Главная / Теги: Саъдии Шерозӣ (страница 15)

Теги: Саъдии Шерозӣ

Гуноҳ аст

hqdefault

Гурўҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро ба маслиҳати-дар сухан хаме нуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомўш. Гуфтандаш: – Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нагўӣ? Гуфт: – Вазирон бар мисоли атиббоанду табиб дору надиҳад ҷуз соқимро. Чун бинам, ки раъи шумо барсавоб аст, маро бар сари он сухан …

Муфассал »

Муждае пеши Анушервон

jodu

Касе муждае пеши Анушервони одил оварад, ки шунидам, фалон душмани туро худой бардошт. Гуфт: – ҳеч шунидӣ, ки маро бигузошт? Агар бимурд аду, ҷои шодмонӣ нест, Ки зиндагонии мо низ ҷовидонӣ нест.

Муфассал »

Ду бародар

arab-asp

Ду бародар яке хидамати султон кардӣ ва дигаре бо зўри бозу нон хўрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки «Чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?». Гуфт: – Ту чаро кор накунӣ, то аз маззалати хидмат раҳои ёби, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хўрдану нишастан беҳ, ки камари зарин …

Муфассал »

Тоифаи бузургон

fatimah

Бо тоифаи бузургон ба кишти нишаста будам. Заврақе дар паи мо ғарк шуд. Ду бародар ба гирдобе дарафтоданд. Яке аз бузургон гуфт маллоҳро: «Бигир ин ҳардувонро, ки ба ҳар яке панҷоҳ динорат диҳам». Маллоҳ дар об афтод, то якеро бироҳанд, он дигар ҳалок шуд. Гуфтам: – Бақияти умраш намонда буд. …

Муфассал »

Писарони Ҳорун-ар-Рашид

musafes

Яке аз писарони Ҳорун-ар-Рашид пеши падар омад хашмолуд, ки фалон сархангзода  маро дашноми модар дод. Ҳорун  аркони давлатро гуфт: – ҷазои чунин кас чи бошад? Яке ишора ба куштан кард ва дигаре ба мусодира ва нафи. Ҳорун  гуфт: – Эй писар, карам он аст, ки авф кунӣ ва агар натавони, …

Муфассал »

Ҳикояи Соҳибдиле

darvesh

Яке аз вузаро ба зердастон раҳмат оварди ва салоҳи ҳамгинон ба хайр таввасут намудӣ. Иттифоқан ба хитоби малик гирифтор омад. Ҳамчунон  дар истихлоси ў саъй карданд ва муваккилон дар муоқибаташ мулотифат намуданд ва бузургон зикри сирати хубаш ба афвоҳ бигуфтанд, то малик аз сари итоби ў даргузашт, Соҳибдиле бар ин …

Муфассал »

Шайёд

осмони кабут

Шайёде гесувон бофт, ки ман алавиям ва бо қофилаи ҳиҷоз ба шахр даромад, ки аз ҳаҷ ҳамеоям ва қасидае пеши малик бурд, ман гуфтам, неъмати бисёраш фармуд ва икром кард. Яке аз нудамон ҳашрати подшоҳ, ки аз сафари дарё омада буд, гуфт: – Ман уро иди азҳо дар Басра дидам, …

Муфассал »

Анўшервон ва Вазирон

arab

Вузарои Анўшервон дар муҳимме аз масолеҳи мамлакат андеша мекарданд ва ҳар як рое ҳамезаданд ва малик ҳамчунин тадбире андеша кард. Бузарҷмеҳрро рои малик ихтиёр омад. Вазирон дар ниҳонаш гуфтанд: – Раъи маликро чӣ мазид дидӣ бар фикри чандин ҳаким? Гуфт: – Ба мўҷиби он ки анҷоми кор маълум нест ва …

Муфассал »

Подшоҳ ва бегуноҳ

arab

Подшоҳе ба куштани бегуноҳе фармон дод. Гуфт: – Эй малик, ба мўҷиби хашме, ки туро бар ман аст, бозори худ маҷўй, ки ин уқубат бар ман як нафас барояд ва базаи он бар ту ҷовид бимонад. Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт, Талхию хушию зишту зебо бигузашт. Пиндошт ситамгар, ки …

Муфассал »

Зуннуни Мисрӣ

arab

Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрӣ рафт ва ҳиммат хост, ки рўзу шаб ба хидмати султон машғулам ва ба хайраш умедвору аз уқубаташ тарсон. Зуннун бигрист ва гуфт: – Агар ман худойро азза ва ҷалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз ҷумлаи сиддиқон будаме. Гар на умеду биму роҳату ранҷ, …

Муфассал »