Главная / Ҷамъият (страница 125)

Ҷамъият

Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

moddai-191-kodeksi-mehnat

Моддаи 191-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар Ҳангоми аз ҷониби кормандон дастаҷамъона анҷом додани намудҳои алоҳидаи кор вобаста ба нигоҳдорӣ, коркард, фурўш (интиқол), боркашонӣ, қабул ё дигар истифодабарии дороиҳо, дар мавриди расонидани зарар муайян карда натавонистани ҷавобгарии ҳар яки онҳо ва бо онҳо бастани шартнома оид ба …

Муфассал »

Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

moddai-190-kodeksi-mehnat

Моддаи 190-и Кодекси Меҳнат. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо Ба зиммаи корманд ҷавобгарии пурраи моддӣ барои зарари ба корфармо расонидашуда дар ҳолатҳои зерин вогузор карда мешавад: – таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси шартномаи хаттӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии ба …

Муфассал »

Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд

moddai-189-kodeksi-mehnat

Моддаи 189-и Кодекси Меҳнат. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд Корманд барои зарари расонидашуда дар доираи музди миёнаи моҳонаи худ ҷавобгарии моддӣ дорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

moddai-188-kodeksi-mehnat

Моддаи 188-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст Ҳолатҳо ва ҳаҷми ҷавобгарии моддии кормандро барои зараре, ки ба корфармо расонидааст, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Корманд уҳдадор аст, зарари бевоситаи воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд. Корманд аз ҷавобгарии моддӣ …

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст

moddai-187-kodeksi-mehnat

Моддаи 187-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст уҳдадор аст, зарари расонидаро дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд. Зарари муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи …

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст

moddai-186-kodeksi-mehnat

Моддаи 186-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст Корфармо уҳдадор аст, зарари ба молу мулки корманд расонидаашро мувофиқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пурра ҷуброн намояд.

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд расонидааст

moddai-185-kodeksi-mehnat

Моддаи 185-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ў аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст Корфармо уҳдадор аст ба корманд маоши нагирифта ва дигар пардохтҳоро дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, роҳ надодан ба ҷойи кор, яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаи …

Муфассал »

Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар

moddai-184-kodeksi-mehnat

Моддаи 184-и Кодекси Меҳнат. Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натиҷаи кирдори (ҳаракат, беҳаракатии) ғайриқонунии гунаҳгорона ба вуҷуд меояд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро …

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда

moddai-183-kodeksi-mehnat

Моддаи 183-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки ба тарафи дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст ҷавобгарии моддии корфармо ва корманд …

Муфассал »

Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд

moddai-182-kodeksi-mehnat

Моддаи 182-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд Агар молу мулки шахсии корманд бо иҷозати корфармо ба манфиати ташкилот истифода шавад, бояд истифода ва фарсудашавии он ҷуброн карда шаванд. Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

Муфассал »