Главная / Теги: Тиб (страница 182)

Теги: Тиб

АФШУРА

220px-oranges_and_orange_juice

АФШУРА, шира, шарбат, навъи нӯшокӣ. Аз мева, буттамева ва сабзавот тайёр мекунанд. Барои ғизои кӯдакон ва шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда, аъзои пешоббарор ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо гирифторанд, аҳамияти калон дорад. А. аз 10 – 30% ангиштоб (вобаста ба навъи А. ва миқдори қанди иловагӣ ), намакҳои минералӣ, витаминҳо, …

Муфассал »

АФЪӣ

360px-echis_carinatus_0

АФЪӣ (Echis carinatus), мори афъӣ, афъо, эфа, як навъ мори заҳрнок. Дар Африкаи Шимолӣ, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ ва диг. мавзеъҳо дучор меояд. Дар Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои ҷан.-ғарбӣ вомехӯрад. Дар шароити барои ҳаёт мусоид миқдори А. хеле зиёд мешавад. Мас., дар водии д. Мурғоб аз масоҳати 1,5 …

Муфассал »

АФЮН

1396332608_post-2-130

АФЮН (юн. ópion – шираи хашхош), моддае, ки аз шираи ғӯзаи хошхош (кӯкнор) ҳосил мекунанд. Маълумоти нахустин оид ба А. ба с-ҳои 300 то м. рост меоянд. А.-ро дар Юнони Қадим истифода мебурданд, хосиятҳои дардбарии он ба Буқрот маълум буд. Минбаъд истифодаи А. дар Ҳиндустон, Хитой расм шуд. Таркиби А. …

Муфассал »

АХИЛИЯ

ahiliya-360x200

АХИЛИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. chylós – шира), дар таркиби шираи меъда мавҷуд набудани кислотаи хлорид ва ферменти пепсин. А. узвӣ ва вазоифӣ мешавад. Ҳангоми А.-и узвӣ бофтаҳои ғадуди меъда табоҳ шуда, меъда шира ҷудо карда наметавонад. А. бемории луобпардаи меъда (атрофияи ғадуди меъда) ё зуҳуроти диг. …

Муфассал »

АХЛОРГИДРИЯ

achlorhydria_2

АХЛОРГИДРИЯ (Achlorhydria), дар таркиби шираи меъда вуҷуд надоштани кислотаи озоди хлорид (дар сурате, ки миқдори пепсин дар ҳадди эътидол ё андаке кам аст). А. сабабҳои вазоифӣ (мас., ҳангоми таъсироти рефлексӣ ба фаъолияти тарашшӯҳии меъда) ва узвӣ (мас., дар мавриди гастрити музмин, саратон ва полипози меъда) дорад. А. бидуни ягон аломат …

Муфассал »

АҲВАЛӣ

0-544-310x165

АҲВАЛӣ (Strabismus), олусӣ, ҳолати чашм, ки дар мавриди он хатти биниши як чашм ба чизи дидашаванда равон шуда, чашми дигар бошад, ба тарафи бинӣ ё чакка мегардад. А. дар натиҷаи ихтилоли ҳамкории мушакҳои чашм пайдо мешавад. Дар синни 2 – 3-солагӣ фаъолияти якҷояи ҳар ду чашм босуръат ташаккул меёбад. А. …

Муфассал »

АҲМАДОВ Додоҷон Маҳмудович

images

АҲМАДОВ Додоҷон Маҳмудович (1915, Хуҷанд – 1975, Душанбе), эндокринолог, номзади илмҳои тиб (1959), дотсент (1965), Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1966). Хатмкардаи Ин-ти давлатии тиббии Тошканд (1939). Духтури фтизиатри беморхонаи ноҳ. Ашт (1939 – 41), майори гвардияи хизмати тиббӣ дар ҶБВ (1941 – 45), сардухтури диспансери бемории сили ш. Ленинобод (ҳоло …

Муфассал »

АҲМАДОВ Карим Юсуфович

1332971328_caffeine_molecule_by_xl8r

АҲМАДОВ Карим Юсуфович (тав. 19. 11. 1917, Хуҷанд), физиолог, доктори илмҳои тиб (1967), проф. (1968). Ин-ти давлатии тиббии Тошкентро с. 1941 хатм карда, ба хизмати ҳарбӣ меравад. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45), духтури калони полкҳои савораи 267 ва 219-уми дивизияи кавалерии 104-уми Тоҷикистон, полки кавалерии гвардияи 56-уми дивизияи …

Муфассал »

АҲМАДОВ Саидилҳом Мухторович

4d34b110f_560x329

АҲМАДОВ Саидилҳом Мухторович (тав. 06. 10. 1960, деҳаи Пастиғави ноҳ. Мастчоҳи вил. Суғд), ҷарроҳ–гепатолог, доктори илмҳои тиб (2003), проф. (2006), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (1993), Аълочии тандурустии ҶТ (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1983). Духтур – интерни Беморхонаи клиникии №5-и ш. Душанбе (1983 – 84), ҷарроҳи беморхонаи марказии ноҳ. Коммунистӣ …

Муфассал »

АҲРОРОВА Зӯҳро Дадахоновна

ophthalmology

АҲРОРОВА Зӯҳро Дадахоновна (тав. 22. 03. 1940, ш. Андиҷони Ҷумҳурии ӯзбекистон), духтури офталмолог, доктори илмҳои тиб (1990), проф. (1992), Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон. Хатмкардаи ДДТТ (1963). Ординатори клиникӣ (1963 – 69), ассистент (1969 – 91) ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ (аз 1991). Дар мавзӯи «Санҷишҳои топографии ғалаёнӣ дар ташхиси …

Муфассал »