Главная / Илм / АТ-ТАЛВЕҲ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНҚЕҲ

АТ-ТАЛВЕҲ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНҚЕҲ

0_14b515_5b31cb56_orig«АТ-ТАЛВЕҲ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНҚЕҲ», асари Фахриддин Муҳаммад ибни Абдуллатиф (Абдуллоҳ)-и Хуҷандӣ (ваф. 1157). «А.» мухтасари «Танқеҳу-л-макнун мин мабоҳиси-л-Қонун»-и худи муаллиф буда, «Танқеҳ» дар навбати худ мухтасари китоби «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад. Яъне муаллиф «Ал-Қонун фи-т-тиб»-ро як бор мухтасар карда, сипас ин мухтасарро боз мухтасартар кардааст. «А.» бо вуҷуди хурд будан, масъалаҳоеро дарбар гирифтааст, ки дар китобҳои муфассал ёфт намешаванд. Муаллиф ҳамчунин бисёр чизҳои тозаро, ки Ибни Сино зикр накардааст, дар китоб ворид намудааст. Китоб аз панҷ фан иборат аст: фанни аввал дар таърифи тиб, мавзӯи он ва дар умури табиӣ; фанни дуввум дар баёни бемориҳо ва сабабҳои онҳо; фанни севвум дар баёни ҳифзи тандурустӣ; фанни чаҳорум дар баёни намудҳои муолаҷаҳо; фанни панҷум дар баёни табҳо ва бӯҳронҳо. Сипас бар ин мухтасар табиб Лутфуллоҳи Мисрӣ шарҳи муфассал навишта, онро «Ат-Тасреҳ фӣ шарҳи-т-Талвеҳ» номидааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 1, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …