Яке аз вузаро ба зердастон раҳмат оварди ва салоҳи ҳамгинон ба хайр таввасут намудӣ. Иттифоқан ба хитоби малик гирифтор омад. Ҳамчунон дар истихлоси ў саъй карданд ва муваккилон дар муоқибаташ мулотифат намуданд ва бузургон зикри сирати хубаш ба афвоҳ бигуфтанд, то малик аз сари итоби ў даргузашт, Соҳибдиле бар ин иттилоъ ёфт ва гуфт:
То дили дўстон ба даст орӣ,
Бўстони падар фурўхта беҳ.
Пухтани деги некхоҳонро
Ҳар чи рахти сарост, сўхта беҳ,
Бо бадандеш ҳам накўи кун,
Даҳани саг ба луқма дўхта беҳ.