Главная / Ҷамъият / Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар

Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар

Моддаи 184-и Кодекси Меҳнат. Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар

  1. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натиҷаи кирдори (ҳаракат, беҳаракатии) ғайриқонунии гунаҳгорона ба вуҷуд меояд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
  2. Корфармо дар назди корманд ҷавобгарии моддӣ дорад:

– барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ў аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст;

– барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст;

– барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатии корманд расонидааст.

  1. Корманд дар назди корфармо ҷавобгарии моддӣ дорад:

– барои зарари расонидашуда бо сабаби гум кардан ё хароб намудани молу мулки корфармо;

– барои зарари расонидашуда ба корфармо дар натиҷаи ҳаракат (беҳаракатӣ) – и корманд.

  1. Корфармо ва корманд дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷавобгарии моддии баробар доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …