Главная / Илм / ДАҲАНИ ФАРАНГ

ДАҲАНИ ФАРАНГ

dahani-farangДАҲАНИ ФАРАНГ, зоки сабз, сулфати миси обдор, купороси мис, H10CuO9S, як навъ моддаи химиявӣ. Моддаи кристаллии бе бӯй буда, дар об, этанол, метанол, глитсерин, кислотаҳои минералӣ ҳал мешавад. Дар спирт ҳал намегардад. Д. ф. ҳангоми кристаллбандии сулфати мис CuSO4 аз маҳлулҳои обӣ бо 5 молекулаи об ҳосил мешавад. Дар табиат дар таркиби минералҳои халконтит, вернадскит, кронкит ва ғ. дучор меояд.
Хосиятҳои давоии Д. ф. ба табибони гузашта маълум буд. Дар Ҳиндустон бо Д. ф. бемориҳои пӯст ва чашмро табобат мекарданд. Табибони Юнони қадим онро барои илоҷи карӣ ва илтиҳоби бодомакҳои гулӯ истифода мебурданд. Табибони халқии бисёр мамлакатҳо имрӯз низ Д. ф.-ро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун тавсия медиҳанд. Бо Д. ф. радикулит, полиартрит, зарбу лат, шикасти устухон, саръ ва ғ.-ро табобат мекунанд. Ба ақидаи баъзе табибон Д. ф. барои дармони омосҳои ғадуди шир, меъда, рӯдаҳо муфид аст. Доруҳои Д. ф. илтиҳобро рафъ сохта, думбалро мепазонанд, бемориҳои сироятиро пешгирӣ менамоянд. Истифодаи обзани онҳо барои табобати диабети қандӣ нафъ дорад (шакли сабуки беморӣ). Бо ин мақсад 2 – 3 чумча Д. ф.-ро дар оби ванна ҳал карда, ба он даромада 10 – 15 дақ. дароз мекашанд (ҳафтае 2 – 3 маротиба). Д. ф. давои бемориҳои занбӯруғӣ низ мебошад. Хокаи тасфондаи онро бо ҳиссаи баробари равғани ғоз (ё ягон чарбуи дигар) ва хокаи сулфури зард сиришта, дар оташи паст ба ҷӯш меоранд. Сипас даворо хунук карда, мисли марҳам ба ҷойҳои аз занбӯруғҳо осебёфта мемоланд. Табибони халқӣ аз Д. ф. марҳами дигар низ таҳия месозанд: 20 г сӯзанбарги чалғӯза, 20 г пиёзи аз турбтарошак гузаронида, 15 г Д. ф., 50 г равғани зайтун. Ин ҳамаро сиришта, дар оташи паст ба ҷӯш меоранд. Д. ф. барои табобати бемориҳои занона – эрозияи гардани бачадон, фиброма, миома, киста ва ғ. низ кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …