Главная / Илм / МАГНОЛИЯ

МАГНОЛИЯ

magnoliyaМАГНОЛИЯ (Magnolia grandiflora), дарахтест ҳамешасабз. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12 – 25 см, бараш 4 – 12 см), гули сафеди калони хушбӯй (диаметраш 10 – 22 см), баргмеваи чалғӯзашакл (дарозиаш то 12 см, бараш то 6 см), тухми лӯбиёмонанд дорад. М. аз набототи Америкаи Шимолӣ аст. Дар Тоҷикистон онро чун дарахти ороишӣ мепарваранд. Дарахти намиталаб ва сармобардор буда, дар шароити иқлими ҷумҳурӣ то сармои 17 – 180С зарар намебинад. Аз май то сент. гул мекунад. М. яке аз беҳтарин дарахтони ороишӣ аст.
Дар амалияи тибби муосир аз барги М. қиёми ғализе тайёр мекунанд, ки чун давои пасткунандаи фишори хун истифода мешавад. Доруи мазкур хусусан дар давраҳои аввали беморӣ манфиати бештар мерасонад. Духтурон истеъмоли онро рӯзе 3 маротиба 20 – 30 чакрагӣ тавсия медиҳанд. Давраи муолиҷа 3 – 4 ҳафта аст. Муолиҷаро пас аз 1 – 2 моҳ такрор кардан лозим.
Ад.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1965.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

kodirovanie

ТАРЗҲОИ КОДИРОНИИ ИНФОРМАТСИЯ

Кодиронии рақамии иттилоотҳои намудашон гуногун. Раванди ташаккули тарзи муайяни тасвири информатсияро кодиронии (рамзсозӣ, рамзбандӣ) информатсия мегўянд. …