Главная / Илм / АУДИОЛОГИЯ

АУДИОЛОГИЯ

f1cb0a489c98e112abcbb13c8e6f5b2cАУДИОЛОГИЯ (Augiologia; аз лот. audio – мешунавам ва юн. loges – таълимот), илм дар бораи шунавоӣ. А. ҳолати шунавоӣ, сабабҳои карӣ ва гӯшвазниниро омӯхта, усулҳои ташхис ва роҳҳои табобати онҳоро дарёфт менамояд. Дар ҳалли ин масъала омӯхтани таъсири омилҳои истеҳсолӣ (ғавғо, ларзиш, моддаҳои заҳрнок) ба шунавоӣ ва пешгирии онҳо мавқеи муҳим дорад. Мақсади асосии А. пешгирӣ намудани карӣ аст. Бо инкишофи ҷарроҳии гӯш, ки мурод аз он барқарор ё беҳтар намудани қобилияти шунавоӣ аст, вазифаҳои А. низ дучанд шуданд. Акнун А. натиҷаҳои ҷарроҳии гӯш ва зарур будан ё набудани онро низ меомӯзад. Яке аз соҳаҳои махсуси А. педаудиология ном дошта, он усулҳои ташхис ва табобати шунавоии кӯдаконро тадқиқ менамояд. Бо ин мақсад аз усулҳои аудиометрия ва электроэнсефалография истифода карда мешавад. Ихтилоли шунавоӣ дар кӯдакон имкон дорад, ки боиси ихтилоли нутқ низ гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …