Главная / Илм / АУСКУЛТАТСИЯ

АУСКУЛТАТСИЯ

auskultaciyaАУСКУЛТАТСИЯ (лот. auscultatio – шунидан), усули шунавидани садоҳо (оҳанг, ғулғула, соиш ва ғ.)-и кори узвҳои бадани одам бо гӯш ё ба воситаи асбобҳои махсус, мас., фонендоскоп. А.-ро дар амалияи тиб с. 1819 духтури франсавӣ Р. Лаэннек ҷорӣ намудааст. А. дар соҳаи терапия, фтизиатрия, кардиология, акушерӣ, пулмонология, баъзан дар ҷарроҳӣ истифода мегардад. А. яке аз усулҳои муҳимми ташхиси узвҳои нафас ва гардиши хун мебошад. Бо кашф шудани таҷҳизоту асбобҳои электрӣ ва акустикӣ А. такмил ёфта, моҳияти ташхиси он афзунтар гардид.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …