Главная / Илм / «ҚАРОБОДИНИ САМАРҚАНДӣ»

«ҚАРОБОДИНИ САМАРҚАНДӣ»

sobur«ҚАРОБОДИНИ САМАРҚАНДӣ», асари Наҷибуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умари Самарқандӣ (ваф. 1222). Дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Китоб аз бист боб иборат мебошад. Доруҳои мураккаб дар он ба тартиби бемориҳову иллатҳои бадан дастабандӣ шудаанд: боби аввал дар доруҳои бемориҳои сар; боби дуввум дар доруҳои чашм; боби севвум дар доруҳои бинӣ; боби чаҳорум дар доруҳои гӯш; боби панҷум дар доруҳои дандонҳо; боби шашум дар доруҳои даҳон, забон ва ҳалқ; боби ҳафтум дар доруҳои сина; боби ҳаштум дар доруҳои қалб; боби нӯҳум дар доруҳои меъда; боби даҳум дар доруҳои ҷигар, заҳра ва испурз; боби ёздаҳум дар доруҳои рӯдаҳо; боби дувоздаҳум дар доруҳои исҳол; боби сездаҳум дар доруҳои кирмҳо; боби чаҳордаҳум дар доруҳои гурдаҳову масона; боби понздаҳум дар доруҳои мақъад ва раҳм (бачадон); боби шонздаҳум дар доруҳои пистонҳо, хусяҳо (хояҳо) ва закар; боби ҳафтдаҳум дар доруҳои ниқрис; боби ҳаждаҳум дар доруҳои табҳо; боби нуздаҳум дар доруҳои ҷароҳатҳо; боби бистум дар доруҳои оростагӣ (косметика).
«Қ. С.» яке аз китобҳои намунавӣ оид ба тавсифномаҳои тиббӣ (ретсептҳо) маҳсуб мешавад.
Ад.: Бадриддин ал-Қалонасӣ, «Ақрабозину-л-Қалонаси», бо муқаддима, таҳқиқ ва тавзеҳоти доктор Муҳаммад Зуҳайр ал-Бобо, Ҳалаб, 1983.
С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …