Главная / Ҷамъият (страница 123)

Ҷамъият

Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

moddai-211-kodeksi-mehnat

Моддаи 211-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кўтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад: – барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола – на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта; – барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола – …

Муфассал »

Муоинаи ҳатмии тиббии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

moddai-210-kodeksi-mehnat

Моддаи 210-и Кодекси Меҳнат. Муоинаи ҳатмии тиббии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни ҳаждаҳ расидан ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.

Муфассал »

Қатъи шартномаи меҳнатӣ бо талаби падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор

moddai-209-kodeksi-mehnat

Моддаи 209-и Кодекси Меҳнат. Қатъи шартномаи меҳнатӣ бо талаби падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.

Муфассал »

Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ мебошанд

moddai-208-kodeksi-mehnat

Моддаи 208-и Кодекси Меҳнат. Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ мебошанд Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст. Рўйхати корҳоро, …

Муфассал »

Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-207-kodeksi-mehnat

Моддаи 207-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории …

Муфассал »

Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

moddai-206-kodeksi-mehnat

Моддаи 206-и Кодекси Меҳнат. Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд Ҳангоми бе асосҳои қонунӣ қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ё ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, тағйир додани ҷойи кор, иваз кардани шароити меҳнат, аз кор дур кардан мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба …

Муфассал »

Иҷрои қарори комиссияи созиш

moddai-205-kodeksi-mehnat

Моддаи 205-и Кодекси Меҳнат. Иҷрои қарори комиссияи созиш Қарори комиссияи созиш дар муҳлати муқарраркардаи он иҷро карда мешавад. Дар мавриди иҷро накардани қарори комиссия дар муҳлати муқарраргардида, корманд ё корфармо ҳуқуқ доранд баҳси меҳнатиро бо тартиби судӣ ҳал намоянд.

Муфассал »

Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

moddai-204-kodeksi-mehnat

Моддаи 204-и Кодекси Меҳнат. Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он Комиссияи созиш бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи комиссия иштирокдошта қарор қабул мекунад. Дар сурати қабул карда нашудани қарори дахлдор, масъала такроран аз нав баррасӣ карда мешавад. Бо талаби аризадиҳанда ё як нафар аз аъзои комиссия, …

Муфассал »

Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

moddai-203-kodeksi-mehnat

Моддаи 203-и Кодекси Меҳнат. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз ҷониби комиссияи мазкур ҳатман ба қайд гирифта мешавад. Комиссияи созиш уҳдадор аст, баҳсҳои меҳнатиро аз рўзи ворид шудани ариза дар давоми 7 рўзи тақвимӣ баррасӣ намояд. Баҳс дар ҳузури аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдорнамудаи …

Муфассал »

Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ

moddai-202-kodeksi-mehnat

Моддаи 202-и Кодекси Меҳнат. Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ Комиссияи созиш мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии дар ташкилотҳо бамиёномада мебошад, ба истиснои баҳсҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари баррасии онҳоро муқаррар намудаанд. Агар корманд бевосита ё бо иштироки намояндаи худ зимни гуфтушунид …

Муфассал »