Главная / Илм / МАГАС

МАГАС

magasМАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд аст. Бадани М.-ҳо тира буда, баъзан зард, кабуд ё сабзи ҷилодор низ мешаванд. Ҳаёти аксари М.- ҳо бо манзили одам зич алоқаманд аст. Баъзе намуди М.-ҳо аз растанӣ, намудҳои дигар аз моддаҳои пӯсидаи органикӣ (наҷосати одаму ҳайвонот, пасмондаи хӯрок ва ғ.) ғизо мегиранд; М.-ҳое низ ҳастанд, ки хуни одам ва ҳайвонотро мемаканд.
М.-ҳо ангезандаи бисёр бемориҳои одаму ҳайвонотро паҳн мекунанд. М.- ҳои хунмак (мас., магаси тирамоҳӣ) барои макидани хун ба ҳайвоноти касал, сипас ба одам дарафтода, боиси паҳн гаштани бемориҳои хавфнок – брутселлёз, сӯхтанӣ, туляремия ва ғ. мегарданд. Дар Африка М.-ҳои хунмак (сетсе) интиқолдиҳандаи трипаносомаҳо (ангезандаи бемории серхобӣ) мебошанд. М.-ҳои хунлес (мас., М.-и бозор) ангезандаи бемории чашм (трахома, конъюнктивити вогир)-ро паҳн мекунанд.
Баъзе намуди М.-ҳо (хармагас ва магаси волфрат) зери пӯст тухм мегузоранд. Агар кирминаи онҳоро фавран нест насозанд, бофтаҳоро то худи устухон мехӯранд. Фаъолияти кирминаҳои чунин М.- ҳо бо газаки ҷойҳои осебдида, хунравӣ, инкишофи окила ҷараён мегирад (ниг. Миаз).
Гурӯҳи ба истилоҳ М.-ҳои ҳамахӯр (М.-ҳои муқаррарӣ, кабуд, баҳорӣ ва ғ.) дар интишори бемориҳои сироятӣ басо фаъоланд. Чунин М.-ҳо аз хӯрокворӣ (нон, шир, гӯшт ва ғ.), пасмондаи хӯрок, инчунин наҷосати одаму ҳайвонот (аз он ҷумла беморон) ғизо гирифта, хӯроквориро бо ангезандаҳои бемории сил, касалиҳои рӯда (исҳоли хунин, домана, паратифҳо, вабо, гепатити А, гастроэнтерит ва ғ.) олуда мекунанд. М.-ҳо баъзе ангезандаҳои бемори (махсусан тухми киҷҷаҳо)-ро дар пою хартумчаашон мекашонанд, ангезандаҳои дигар (мас., ангезандаи бемориҳои рӯда)-ро ҳангоми ғизогирӣ фурӯ мебарад ва минбаъд дар натиҷаи ихроҷи наҷосат паҳн мекунанд. Сирояту интишори ин ё он беморӣ ба манбаи ғизо ва ҷои тухмгузории М.-ҳо вобаста аст.
Тадбирҳои ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин баҳри мубориза бо М. аҳамияти калон доранд. Дуруст сохтану истифода бурдани ҳоҷатхонаҳо, тоза кардани чоҳҳои ахлот (камаш як маротиба дар 2 моҳ), ғун кардан ва дар зарфҳои махсус ба ҷойҳои муқарраршуда бурда партофтани пасмондаи хӯрок, тӯр кашидан ба дару тирезаи биноҳои истиқоматӣ, нигоҳ доштани хӯрок дар ҷевонҳои дарбаста ва ғ. аз ҷумлаи тадбирҳои мубориза бо М.-ҳо маҳсуб меёбанд. Тадбирҳои маҳви М.-ҳо бояд пеш аз ҳама дар ҷойҳои ғуншавӣ ва тухмгузории онҳо андешида шаванд. Барои нест кардани кирминаи М.-ҳо аз эмулсияи обии 0,2% -и трихлофос, 0,5 – 1,0%-и карбофос, 10%-и преолин ва ғ. истифода мебаранд.Дар чоҳи ахлот ва ҳоҷатхонаҳои умумӣ оҳаки хлордори хушк ва гексахлоран мепошанд. Дар фурӯш аэрозолҳои махсус (мас., дихлофос) ҳастанд, ки тавассути онҳо нафақат М.-ҳо, балки хомӯшаку кӯрпашшаҳоро низ нест кардан мумкин аст.

А.Саидов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО, тавобил, моддаҳое,ки барои беҳтар кардани мазаи хӯрок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …