Главная / Гуногун / Лашкари тарсон – ҳикоя

Лашкари тарсон – ҳикоя

Яке аз подшоҳони пешин дар риояти мамлакат сустӣ кардӣ ва лашкар ба сахтӣ доштӣ, лоҷарам душмане саъб рўй намуд, ҳама пушт бидоданд.

lashkarЧу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ,
Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ.

Якеро аз онон, ки қадр карданд, бо ман дўст буд, маломат кардаму гуфтам:
– Дун асту бесипосу сифлаю ҳакношинос, ки ба андак тағири ҳол аз махдуми қадим баргардад ва ҳуқуқи неъмати солҳо дарнаварданд!
Гуфт:
– Ар ба карам маъзур дорӣ шояд, ки асбам дар ин воқеа бе ҷав буд ва намади Зин ба гарав ва султон, ки ба зар бо сипоҳӣ бахилӣ кунад, бо ў ба ҷои ҷавонмарди натавон кард.
Зар бидеҳ марди сипоҳиро, то сар биниҳад
В-агараш зар надиҳӣ, сар биниҳад дар олам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …