирифту дар дил гуфт:

“Не, набинад, бинад, суръаташро суст мекунад”.

«Жигули»-и сап-сафед парвои олам надошт. Чун сайди кўҳӣ метохту метохт.

– Ин қадар тез меояд-е! – дар лабони инспектор табассум гул мекунад.

«Жигули»-и сап-сафед ҳамоно метохту метохт. Инспектор хурсандона нидо зад:

– Бидав гўсола!

Ва «Жигули»-и сап-сафед гўё нидои ўро шунид, ки медавиду медавид.

– Дав-дав! – боз нидо зад инспектор. – Давидани гўсола то каҳдон! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

«Жигули»-и сап-сафед ҳамоно метохту метохт. Ва торафт ба инспектор наздик мешуд. Вале суръаташ тезтар мешуду суст не. Намоишкорона, гўиё ба қасди инспектор тамоми кўчаро банд карда меомад.

– Чашмонашро шира зер кардагӣ, – зери лаб ғурунгос зад инспектор. – Ҳеҷ гап не, ҳоло очаи зорашро нишон медиҳам.

Ва инак, «Жигули»-и сап-сафед наздик мешуд…

Инспектор ҳолати «омода бош!» – ро гирифт. Ва бо чўбчаи алобулояш «Жигули»-ро манъ кард. «Жигули»-и сап-сафед заминро газида истод. Ронанда, ҷавони ҳаждаҳ-бистсолаи зардина, ки мўйҳои сараш сурхчатоб буд, аз мошин давида баромад.

– Рафиқ сержант!..

– Чӣ-ӣ?! – нозири роҳ теғи нигоҳ сўи ў кашид.

Ронанда худро бой надода, аз нав нидо намуд:

– Рафиқ старшина!…

– Чӣ-ӣ?! – чашмони инспектор калон кушода шуданд. – Кӣ старшина?! Ман?! Ма-ан!!

– О… Не… – дасту по гум кард ронанда. – Ҳа… не…

Инспектор бо виқору ифтихор нидо намуд:

– Ман командир!

– Ҳа-а… Ҳа, шумо командир, командир, – ба худ омад ронанда ва саросемаю ташвишомез пурсид: – Чӣ магар тез омадам, командир?

Инспектор боз теғи нигоҳ сўи ў кашида, бо заҳрханда дўғ зад:

– Не, паст парвоз кардӣ?!

– Нахо-о-од?!

– Ай, ҳай! Боз худро ба нодонӣ мезанӣ-а?!

– О…

– Шуд?! – ба сари ронанда дўғ зад инспектор. – Ҳой, ту ба куҷо мешитобӣ?! Ба куҷо?! Ба он дунё?!

– Э, агар роҳи он дунёро медонистам, кайҳо ба он ҷо мешитобидам, – бо ҳасрату афсўс посух дод ронанда.

– Чӣ-ӣ-ӣ?!

– Ман намешитобам, командир – бо овози парешон посух дод ронанда. – Мегурезам!

– Мегурезӣ?! – аз саманди қаҳру ғазаб намефуромад инспектор. – Аз мор?!

– Не-е, – бо оҳу нолиш гуфт ронанда. – Кошкӣ мор мебуд. Як бор мегазиду мурда халос мешудам.

– Аз гург?! – боз сиёсат кард инспектор.

– Не-е, – боз ҳам баландтар оҳу нолиш карда гуфт ронанда. – Ҳоло гург аз одам мегурезад. Кошкӣ гург мехўрду аз ин таъқиб халос мешудам.

– Бало набошад?! – чашмони инспектор аз косахонаашон баромаданд.

– Эъ, вой, не-е, – қариб, ки гириста гуфт ронанда. – Бало ба ў дастобрез намешавад.

Пуфаки сабру тоқати инспектор кафид:

– Хайр, аз кӣ набошад?!

– Аз кӣ? – гашта пурсид ронанда ва бо оҳу нолиши гарон гуфт: – Э, аз хушдоманам-е!

– Аз хушдоманат?!

– Ҳа, аз хушдоманам, – гуфт ҷавон ва ташвишмез ба қафо нигарист. – Оҳ, вай зан не, дев-а?! Э, Азроил! Худо нишон надиҳад, ки ба дасташ афтам…

Инспектор аз саманди қаҳру ғазаб фуромад ва бо ҳайрат пурсид:

– Ҳой, аз даҳонат бўи шир меояд-ку?

– О, ман ҳам ба падарам ҳаминро гуфтам, – гиряомез гуфт ронанда ва боз бо тарс ба ақиб нигарист.

Баъд суханашро канда-канда идома дод:

– Вале ў гўш накард. “Падар розӣ – Худо розӣ” – гўён, тўй карда, сари тоқамро ҷуфт кард. Хушдоманам як зани уштурмонанди аловдаста будааст. Хуллас, падарам маро ба балои азим гирифтор намуд. Шумо бошед… Шумо бошед…

– Чӣ?

– Эҳ! – бо аламу дард даст афшонд ў.

– Чӣ “эҳ”?

– Э, агар хушдоман дошта бошед, маро мефаҳмед.

– Мефаҳмам, – инспектор ғамгин шуд. – Мефаҳмам. Хуб мефаҳмам.

Баъд “хушдомани… хушдомани” – гуфту дармонд. Сарашро ба зер афканда, як дам сукут кард. Сипас оҳиста сар бардошта, ин мисраҳоро хонд:

Хушдомани нағз домода дўст медора,

Хушдомани гандара Худо бардора!

– Оҳ-оҳ, чӣ шеъри хуб хондед, командир! Офарин, офарин! – ба китфи ў тап-тап зада, таҳсин намуд ронанда. – Илтимос, боз як бор онро хонед!

– Ба ту чӣ шуд? Ҳоло вақти шеърхонӣ аст магар!

– Э, ҳа рост мегўед. Бало омада истодааст.

– Бале! Чӣ балои азим!

– Набошад ман раваму аз шумо пурсад, гўед, ки надидам, – илтиҷоомез гуфт ронанда. – Вагарна рўзам шаби тор мегардад. Ҳа, шумо ҳам бо ў сар ба сар нашавед, ки расвогиатонро мебарорад-а.

– Оббо! – инспектор пушти сар хорид ва дилаш ба ронанда сўхт. Вай ҳам аз домодҳои ҷабрдидаву аламдор будааст магар, ки дар дил: «Бечора!» – гўён, дилсўзона ба ў нигарист.

– Равам-а? – гардан каҷ кард ронанда.

Инспектор нидо зад:

– Рав!

«Жигули»-и сап-сафед аз ҷои истодаш якбора пеш ҷаҳиду чанги роҳро ба осмон хезонда, лаҳзае пас аз назар ғайб зад.

Инспектор интизори хушдоман буд.

Хайрулло: «Раҳмат ба хушдоманам!» – гўён, табли шодӣ мезад.

Шумо ба хушдоманатон чӣ мегўед?

А?!.

13 июли соли 2000

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …