Главная / Илм / «ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӣ»

«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӣ»

kodiri«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӣ», асари тиббии Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавӣ маъруф ба Арзонӣ. С. 1717 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Қ. Қ.» яке аз қарободинҳои шомилу комил буда, ба исми шайх Абдулқодири Гелонӣ номгузорӣ шудааст. «Қ. Қ.» аз 23 боби асосӣ ва хотима иборат аст. Муаллиф дар он ҳамаи доруҳои мураккаби дар тиб маъмул ва муҷарработи аҳли Ҳиндро ба ҳасби бемориҳо гурӯҳбандӣ ва дар 23 боб ба тартиби алифбо ёд кардааст: боби якум дар адвияи бемориҳои сар; боби дуввум дар адвияи бемориҳои чашм; боби севвум дар адвияи бемориҳои гӯш; боби чаҳорум дар адвияи бемориҳои бинӣ ва мутааллиқоти он; боби панҷум дар адвияи бемориҳои лаб; боби шашум дар адвияи бемориҳои дандон ва лисса; боби ҳафтум дар адвияи бемориҳои даҳон, забон ва ҳалқ; боби ҳаштум дар адвияи бемориҳои хуноқ ва забҳа; боби нӯҳум дар адвияи бемориҳои ҳанҷара ва қасабаи риа ва марӣ (сурхрӯда); боби даҳум дар адвияи бемориҳои шуш, сина ва ҳиҷоб; боби ёздаҳум дар адвияи бемориҳои дил; боби дувоздаҳум дар адвияи бемориҳои меъда; боби сездаҳум дар адвияи бемориҳои ҷигар, заҳра, сипурз ва ярақон; боби чаҳордаҳум дар адвияи бемориҳои амъо (рӯдаҳо), қуланҷ, исҳол, заҳир, саҳҷ (реши рӯда), мағс ва дидон (кирмҳо); боби понздаҳум дар адвияи бемориҳои гурда ва масона; боби шонздаҳум дар адвияи бемориҳои мақъад, раҳм, қубул ва бавосир; боби ҳафтдаҳум дар адвияи бемориҳои пистон, хуся ва олат ва (адвияи) муқаввии боҳ, монеи суръати инзол ва муқаллилаи боҳ; боби ҳаждаҳум дар адвияи бемориҳои мафосил, ваҷъу-з-зуҳр (миёндард), ҳадаба (кӯзапуштӣ), риёҳу-л-африса (беҷошавии мӯҳраҳо), зонудард, ниқрис, ирқу-н-насо, даволӣ, доу-л-фил, вазъу-л-ақаб (пошнадард) ва ваҷъи каффи-р-риҷл (дарди кафи пой); боби нуздаҳум дар адвияи табҳо; боби бистум дар адвияи бемориҳои пӯст: авром, бусур, ҷуруҳ, қуруҳ, ҷараб, қубо, барас, баҳақ, ҷузом, иҳтироқи ҷилд (сӯхтагии пӯст) ва амсоли инҳо; боби бистуякум дар адвияи зарба ва сақта (латхӯрдагӣ ва афтидагӣ); боби бистудуввум дар тадбири мусофирон ва доруҳое, ки ба ҳолати аҳли сафар тааллуқ доранд; боби бистусеввум дар адвияи каси масмум, малсуъ ва малзуъ (каси заҳролудшуда ва каси ҷондор газидагӣ) ва дар тадбири таҳарруз аз сумм (заҳр). Хотима дар баён роҳу усулҳои доруҳоро таркиб додан баҳс мекунад. Китоб борҳо ба усули сангӣ дар Ҳиндустон ба табъ расидааст.
Ад.: Муҳаммадакбари Арзонӣ, «Қарободини Қодирӣ», Ҳинд, 1886.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …