Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ БАЪДИ ЗОДАН

БЕМОРИҲОИ БАЪДИ ЗОДАН

bemoriБЕМОРИҲОИ БАЪДИ ЗОДАН (Morbi puerperalis), гурӯҳи бемориҳое, ки дар давоми 6 – 8 ҳафтаи аввали баъди таваллуд рух намуда, ба ҳомилагӣ ва зоиш алоқаманд мебошад.
Илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ дар натиҷаи ба ҷароҳати бачадон роҳ ёфтани микробҳои бемориангез баъди афтодани ҳамроҳак, даридан, шикоф шудан ва харош хӯрдани гарданаи бачадон, маҳбал, атрофи мақъад, инчунин дар натиҷаи аз манбаъҳои газаки зан (газаки бодомакҳои гулӯ, кариеси дандон ва ғ.) гузаштани микробҳои фасодовар ба вуҷуд меояд. Ихроҷи бармаҳали оби ҷанин, аз токсикози дер заиф шудани организм (ниг. Токсикозҳои ҳомилагон), инчунин дар давраи ҳомилагӣ риоя накардани қоидаҳои беҳдошт ва ихтилоли тағзия ба пайдоиши Б. мусоидат мекунанд.
Микробҳо ба захми бачадон ё маҳбал даромада, газаки ҷузъиро ба вуҷуд меоранд, ки он минбаъд ба бофтаҳои чарбуи кос ва диг. узвҳо паҳн гашта, сабаби ба вуҷуд омадани газаки шикампарда (перитонит) ва уфунат мешавад. Дар мавриди Б. аҳволи зан бад шуда, иштиҳо кам, ҳарорати бадан баланд (то 380) мегардад, табларза, дарди сар ба амал меояд. Ҳангоми дар таваллудхона будани зан кормандони тиб тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Вале баъзан зуҳуроти Б. он қадар аён нест, бинобар ин 1 – 2 рӯз андаке таб кардани ӯро (то 37,5%) оқибати сахт шудани ғадудҳои шир дониста, занро аз таваллудхона ҷавоб медиҳанд. Дар рӯзи 10 – 14-уми баъди зоиш (ё дертар) зан ногаҳон таб карда, аҳволаш бад мешавад; камиштиҳоӣ, дард кардани зери шикам, ихтилоли пешобронӣ, қабзият ба вуҷуд меояд. Ин ҳама аломати газаки узвҳои ҷинсӣ буда, муолиҷаи фавриро тақозо мекунад.
Пешгирии Б. вазифаи асосии мушоварагоҳи тиббии занон ва таваллудхонаҳо мебошад. Рафтори зан, муносибати ӯ ба тавсияҳои духтур дар давраи ҳомилагӣ, ҳангоми таваллуд ва дар давраи баъди он аҳамияти калон дорад. Саривақт ҳозир шудани зани ҳомила ба мушоварагоҳ, табобати саривақтии токсикозҳо, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ Б.-ро пешгирӣ мекунанд.
Ниг. низ Мастит, Пиелонефрит, Эндометрит, Аднексит, Перитонит, Сирояти анаэробӣ.

М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …