Главная / Гуногун / Ду бародар

Ду бародар

Ду бародар яке хидамати султон кардӣ ва дигаре бо зўри бозу нон хўрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки «Чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?».
Гуфт:
– Ту чаро кор накунӣ, то аз маззалати хидмат раҳои ёби, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хўрдану нишастан беҳ, ки камари зарин ба хидмат бастан».

Ба даст оҳани тафта кардан хамир
Беҳ, аз даст ба сина пеши амир.

***
Умри гаронмоя дар ин сарф шуд,
То чӣ хўрам сайфу чу пўшам шито
Эй шиками хира ба таъни бисоз,
То накуни пушт ба хидмат дуто.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …