Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ ВИРУСӣ

БЕМОРИҲОИ ВИРУСӣ

virusБЕМОРИҲОИ ВИРУСӣ (Morbi virales), гурӯҳи бемориҳое, ки вирусҳо меангезанд. Ба Б. в. бештари бемориҳои сироятии одам мансубанд. Нағазк, табхол, сурхча, обакон, грипп, полиомиелит, энсефалитҳо, трахома, зардпарвин, СПИД, ханозир, гепатити вирусӣ, ҳорӣ ва ғ. аз қабили Б. в.-и одам мебошанд. Ҳангоми ба ҷисми одам роҳ ёфтани вирус дар организм протсессҳои мураккаб рух намуда, боиси бемории сироятии шадиду бардавом мегарданд. Механизми инкишоф ва зуҳуроти Б. в. ба табиати вирус, роҳҳои ба организм ворид гаштан, хусусияти муҳофизати табиӣ ва мамониати организм (пӯст, пардаи луобӣ, ҳуҷайра ва узвҳои дохилии он) вобаста аст. Б. в. тавассути ҳаво, хӯрок, нӯшокӣ, газидани пашшаву кана ва ғ. ҳам сироят мекунанд. Омили муҳими дифои табиии ҳуҷайра аз вирус интерферон аст, ки муқовамати ҳуҷайраро нисбат ба таъсири он афзун мегардонад.
С-ҳои 50 – 60-уми а. 20 вирусҳои парагрипп, зукоми сироятӣ, сироятҳои аденовирусӣ, бронхити шадид ва ғ. ошкор карда шуданд. Баъзе бемориҳои роҳи нафасро вирусҳои рӯда, ки айни замон ангезандаи сарсом ва ихтилоли меъдаю рӯда низ маҳсуб мешаванд, ба вуҷуд меоранд. Бемориҳои ҳорӣ, оқсил, энсефалити вогир, табларзаи хунрез ба одам аз чорво, орнитоз ва пситтакоз бошад, аз мурғон мегузаранд. Давраи ниҳонии Б. в. аз 2 – 3 (мас., грипп) то 30 рӯз (мас., ҳорӣ) ва бештар мебошад. Роҳи асосии пешгирӣ аз Б. в. ташхиси саривақтӣ ва дар беморхона бистарӣ кунонидани бемор аст. Б. в.-ро асосан бо подзаҳр ва давоҳои зидди илтиҳоб муолиҷа мекунанд. Антибиотикҳо ба вирус таъсир намерасонанд. Сирояти баъзе вирусҳо ба синну сол ва суст шудани қобилияти худмуҳофизати организм (норасоии витамин, истеъмоли кортизон, таъсири шуои рентгенӣ, заҳролудӣ, хунукхӯрӣ ва ғ.) вобаста аст.

Ҳ.Н. Почоҷонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …