Гурўҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро ба маслиҳати-дар сухан хаме нуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомўш. Гуфтандаш:
– Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нагўӣ?
Гуфт:
– Вазирон бар мисоли атиббоанду табиб дору надиҳад ҷуз соқимро. Чун бинам, ки раъи шумо барсавоб аст, маро бар сари он сухан нуфтан ҳикмат набошад.
Чу коре бе фузули ман барояд,
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.
В-агар бинам, ки нобиною чоҳ аст,
Агар хомўш биншинам, гуноҳ аст.