Шайёд

Шайёде гесувон бофт, ки ман алавиям ва бо қофилаи ҳиҷоз ба шахр даромад, ки аз ҳаҷ ҳамеоям ва қасидае пеши малик бурд, ман гуфтам, неъмати бисёраш фармуд ва икром кард.
Яке аз нудамон ҳашрати подшоҳ, ки аз сафари дарё омада буд, гуфт:
– Ман уро иди азҳо дар Басра дидам, ҳоҷӣ чӣ гуна бошад?
Дигаре гуфто:
– Падараш насронӣ буд ва дар Малатия. Писари Шариф чӣ гунна бошад?
Ва шеърашро ба девони Анварӣ дарёфтанд.

Малик фармуд, то бизанандаш ва нафи кунанд, то чандин дуруғ чаро гуфт.
Гуфт:
– Эй худованди рўи замин, як сухани дигар дар хидматат бигуям, агар рост набошад, ба ҳар уқубат, ки фармои, сазоворам.
Гуфт:
– Бигу то он чист?
Гуфт:

Гарибе гарат мост пеш овард,
Ду паймона об асту як ҷумла дўғ.
Гар аз банда лағве шунидӣ, бубахш
Ҷаҳондида бисёр гўяд дурўғ.

Маликро ханда гирифт ва гуфт:
– Аз ин ростар сухан дар умри худ нагуфтаӣ?
Пас фармуд, то он чи маъмули ўст, муҳайё доранд, то ба хушӣ биравад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …