Хабарҳои охирин

ДАВРАИ КЛИМАКС

klimaks

ДАВРАИ КЛИМАКС (Climax, climacterium), давраи гузариш аз балоғати ҷинсӣ ба пирӣ. Дар Д. к. фаъолияти узвҳои таносул тадриҷан суст мегардад. Д. к. дар занон бештар дар 45 – 50-солагӣ, дар мардон дар 50 – 55-солагӣ оғоз меёбад. Д. к.-и занон шадиду зуд (дар 3 – 5 сол), Д. к.-и мардон …

Муфассал »

ДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ

nachalo-bol

ДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ (Stadium prodromorum), давраи пешхабар, марҳалаи аввали бемории сироятӣ, ки дар аснои он аломатҳои аввалини беморӣ – беиштиҳоӣ, бесомонии хоб, дарди сар, беқувватӣ ва ғ. пайдо мешаванд. Д. ҳангоми бемориҳои сироятӣ баъди давраи инкубатсия (давраи ниҳонӣ) сар мешавад. Пас аз Д. аломатҳои хоси ин ё он маризӣ (таб, …

Муфассал »

ДАВРАИ ҲАЙЗ

hayz

ДАВРАИ ҲАЙЗ (Cyslus menstrualis), ҷараёни мураккаби биологист, ки ҳангоми он дар организми зан, хусусан тухмдону бачадон, тағйироти сиклӣ (даврӣ) рӯй дода, бо тарашшӯҳи хунолуд аз узвҳои таносул хотима меёбад. Тағйироти сиклии организми зан бо иштироки асбияи марказӣ (қишри мағзи сар, гипоталамус, гипофиз) ҷараён мегирад. Гипоталамус муҳимтарин қисми мағзи сар аст, …

Муфассал »

ДАКРИОАДЕНИТ

dakrioadenit

ДАКРИОАДЕНИТ (Dacryoadenitis; аз dakryon – ашк ва aden – ғадуд), илтиҳоби ғадуди ашк. Сабаби Д. бисёр вақт сироят кардани ангезандаи бемориҳои гуногун (ангина, грипп, махмалак, паротити вогир, сурхча, сил, сифилис ва ғ.) мебошад. Д., одатан, дар як тараф ба вуҷуд меояд. Д.-и дутарафа дар мавриди паротити вогир пайдо мешавад. Д.-и …

Муфассал »

ДАКРИОСИСТИТ

dakriosistit

ДАКРИОСИСТИТ (Dacriocystitis; аз юн. dacryon – ашк ва kystis – ҳубоб, халта), газаки ашкдон. Аз сабаби баста шудани ашкроҳаи байни бинию чашм, ки ковокии ашкдонро бо ковокии бинӣ мепайвандад, ба вуҷуд меояд; дар натиҷа фаъолияти маҷрои ашк халал ёфта, боиси васеъ шудану варам кардани ашкдон мегардад. Ашкроҳа ҳангоми бемориҳои луобпарда, …

Муфассал »