Главная / Илм / ДАСТУРУ-Л-ИЛОҶ

ДАСТУРУ-Л-ИЛОҶ

asar«ДАСТУРУ-Л-ИЛОҶ», асари тиббии Султоналии Табиби Хуросонӣ. С-ҳои 1526 – 27 таълиф ва с. 1899 дар ш. Лакҳнави Ҳиндустон чоп шудааст. Муаллиф баъди чиҳил сол илми тиб омӯхтан ва таҷриба андӯхтан, дар Самарқанд ба таълифи ин китоб пардохта, матни асосии онро дар замони ҳокимияти Султон Абӯмансури Кучкунчихон ба анҷом расондааст. Вале муқаддимаи онро, ки қариб як рисолаи мустақил аст, баъдтар тартиб дода китобро ба ҳокими вақт Султон Абӯлғозӣ Абӯсаид (1530 – 1533) мебахшад. «Д.» аз муқаддима ва ду қисм иборат аст. Қисми якум 25 ва қисми дуюм 8 боби мукаммалро дарбар мегирад. Муқаддимаи асар («Ҳифзи сиҳҳат») ба масъалаҳо ва воситаҳои гуногуни пешгирии бемориҳо бахшида шудааст. Муаллиф ба масоили беҳдошти ғизо, нӯшокиҳо, макони зиндагӣ, мавриди хоб, сару либос, машғулият ба варзиш, корҳои ҷисмонӣ, иқлими дашту биёбон, бешазор ва баландкӯҳ диққати ҷиддӣ додааст. Мас., дар тадбири хоб ва бедорӣ ӯ қайд мекунад, ки «Беҳтарин вақт аз барои хоб он замон мебошад, ки таом аз даҳанаи меъда гузашта бошад. Бо меъдаи холӣ хуфтан баданро лоғар мекунад. Хоби рӯз беморӣ орад, мисли назла, хусусан дар зимистон. Зиёнкортарин чиз мизоҷи сардро хоби бисёр бувад. Кас бояд вақти хуфтан аввал ба паҳлӯи рост якзамон такя кунад, пас аз он ба паҳлӯи чап гардад. Ва шикамро ба пӯсте мисли самур гарм дорад. Агар кас бар шикам хуспад, ғизо нек ҳазм шавад ва ба пушт такя намудан зиён дорад, ба сабаби он ки манфазҳое, ки аз димоғ ба пушт меоянд, баста шаванд… бехобии шаб қувваи босираро кам ва қувватро заиф кунад. Хоби бомдод зиён дорад ба ҷиҳати он ки ғизои шаб ҳазм шуда, меъда холӣ бошад. Овози хуш ва овози об ва дарахт ва молидани бисёр … хоб орад.»
Султоналӣ хосияти сироятии ваборо ба назар гирифта (зиёда аз 300 сол то пайдоиши мафҳуми микробҳо), сиркоро чун омили гандзудоии гирду атроф ва дохили манзилҳо тавсия медиҳад. Дар асар усули бо омехтаи пиёзу сирко безарар намудани оби нӯшокӣ низ қайд гаштааст.
Дар қисмҳои 1 – 2 китоб маълумоти умумиву алоҳида оид ба бемориҳои гуногун, сабабҳои пайдоиш, усулҳои пешгириву муолиҷаи онҳо гирд оварда шудааст. Муаллиф пайдоиши аксарияти бемориҳоро ба омилҳои гуногуни табииву иҷтимоӣ, дигаргуниву хунукшавии мизоҷ, дигаргунии хилтҳо ва ғ. вобаста менамояд. Аз боби «Дар тадбири аърози нафсонӣ» (ҳиссиёти эмотсиявӣ) маълум мешавад, ки муаллиф оризаҳои нафсониро ба монанди тибби ҳозира ба шодиовар – боандешагӣ, хушҳолӣ, сафар ва гурӯҳи зараровар – ғаму андӯҳ, тарс, хашму ғазаб, ноумедӣ, хиҷилӣ ва ғ. тақсим намуда, пайдоиши як қатор бемориҳои рӯҳиву дохилӣ, инчунин хунук шудани мизоҷи гармро ба ҳиссиёти эмотсиявии манфӣ вобаста менамояд. Дар баёни манфиати тиб қайд шудааст: «Табиб бояд, ки аввал мавзӯи тиб бидонад ва тандурустӣ ва беморӣ ҳар ду бидонад ва сабаби ҳар як бидонад. Ин қисмро ҷузъи илмӣ гӯянд. Ҷузъи амалӣ он аст, ки бидонад, ки тандурустиро чигуна нигоҳ тавон дошт ва бемориро чигуна зоил тавон намуд. Ҳар шахсе, ки ин маониро бидонад, табиби комил бошад (агар амал кунад ва агар амал накунад), ҷиҳати он ки мақсад аз ҷузъи илмӣ ва шарти табибӣ он нест, ки амал кунад, балки мақсад он аст, ки бидонад, ки чигуна амал бояд кард».
Муаллифи китоб синну соли одамро ба 4 давра – кӯдакӣ (то 15-сола), ҷавонӣ (то 30 – 40-сола), миёнсолӣ (то 60-сола) ва пирӣ (баъди 60-сола) тақсим кардааст.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …