Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ АСАБ

БЕМОРИҲОИ АСАБ

bemorihoi-asabБЕМОРИҲОИ АСАБ (Neuroses, neuropathia), маҷмӯи бемориҳое, ки дар системаи асаб ба мушоҳида мерасанд. Аломатҳои зоҳирии Б. а. вайрон шудани функсияи таҳрик (фалаҷ, шал шудани дасту по, рагкашӣ, лақва) ва фаъолияти асабҳо, аз кор мондани яке аз узвҳои ҳиссиёт, ихтилоли интегратсия ва ғ. мебошанд. Б. а. ҳангоми ихтилоли таркиби моддавӣ ва фаъолияти системаи асаб ё иллати қисмҳои алоҳидаи он сар мезананд. Б. а. ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: бемориҳои органикӣ ва бемориҳои функсионалӣ (вазоифӣ).
Бемориҳои органикии асаб дар натиҷаи таъсири зиёновари бактерияҳою вирусҳо, моддаҳои заҳрнок, обу ҳаво, киҷҷаҳо ва кирми меъда, лат хӯрдани асабҳо ва ғ. ба вуҷуд меоянд. Онҳо метавонанд ирсӣ низ шаванд. Бемориҳои органикии ирсии асаб ҳангоми иллати тухмаи мард ё зан рух менамоянд.
Бемориҳои вазоифии асаб хусусияти субъективӣ дошта, асосан дар натиҷаи таъсири манфии зиндагию рӯзгор пайдо мешаванд. Қисми зиёди чунин бемориҳо мансуби неврозҳо – неврастения (хасташавии асаб), психостения (хасташавии руҳӣ) ва истерия (ғашён) мебошанд.
Системаи асаб ду навъ – марказӣ ва канорӣ мешавад. Аз ин нуқтаи назар бемориҳои онро низ ба бемориҳои системаи асаби марказӣ ва бемориҳои системаи асаби канорӣ ҷудо мекунанд. Зиёда аз 1200 Б. а. ва тақр. 3000 симптому синдроми онҳо маълуманд.
Б. а.-ро аз рӯи сабаб ва зуҳурот ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунанд: бемориҳои илтиҳобӣ – газаки пардаи майна (сарсом), мағзи сар (энсефалитҳо), ҳароммағз (миелит), майнача (серебелит), решачаҳои асаб (радикулит), асабҳои канорӣ (неврит, полиневрит); бемориҳои омосӣ – омоси пардаҳои майна (менингиома), омоси рагҳои хуни майна (ангиома, гемангиома), омоси мағзи сар ва ҳароммағз (глиома, эпендимома), омоси асабҳои канорӣ (невринома); бемориҳои хунрезӣ – хуншории майнапарда, мағзи сар ва меъдачаҳои он, ҳароммағз, ишемияи майна, аневризма; бемориҳои таназзуловар (миопатия, миотония ва ғ.). Ба ғайр аз гурӯҳҳои номбаршуда, гурӯҳҳои дигари Б. а. низ мавҷуданд, ки тағйироти рӯҳиро ба амал меоранд (ниг. Бемориҳои рӯҳӣ). Б. а.-ро невропатология меомӯзад.
Ад.: Пуладов А.М. (ва диг.), Пропедевтика нервных болезней, Д., 1971; Ҳамон муаллиф, Нервные болезни, Д., 1990; Ҳамон муаллиф, Асабшиносӣ, Д., 1998; Раҷабалиев Ш.Ф., Невральная амиотрофия Шарко-Мари-Тутс, Д., 2003.
Ш.Ф. Раҷабалиев.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …