Главная / Илм / «ҚАРОБОДИНИ СОБУР»

«ҚАРОБОДИНИ СОБУР»

karaboduni-sobur«ҚАРОБОДИНИ СОБУР», асари Собур ибни Саҳли Гундишопурӣ (ваф. дар ҳудуди 869). Китоб дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин аввалин қарободин ба забони арабист. Он аз 22 боб иборат буда, аз бози таълиф (авохири қарни севвуми ҳиҷрӣ) то зуҳури «Қарободини Ибни Тилмиз» (нимаи қарни шашуми ҳиҷрӣ) дар дӯконҳои доруфурӯшӣ ва бемористонҳои Бағдод чун дастуруламал ва мавриди истифодаи пизишкону дорушиносон қарор дошт.
Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 5, Теҳрон.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …