Хабарҳои охирин

«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӣ»

kodiri

«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӣ», асари тиббии Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавӣ маъруф ба Арзонӣ. С. 1717 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Қ. Қ.» яке аз қарободинҳои шомилу комил буда, ба исми шайх Абдулқодири Гелонӣ номгузорӣ шудааст. «Қ. Қ.» аз 23 боби асосӣ ва хотима иборат аст. Муаллиф дар он ҳамаи доруҳои мураккаби дар …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ САМАРҚАНДӣ»

sobur

«ҚАРОБОДИНИ САМАРҚАНДӣ», асари Наҷибуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умари Самарқандӣ (ваф. 1222). Дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Китоб аз бист боб иборат мебошад. Доруҳои мураккаб дар он ба тартиби бемориҳову иллатҳои бадан дастабандӣ шудаанд: боби аввал дар доруҳои бемориҳои сар; боби дуввум дар доруҳои чашм; …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ СОБУР»

karaboduni-sobur

«ҚАРОБОДИНИ СОБУР», асари Собур ибни Саҳли Гундишопурӣ (ваф. дар ҳудуди 869). Китоб дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин аввалин қарободин ба забони арабист. Он аз 22 боб иборат буда, аз бози таълиф (авохири қарни севвуми ҳиҷрӣ) то зуҳури «Қарободини Ибни Тилмиз» (нимаи қарни шашуми ҳиҷрӣ) …

Муфассал »

ҚАФАСИ СИНА

kafasi-sina

ҚАФАСИ СИНА (Thorax, pectus), сандуқи сина, як қисми скелет. Қ.с. аз бахши синагии сутунмӯҳра, 12 ҷуфт қабурға ва устухони тӯш (сарсина) иборат аст. Қ. с. шакли конуси сарбуридаро дошта, аз болою поён сӯрох мебошад. Вобаста ба ҷинс, синну сол ва ҷусса шакли Қ. с. низ тағйир меёбад. Қ. с.-и мардҳо …

Муфассал »