Главная / Илм / МАҒЗИ УСТУХОН

МАҒЗИ УСТУХОН

magzi-ustugonМАҒЗИ УСТУХОН (Medulla ossium), узви хуну устухонофар ва ҳифзи биологии организм; дар ҷавфи моддаи исфанҷии устухон ҷой гирифтааст.
Ташаккули М. у. дар тифли батн дар охири моҳи сеюми рушди он хотима ёфта, дар моҳҳои 4 – 5 ба фаъолият (ҳосил кардани хун) оғоз мекунад. Дар навзодон массаи М. у. тақр. 40 г (1,4% массаи бадан) аст. Бо мурури сабзиши устухон ва калон гаштани ҳаҷми ҷавф массаи М. у. афзуда, дар одами калон ба 2600 – 3000 г (тақр. 4,6% массаи бадан) мерасад. М. у. ҳамчунин дар таҷзияи эритроситҳо, истифодаи оҳан, синтези гемоглобин иштирок намуда, захирагоҳи липидҳо аст. Азбаски М. у. дар таркиби худ лимфоситҳо ва фагоситҳои мононуклеинӣ дорад, дар аксуламалҳои масунӣ (иммунӣ) ширкат менамояд.
М. у. сурх ва зард мешавад. М. у.-и сурх (миелоидӣ) бофтаи фаъоли хунофар аст; дар он ҳуҷайраҳои хун (эритроситҳо, гранулоситҳо, лимфоситҳо, моноситҳо, тромбоситҳо) ташаккул меёбанд. М. у.-и зард (чарбӣ) чандон фаъол набуда, аз ҳуҷайраҳои чарбӣ таркиб ёфтааст. Дар бофтаҳои М. у. рагҳои сершумори хунгард ва шабакаи мӯрагҳои синусоидӣ мавҷуданд, ки тавассути масомаи онҳо бофтаи хунофари М. у. бевосита бо хун тамос дорад. Дар М. у. ҳуҷайраҳои ноболиғ ва болиғи хун дучор меоянд; он ҳамчунин аз унсурҳое, ки мансуби фагоситҳои мононуклеинӣ мебошанд, ғанӣ аст.
Таносуби М. у. – и сурх ва зард гуногун буда, ба синну сол, таъсири омилҳои эндогенӣ ва экзогенӣ вобастагӣ дорад. Дар давраҳои аввали кӯдакӣ дар устухонҳои паҳн ва найчашакл М. у.-и сурхи фаъол мавҷуд аст, ки баъди 4 сол тадриҷан бо ҳуҷайраҳои чарбӣ иваз мешавад. Дар синни 25-солагӣ диафизи устухонҳои найчашакл аз ҳуҷайраҳои чарбӣ пур мешавад; дар устухонҳои паҳн онҳо тақр. 50%-и ҷавфро ишғол менамоянд. Дар пиронсолӣ миқдори ҳуҷайраҳои чарбӣ дар М. у. тадриҷан меафзояд.
Таҳқиқи гистологии М. у. ба мақсади арзёбии вазъи хунофарӣ, тасдиқи ташхиси бемориҳои хун, мас., камхунӣ, лейкозҳо, ҳамчунин санҷиши натиҷаи таъсири доруҳо гузаронда мешавад. М. у.-ро бо усули трепанобиопсия мегиранд: бо сӯзани махсус устухони тиҳигоҳ ё девораи пеши устухони чаноғ (сарсина)-ро шикофта, каме М. у.-ро берун меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …