Главная / Илм / АУДИОМЕТРИЯ

АУДИОМЕТРИЯ

procedura-audiometrii-dlya-detej-i-vzroslyhАУДИОМЕТРИЯ (Audiometria; аз лот. audio – мешунавам ва …метрия), акуметрия (аз юн. akuo – мешунавам), чен кардани қувваи сомеа. Азбаски қувваи сомеа аз рӯи дарки ҳадди садо муайян карда мешавад, А.-ро барои аниқ кардани қувваи пасттарини садое, ки одам мешунавад, мувофиқ месозанд. Усули муқаррарии А. дарк кардани садоҳои гуногуни одам ё камертон аз масофаи ҳархела мебошад (20 – 25 м). Дар шароити муқаррарӣ сомеа ҳамон вақт беиллат ҳисобида мешавад, ки агар одам садои паст (пичир-пичир)-ро аз масофаи 6 – 7 м шунида тавонад. А.-ро асосан бо ёрии асбобҳои махсуси аудиоакустикӣ – аудиометрҳо амалӣ месозанд. Натиҷаи А. дар намуди аудиограмма навишта мешавад. Ҳадди шиддати овозро бо ёрии ҷадвал муайян намуда, бо ҳамин роҳ дараҷаи заъфи сомеаро аниқ месозанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …