Хабарҳои охирин

МАГНОЛИЯ

magnoliya

МАГНОЛИЯ (Magnolia grandiflora), дарахтест ҳамешасабз. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12 – 25 см, бараш 4 – 12 см), гули сафеди калони хушбӯй (диаметраш 10 – 22 см), баргмеваи чалғӯзашакл (дарозиаш то 12 см, бараш то 6 см), тухми лӯбиёмонанд дорад. М. аз набототи Америкаи Шимолӣ …

Муфассал »

МАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ

magzi-darozruya

МАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ (Medulla oblongata), давоми ҳароммағз дар косахонаи сар; дар байни майнаи қафо ва ҳароммағз ҷойгир аст. Аз ядрои М. д. асабҳои ҷумҷумаю мағзии забону ҳалқ, гумроҳ, изофагӣ ва зери забон ибтидо меёбанд. Ба тавасути М. д. рагҳое мегузаранд, ки импулсҳоро аз ҳароммағз ба мағзи сар ва аз мағзи сар …

Муфассал »

МАҒЗИ САР

magzi-sar

МАҒЗИ САР (Encephalon), қисми пеши силсилаи асабҳои марказӣ, ки дар ҷавфи косахонаи сар (ҷумҷума) ҷой гирифтааст. Он аз нимкураҳо, тана ва майнача иборат аст. Вазни М. с.-и одами калонсол 1200 – 1400 г мебошад. М.с.-и кӯдаки навзод ба ҳисоби миёна 350 г вазн дорад, ки ҳаштяк ё даҳяки вазни умумии …

Муфассал »

МАҒЗИ УСТУХОН

magzi-ustugon

МАҒЗИ УСТУХОН (Medulla ossium), узви хуну устухонофар ва ҳифзи биологии организм; дар ҷавфи моддаи исфанҷии устухон ҷой гирифтааст. Ташаккули М. у. дар тифли батн дар охири моҳи сеюми рушди он хотима ёфта, дар моҳҳои 4 – 5 ба фаъолият (ҳосил кардани хун) оғоз мекунад. Дар навзодон массаи М. у. тақр. …

Муфассал »

МАҒЗЧА

magzcha

МАҒЗЧА (Cerebellum), майнача, як қисми мағзи сар. М. дар координатсияи ҳаракат, ҳифзи ҳолату вазъи тан, тонус ва мувозанати бадан ширкат меварзад. Дар чуқураки қафои ҷумҷума дар болои мағзи дарозрӯя ва пули Варолио мавқеъ гирифтааст. Дар болои М. ҳиссаҳои пасисарии майна мавқеъ ёфтаанд; дар байни онҳо ва М. шохаи сахти майнапарда …

Муфассал »