Главная / Гуногун / Писарони Ҳорун-ар-Рашид

Писарони Ҳорун-ар-Рашид

Яке аз писарони Ҳорун-ар-Рашид пеши падар омад хашмолуд, ки фалон сархангзода  маро дашноми модар дод. Ҳорун  аркони давлатро гуфт:

– ҷазои чунин кас чи бошад?

Яке ишора ба куштан кард ва дигаре ба мусодира ва нафи. Ҳорун  гуфт:

musafes– Эй писар, карам он аст, ки авф кунӣ ва агар натавони, ту низаш дашноми модар деҳ, на чандон ки аз ҳад даргузарад, ки он гоҳ зулм аз тарафи ту бошаду даъво аз қибали хасм.

 

На мард аст он ба наздики хирадманд,
Ки бо пили дамон пайкор ҷўяд,
Бале, мард он кас аст аз рўи таҳқиқ
Ки чун хашм оядаш, ботил нагўяд.

***

Якеро зиштхўе дод дашном,
Таҳаммул карду гуфт: «Эй некфарҷом,
Батар з-онам, ки хоҳӣ гуфт, они,
Ки донам, айби ман чун ман надонӣ».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …