Главная / Гуногун / Маликзода

Маликзода

Маликзодае ганҷи фаровон аз падар мерос ёфт. Дасти карам баркушод ва доди саховат бидод ва неъмат бедареғ бар сипоҳу раият бирехт.

Наёсояд машом аз таблаи уд,
Бар оташ неҳ, ки чун анбар бибўяд.
Бузургӣ боядат, бахшандагӣ кун,
Ки дона то наяфшонӣ, нарўяд.

Яке аз ҷуласои бетадбир насиҳаташ оғоз кард, ки мулуки пешин маар ин неъматро ба саъй андўхтаанд ва барои маслиҳате ниҳода. Даст аз ин ҳаракат кўтоҳ кун, ки вокеаҳо дар пеш аст ва душманон аз пас. Набояд, ки завқи ҳоҷат фурў монӣ.

Агар ганҷе кунӣ, бар омиён бахш,
Расад ҳар кадхудоеро ба ранҷе.
Чаро настонӣ аз ҳар як ҷаве сим,
Ки гирад ояд туро ҳар рўз ганҷе?

Малик рўй аз ин сухан баҳам овард ва мар ўро заҷр фармуду гуфт:
– Маро худованди таоло малики ин мамлакат гардонидааст, то бихўраму бибахшам, на посбон, ки нигоҳ дорам.

Корун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт,
Нўшервон намурд, ки номи накў гузошт.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …