Главная / Гуногун / Анўшервон ва Вазирон

Анўшервон ва Вазирон

Вузарои Анўшервон дар муҳимме аз масолеҳи мамлакат андеша мекарданд ва ҳар як рое ҳамезаданд ва малик ҳамчунин тадбире андеша кард. Бузарҷмеҳрро рои малик ихтиёр омад.

Вазирон дар ниҳонаш гуфтанд:
– Раъи маликро чӣ мазид дидӣ бар фикри чандин ҳаким?
Гуфт:
– Ба мўҷиби он ки анҷоми кор маълум нест ва рои ҳамгинон дар машият аст, ки савоб ояд ё хато. Пас, мувофиқати раъи малик авлитар аст, то агар хилофи савоб ояд, ба иллати мутобеати ў аз муоқибат эмин бошам, ки гуфтаанд:

Хилофи раъи султон раъй ҷустан,
Ба хуни хеш бошад даст шустан.
Агар худ рўзро гўяд шаб аст ин,
Бубояд гуфтан: инак моҳу парвин.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …