Главная / Илм / АТ-ТИББУ-Р-РӯҲОНӣ

АТ-ТИББУ-Р-РӯҲОНӣ

86172971425217261221295273141468625«АТ-ТИББУ-Р-РӯҲОНӣ» («Тибби рӯҳонӣ»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб дар баёни хулқу атвори нафсонӣ ва чигунагии ислоҳи он буда, ҳарчанд ба тиб бевосита муносибат надошта бошад ҳам, тандурустии инсон ва вобастагии онро ба ахлоқ ва ҳолатҳои нафсонӣ, ҳамчунин дар сурати ислоҳ накардан, муҷиби бемориҳои гуногун гаштани онро шарҳ медиҳад. Китоб аз 20 фасл иборат буда, нусхаҳои хаттии зиёде аз он дар китобхонаҳои дунё маҳфуз аст. Он дар «Маҷмуаи рисолаҳо»-и Розӣ низ ба табъ расидааст. Китоби мазкур бори аввал аз тарафи устод Ҳасан Иброҳими Наққош ба забони тоҷикӣ тарҷима ва с. 1989 дар зимни «Мунтахаби осор»-и Закариёи Розӣ нашр шудааст. Онро шарқшиноси маъруфи тоҷик Тоҷиддини Мардонӣ ба забони русӣ тарҷима ва с. 1991 дар Душанбе ба табъ расондааст.
Ад.: Аҳмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуҳу ва аъломуҳу», Димишқ, 1982.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …