Главная / Ҷамъият / Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

Моддаи 188-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

  1. Ҳолатҳо ва ҳаҷми ҷавобгарии моддии кормандро барои зараре, ки ба корфармо расонидааст, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
  2. Корманд уҳдадор аст, зарари бевоситаи воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд.
  3. Корманд аз ҷавобгарии моддӣ ҳангоми расонидани зарар ба корфармо озод мегардад, агар зарар дар натиҷаи қувваҳои бартарафнашаванда ё зарурияти ниҳоӣ ба амал омада бошад, инчунин аз ҷониби корфармо уҳдадориҳо оид ба таъмини шароити зарурӣ барои муҳофизати молу мулки дар ихтиёрдоштаи корманд иҷро нагардида бошад.
  4. Ба корманд вогузор намудани ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба таваккали муқаррарии истеҳсолӣ – хоҷагӣ алоқамандӣ дорад, роҳ дода намешавад.
  5. Корфармо уҳдадор аст, ба корманд шароити зарурии муътадилро барои нигоҳдории молу мулки боваркардашуда муҳайё намояд.
  6. Воқеан кам кардани молу мулки нақди корфармо ё бад кардани ҳолати молу мулки мазкур (аз ҷумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо қарордошта, агар корфармо барои нигоҳубини молу мулки мазкур масъулият дошта бошад), ҳамчунин барои корфармо зарурати харҷ ё пардохти маблағи иловагӣ барои харидан, барқарор кардани молу мулк ё ҷуброни зараре, ки аз ҷониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, зарари бевоситаи воқеӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …