Главная / Ҷамъият / Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст

Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст

Моддаи 187-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст

  1. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст уҳдадор аст, зарари расонидаро дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
  2. Зарари муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми мавҷуд набудани пардохтҳои суғуртавӣ ба корманд дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад. Дар ҳолати мавҷудияти пардохти суғуртавӣ корфармо уҳдадор аст фарқияти маблағи суғуртавӣ ва ҳаҷми зарари воқеиро ба корманд ҷуброн намояд.
  3. Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн кардани зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонида шудааст бо қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …