Главная / Илм / МАГНИТИ ЧАШМ

МАГНИТИ ЧАШМ

magniti-chashmМАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологӣ барои аз ғӯзаи чашм ва бофтаҳои он берун овардани ҷисмҳои бегона (зарраҳои оҳан, пӯлод ва ғ.) кор мефармоянд. М. ч. электрӣ ва доимӣ мешавад. Дар М.ч. майдони магнитиро ба тавассути ҷараёни барқ ҳосил мекунанд. М.ч. – и доимиро аз хӯлаҳои махсус месозанд; онҳо зуд магнитнок шуда, ин хосияти худро дуру дароз нигоҳ медоранд. Барои берун овардани ҷисмҳои бегонаи мултаҳима, қарния ва қисми пеши ғӯзаи чашм аз М.ч.-и доимӣ истифода мебаранд. Электромагнитҳои пуриқтидори чашм барои берун овардани ҷисмҳои бегонае, ки чуқур ҷой гирифтаанд (ба воситаи бурриши пардаи берунии ғӯзаи чашм), ба кор мераванд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

magas

МАГАС

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд …