Главная / Илм / ДАҲОН

ДАҲОН

dahonДАҲОН (Stoma), ҷавфи даҳон(Cavitas oris), қисми ибтидоии системаи ҳозима. Дар Д. тағйироти механикӣ ва химиявии ғизо ба амал меояд.
Сӯрохи Д.-ро лабҳои болову поин пӯшидаанд. Дар қисми ғафси онҳо мушакҳои доирашакл ҷойгир буда, ҳангоми кашиш хӯрдани ин мушакҳо сӯрохи даҳон боз мешавад. Канорҳои сурхи лабҳо аз дарун ба луобпардаи ҷавфи Д. фаро гирифта шудааст.
Д.-и одам аз қисми пеш ё ҷавфи даҳон иборат аст. Қисми пеши Д. аз берун бо лаб, аз паҳлӯ бо лунҷ, аз дарун бо дандону шохаҳои аввалини ҷоғ, ҷавфи Д. бошад, аз боло бо ком, аз поён бо бехи забон иҳота шудааст. Дар қафои Д. коми нарм ҷойгир аст. Канори ақиби коми нарм дар мобайн барҷастагӣ дорад, ки онро забонак меноманд. Ком Д.-ро аз ҷавфи бинӣ ва ҳалқум ҷудо мекунад. Аз паҳлӯ коми нарм ба камонакҳо табдил меёбад; дар байни ҳарду камонак бодомакҳо ҷой гирифтаанд.
Д. аз паҳлӯ бо рухсора иҳота шудааст, ки онро мушакҳои жовиш, ҷоғ ва рӯй ташкил медиҳанд. Дар сатҳи дохилии рухсора дар баробари дандони калони ашк аз тарафи росту чап пистонакҳои хурд воқеъ гаштаанд; дар онҳо маҷрои ғадудҳои оби Д. боз мешаванд.
Қаъри ҷавфи Д. (ё диафрагмаи Д.) аз мушакҳое ташкил ёфтааст, ки дар ҳаракатҳои ҷоғи поён иштирок мекунанд. Дар зери он забон воқеъ аст. Забон бо пардаи луобӣ пӯшида шуда, ҳангоми пӯшидани Д. ба ком ҷафс мегардад. Луобпардаи рӯи забон барҷастагиҳои гуногун ё пистонакҳоро ба вуҷуд меорад (дар онҳо пиёзакҳои зоиқа мавҷуданд). Ҳаракати забон дар кори жовиш ва ташаккули нутқ муҳим аст. Дар зери забон дар ақиби дандонҳои поён пистонакҳо ҷой гирифтаанд; дар онҳо маҷрои зериҷоғӣ ва зеризабонии ғадудҳои оби даҳон боз мешаванд.
Дар ҷавфи Д. ду қатор дандонҳои боло ва поён мавҷуд мебошанд; одами калон 32 дандон дорад. Тамоми Д.-ро пардаи луобӣ пӯшидааст; дар шохаҳои алвеолавии ҷоғҳо лоначаҳои устухони дандонҳо мавҷуданд, ки милк ном доранд.
Дар луобпардаи ҷавфи Д. шохаҳои маҷрои ғадудҳои хурду калони оби даҳон боз мешаванд. Луобпардаи ҷавфи Д. дарду ҳароратро нисбат ба пӯст камтар ҳис мекунад. Агар пардаи луобии лунҷ аз оби ҳарор. 45°С андаке гармӣ ҳис кунад, пас барои пӯст чунин об сӯзон аст. Оби ҳарор. 33°С барои Д. сард мебошад. Кӯдакони хурдсол гармии нӯшокӣ ва хӯрокро бештар ҳис мекунанд. Бо бузург шудани синну сол, одам ба таоми гарм одат мекунад. Д. инчунин ретсепторҳои махсус дорад, ки таъми ғизоро муайян месозанд. Луобпарда ҷавфи Д.-ро бо узвҳои дохилӣ ва системаҳои организм мепайвандад.
Оби Д. моеи камишқорест, ки дар таркибаш фермент (амилаза, малтаза ва ғ.), намакҳои ғайриорганикӣ, сафеда ва мутсин дорад. Мутсин оби Д.-ро часпак мекунад, ки дар натиҷа фурӯ бурдани луқма осон мегардад. Таҳти таъсири ферментҳои оби Д. агиштобҳои таом қисман таҷзия мешаванд. Ферментҳои оби Д. ба тавассути хӯрок то меъда расида, зери таъсири шираи меъда фаъолияти худро қатъ мекунанд. Вале то даме, ки луқмаи ғизо шираи меъдаро ҷаббида нагирад, фаъолияти ферментҳои оби Д. идома меёбад.
Дандонҳо хӯрокро бинобар ҳаракати ҷоғи поён бо иштироки забон, лабҳо ва мушакҳои жовиш майда мекунанд. Таоми жовида оби Д.-ро меҷаббад ва ба луқма табдил ёфта бо ҳаракати забон ва мушакҳои балъум ба сурхрӯда меравад.
Дар ҷавфи Д. микроорганизмҳои доимӣ мавҷуданд. Онҳо дар шароити мӯътадил барои организм хавфнок нестанд. Микрофлораи доимии Д. як навъ садди биологиест, ки ба афзоиши микробҳои бемориовари тасодуфан ба организм роҳёфта монеъ мешаванд. Вазифаи сидоди (барйери)-и луобпарда бинобар оби Д. низ меафзояд, чунки дар он моддаи безараргардон – лизотсим мавҷуд аст. Қатъи назар аз ин, ҳангоми костани муқовимати организм баъзе микробҳои муқаррарии Д. боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мегарданд.
Оид ба бемориҳои пардаи луобии ҷавфи Д., милкҳо, дандонҳо ва забон ниг. Ангина, Дандон, Кандидоз, Кариеси дандон, Пародонтит, Периодонтит, Периостит, Пулпит, Стоматит, Тонзиллит.
Санатсия (беҳдошт)-и ҷавфи Д. аз муолиҷаю пломбагузории дандонҳои иллатӣ (пеши роҳи вусъат ёфтани кариеси дандонҳо, пулпит ва периодонтитро мегирад), кандани дандонҳои харобшуда, табобати бофтаҳои атрофи дандонҳо, бартараф кардани санги дандон ва ғ. иборат мебошад.
Барои бачагони синни томактабӣ ва мактабӣ (соле 2 бор), занҳои ҳомила, коргарони корхонаҳои ба саломатӣ зиёновар, беморони сил ва тарбод санатсияи ҷавфи Д. ҳатмист. Чунин тадбир барои пешгирии иллати бофтаҳои атрофи дандон, луобпардаи ҷавфи Д. ва бисёр бемориҳои шадиду музмини умумӣ аҳамияти калон дорад, зеро дандонҳои пӯсидаю кирмхӯрда манбаи сироят буда, ба тамоми организм таъсири бад мерасонанд.
Барои пешгирии бемориҳои Д. нигоҳубини дандонҳо хеле муҳим аст. Ҳар рӯз бо чӯтка тавассути хока ё хамира шустани дандонҳо, бо маҳлули безарар чайқондани Д., тоза кардани сӯрохиҳои байни дандонҳо аҳамияти зиёд дорад. Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини амрози дандон, ком ва забон ба духтури дандон муроҷиат бояд кард.
КЛ
Расми 1. Ҷавфи даҳон ва балъум (дар бурриш): 1 – ҷавфи даҳон; 2 – даромадгоҳи даҳон; 3 – роҳи поёни бинӣ; 4 – даромадгоҳи бинӣ; 5 – ҷавфи пешонӣ; 6 – садафаи мобайни бинӣ; 7 – садафаи поёни бинӣ; 8 – садафаи болои бинӣ; 9 – ҷавфи устухони фонашакл; 10 – бодомаки ҳалқум; 11 – сӯрохи балъумии найи сомеа; 12 – болиштаки шайпур; 13 – коми нарм; 14 – қисми даҳонии балъум; 15 – бодомаки ком; 16 – гулӯгоҳ; 17 – бехи забон; 18 – сарпӯши гулӯ; 19 – чини обгираку ҳанҷара; 20 – қисми ҳанҷаравии балъум; 21 – тағояки ангуштаришакл; 22 – сурхрӯда; 23 – хекиртак; 24 – тағояки сипаршакл; 25 – устухони зери забон; 26 – мушаки ҷоғу зери забон; 27 – мушаки манаҳу забон; 28 – ҷоғи поён.
Расми 2. Ҷавфи даҳон (намуд аз пеш): 1 – лаби боло; 2 – лаҷомаки лаби боло; 3 ва 12 – милки дандонҳо; 4 – камони дандонҳои боло; 5 – коми сахт; 6 – коми нарм; 7 – камонаки кому забон; 8 – камонаки кому балъум; 9 – бодомаки ком; 10 – сатҳи рухсора, ки бурида шудааст; 11 – камони дандонҳои поён; 13 – лаби поён; 14 – лаҷомаки лаби поён; 15 – рӯи забон; 16 – гулӯгоҳ; 17 – забончаи ком; 18 – дарзи ком.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …