Главная / 2017 (страница 21)

Архивы за год: 2017

БЕМОРИИ НАВАСОНӣ

vibrobol

БЕМОРИИ НАВАСОНӣ (Morbus vibratorius), ангионеврози навасонӣ, бемории касбӣ, ки дар натиҷаи таъсири бардавоми навасон (вибратсия) ба вуҷуд меояд. Зарари навасон ба шиддату давомоти он, ҳамчунин ба ҳассосияти организм вобаста аст. Садои баланд, хунук хӯрдан ва таранҷиши мушакҳо таъсири навасонро ба организм афзун мегардонанд. Б. н. аломатҳои гуногун дорад. Б. н …

Муфассал »

БЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ

pastfishori

БЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ (Morbi decompressionales), бемории декомпрессиявӣ, ҳолати беморие, ки бинобар якбора ва ниҳоят паст шудани фишори муҳит ба вуҷуд меояд; бештар ғаввосон (ҳангоми ба қаъри баҳр фуруд омадан), лётчикҳо, кессончиён (одамоне, ки бо камераҳои обногузар сару кор доранд) гирифтор мешаванд. Сараввал дар аснои баланд будани фишори муҳит (мас., атмосфера) дар …

Муфассал »

БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ

sangi-peshob

БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ (Urolithiasis), уролитиаз, бемории санги гурда, бемориест, ки ҳангоми он дар узвҳои пешоброн санг пайдо мешавад. Санги пешоб дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи обу намак ва кори ғадудҳои усораи дохилӣ (ғадуди сипаршакл ва ғадуди назди он, гипофиз), ки мубодилаи обу намакро танзим мекунанд, аз истеъмоли тӯлонии обу ғизое, ки …

Муфассал »

БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА

talha

БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА (Cholelithiasis), холелитиаз, холесистити калкулёзӣ, бемориест, ки дар натиҷаи инъиқоди талха ё ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар талхадон ё талхароҳа санг ҳосил мешавад. Бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад. Б. тадриҷан инкишоф меёбад. Бемор чандин сол дар зери қабурғаи тарафи рост вазнинӣ ҳис мекунад, ки баъд аз истеъмоли хӯрок …

Муфассал »

БЕМОРИИ ШУОЪӣ

radiation

БЕМОРИИ ШУОЪӣ (Morbus radiationis), иллатест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир расонидани афканишоти аз меъёр зиёди ионзо пайдо мешавад. Б. ш. ҳангоми шуоъхӯрии берунии тамоми организм ё қисми зиёди он, инчунин аз шуоъхӯрии дохилӣ (ба воситаи роҳҳои нафас ё бо обу хӯроки заҳролуд ба организм ворид гардидани моддаҳои радиоактив) авҷ …

Муфассал »

БЕМОРИСТОНИ АЗУДӣ

bemoristoni-azudi

БЕМОРИСТОНИ АЗУДӣ, яке аз муассисаҳои табобатии маъруф ва машҳури дунё дар замони хилофати аббосиҳо. С. 984 дар Бағдод шоҳаншоҳи бувайҳӣ Азудуддавла бино кардааст. Дар Б. а. тамоми шароити барои табобати беморон лозима муҳайё буд. Дар он 24 наф. табибони машҳури хилофат фаъолият доштанд. Бемористон то ҳудуди с. 1233 амал мекард. …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ АДВИЁТ

bemorii-adviet

БЕМОРИҲОИ АДВИЁТӣ, бемориҳое, ки бинобар ҳассосияти зиёд нисбати доруҳо ё барои организм бадпазир будани онҳо ба вуҷуд меоянд. Б. а. аллергӣ ва мизоҷӣ (идиосинкразия) мешаванд. Б. а.-и аллергӣ нисбатан бештар вомехӯранд. Ҳангоми ин гуна бемориҳо дору ё маҳсули мубодилаи он бо сафедаи зардоб ё бофтаҳо пайваст гашта, подтанҳои аллергӣ ҳосил …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ АСАБ

bemorihoi-asab

БЕМОРИҲОИ АСАБ (Neuroses, neuropathia), маҷмӯи бемориҳое, ки дар системаи асаб ба мушоҳида мерасанд. Аломатҳои зоҳирии Б. а. вайрон шудани функсияи таҳрик (фалаҷ, шал шудани дасту по, рагкашӣ, лақва) ва фаъолияти асабҳо, аз кор мондани яке аз узвҳои ҳиссиёт, ихтилоли интегратсия ва ғ. мебошанд. Б. а. ҳангоми ихтилоли таркиби моддавӣ ва …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ БАЪДИ ЗОДАН

bemori

БЕМОРИҲОИ БАЪДИ ЗОДАН (Morbi puerperalis), гурӯҳи бемориҳое, ки дар давоми 6 – 8 ҳафтаи аввали баъди таваллуд рух намуда, ба ҳомилагӣ ва зоиш алоқаманд мебошад. Илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ дар натиҷаи ба ҷароҳати бачадон роҳ ёфтани микробҳои бемориангез баъди афтодани ҳамроҳак, даридан, шикоф шудан ва харош хӯрдани гарданаи бачадон, маҳбал, атрофи …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ ВИРУСӣ

virus

БЕМОРИҲОИ ВИРУСӣ (Morbi virales), гурӯҳи бемориҳое, ки вирусҳо меангезанд. Ба Б. в. бештари бемориҳои сироятии одам мансубанд. Нағазк, табхол, сурхча, обакон, грипп, полиомиелит, энсефалитҳо, трахома, зардпарвин, СПИД, ханозир, гепатити вирусӣ, ҳорӣ ва ғ. аз қабили Б. в.-и одам мебошанд. Ҳангоми ба ҷисми одам роҳ ёфтани вирус дар организм протсессҳои мураккаб …

Муфассал »