Главная / Илм / ДАСТПЕЧАК

ДАСТПЕЧАК

dastpechakДАСТПЕЧАК (Convolvulus subhirsutus), пиллапечак, дастак, гиёҳест бисёрсола. Аз 40 то 100 см қад мекашад. Пояаш рост, сершоха. Баргаш пашмакдори бедандона, нештаршакл ё байзашакл. Гулаш гулобӣ, бунафш, баъзан сафед; тоҷгулаш қифшакл. Мевааш ғӯзаи лӯнда, байзашакл. Май – июн гул карда, июн – авг. мева мебандад.
Д. дар талу теппаҳо, доманакӯҳҳо, нишебиҳои серсангу шағал ва регзор, баъзан ҳамчун алафи бегона дар киштзори лалмӣ мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 500 – 2000 м аз с.б.) вомехӯрад.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби тухми Д.-ро ҳангоми бемориҳои меъдаву рӯда истифода мебаранд. Барои ин як чимдӣ тухми судаи онро дар 300 – 400 мл оби ҷӯш тар карда, пагоҳӣ пеш аз ношто 1 – 2 пиёла менӯшанд. Муолиҷа як моҳ идома меёбад. Нақеъи Д.-ро чун доруи рафъи дард, зидди рагкашӣ ва баҳаморандаи захм, инчунин ҳангоми зиқи нафас ва сили шуш кор мефармоянд. Алкалоидҳои Д. (конволвин ва конволамин) таъсири ангезишовар дошта, луобпардаи чашмро месӯзонад; вояи зиёди он силсилаи асабҳои марказиро фалаҷ месозад. Дар тибби муосир доруи «Тропатсин»-ро барои табобати бемории Паркинсон таъин мекунанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М.,1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …