Хабарҳои охирин

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО, тавобил, моддаҳое,ки барои беҳтар кардани мазаи хӯрок истифода мешаванд. Ба М. забуда, ҷавҳари лиму, кислотаи атсетат, моддаҳои бӯё (ванил, ванилин, ҷавҳари мушкин), намаки ош ва ғ. мансубанд. М. нерубахш набошанд ҳам, хӯрокро хуштамъ мекунанд, иштиҳовар ва хушҳазманд, кори рӯдаҳоро метезонанд. М. ба хӯрок омехта шуда, ба асабҳои …

Муфассал »

МАГАС

magas

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд аст. Бадани М.-ҳо тира буда, баъзан зард, кабуд ё сабзи ҷилодор низ мешаванд. Ҳаёти аксари М.- ҳо бо манзили одам зич алоқаманд аст. Баъзе намуди М.-ҳо аз растанӣ, намудҳои дигар аз моддаҳои пӯсидаи органикӣ (наҷосати …

Муфассал »

МАГНИЙ

magniy

МАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев, рақами ат. 12, массаи ат. 24,305. М.-и табиӣ аз 3 изотопи собит – 24 Mg (78,60%), 25 Mg (10,11%) ва 26 Mg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш – 23 Mg, 27 Mg, 28 Mg низ ҳосил карда шудааст. …

Муфассал »

МАГНИТИ ЧАШМ

magniti-chashm

МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологӣ барои аз ғӯзаи чашм ва бофтаҳои он берун овардани ҷисмҳои бегона (зарраҳои оҳан, пӯлод ва ғ.) кор мефармоянд. М. ч. электрӣ ва доимӣ мешавад. Дар М.ч. майдони магнитиро ба тавассути ҷараёни барқ ҳосил мекунанд. М.ч. – и доимиро аз хӯлаҳои махсус месозанд; …

Муфассал »

МАГНИТОТЕРАПИЯ

magnitoterapiya

МАГНИТОТЕРАПИЯ (Magnetotherapia), яке аз усулҳои физиотерапия. Бо мақсади табобат майдони магнитии баланд ё пастбасомад, импулсӣ ё ғайримуттасил кор фармуда мешавад. Майдони магнитӣ ба фаъолияти силсилаи асабҳои вегетативӣ таъсири мусоид дорад. Он ҳассосияти дастгоҳи ретсепторӣ ва асабҳои канориро кам карда, ҳамин тавр таъсири бедардгардонӣ мерасонад; вай ҳамчунин танзими нейрорефлексии фаъолияти узву …

Муфассал »