Главная / Илм / ҚАФАСИ СИНА

ҚАФАСИ СИНА

kafasi-sinaҚАФАСИ СИНА (Thorax, pectus), сандуқи сина, як қисми скелет. Қ.с. аз бахши синагии сутунмӯҳра, 12 ҷуфт қабурға ва устухони тӯш (сарсина) иборат аст. Қ. с. шакли конуси сарбуридаро дошта, аз болою поён сӯрох мебошад. Вобаста ба ҷинс, синну сол ва ҷусса шакли Қ. с. низ тағйир меёбад. Қ. с.-и мардҳо конусшакл, Қ. с.-и занҳо силиндршакл аст.
Ҷавфи синаро аз поён диафрагма аз ҷавфи шикам ҷудо мекунад. Ҷавфи сина гуфта фазоеро меноманд, ки бо девораи сина ва диафрагма иҳота шудааст. Дар он миёнадевор бо рагҳои хун, асабҳо, сурхрӯда ва хирной, перикард бо дил ва ду халтаи плевра бо шушҳо ҷой гирифтаанд. Ба Қ.с. мушакҳои бозу ва тахтапушт, нафаскашӣ ва сина пайваст шудаанд.
Дар Қ. с.осебу бемориҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд. Яке аз осебҳои маъмули Қ. с. деформатсияи он аст. Деформатсия модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Деформатсияи ғайримодарзодӣ нисбатан бештар дучор меояд. Сабаби он сколиоз, рахит, сили устухон, бемориҳои римноки шуш ва плевра мебошанд. Баъзан Қ. с. ба дараҷае деформатсия мешавад, ки фаъолияти узвҳои нафаскашӣ ва гардиши хун тағйир меёбад.
Қ. с.-и бисёр одамон паҳн аст. Он фақат нуқси андаки кометикӣ маҳсуб мешавад. Қ.с.-и қифшакл нуқси модарзодӣ буда, ар ҳар синну сол ба мушоҳида мерасад. Қ. с.-и «мурғмонанд» бештар ҳангоми кифоз дучор меояд (сарсина ҷаста берун мебарояд). Қ. с.-и бочкашакл бар асари бемории эмфиземаи шуш пайдо мешавад.
Дар Қ. с. мумкин аст осебҳои кушода ва пӯшида ба вуҷуд оянд. Осебҳои пӯшидаи Қ. с. лату фишор хӯрдани онро дарбар мегиранд. Дар натиҷаи осебҳои Қ. с. мумкин аст қабурға, сарсина ва мӯҳраҳо шикананд, узвҳои дарунӣ сахт зарар бинанд (мас., даридани плевра, кафидани шуш, диафрагма ва ғ.). Аломатҳои болинии осеби пӯшидаи сина пайдо шудани дард, ихтилоли нафаскашӣ ва фаъолияти дил мебошанд. Бисёр вақт шоки садамавӣ низ рух менамояд.
Захми Қ. с. мумкин аст шикофанда ва сатҳи бошад. Дар аснои захми шикофанда дил, рагҳои хунгард, шуш, хекиртак, бронхҳо, сурхрӯда ва диг. узвҳо низ осеб меёбанд. Дар мавриди захм бардоштан ва осебҳои Қ. с. аз рагҳо хун шорида, дар ҷавфи плевра ҷамъ мегардад. Дар натиҷа гемоторакс ба вуҷуд меояд. Ҳангоми ба ҷавфи плевра роҳ ёфтани ҳаво бошад, муҷиби пневмоторакс мешавад.
Бемориҳои римноку илтиҳобӣ метавонанд ҳам дар узвҳои ҷавфи сина (думбал, плеврит, перикардит) ва ҳам дар тамоми қабатҳои девораи сина инкишоф ёбанд. Хусусан остеомиелит, сил ва актиномикози қабурғаҳою сарсина вазнин мебошанд. Дар Қ. с. ҳамчунин имкон дорад омосҳои гуногуни ғайрисаратонӣ (лимфангиома, липома, рабдомиома) ва саратонӣ (меланомаи пӯст, саркома, синовиома) ташаккул ёбанд.
КЛ
Қафаси сина; намуд аз пеш: 1 – сӯрохи болои қафаси сина; 2 – кунҷи таҳтичаноғӣ; 3 – сӯрохи поёни қафаси сина.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …