Главная / Гуногун / Зани болиғ – Ҳикоя

Зани болиғ – Ҳикоя

Тане чанд аз равандагон дар сўҳбати ман буданд, зоҳири эшон ба салоҳ ороста ва яке аз бузургон дар ҳақи ин тоифа ҳусни зане балиғ дошт ва идроре муайян карда, то яке аз инон ҳаракате кард на муносиби ҳоли дарвешон, зани он шахс фосид шуд ва бозори инон косид. Хостам, то ба тариқе кафофи ёрон мустахлис кунам. Оҳанги хидматаш кардам, дарбонам раҳо накард ва ҷафо кард, маъзураш доштам, ки латифон гуфтаанд:

hukuki-zan-bar-shavhar«Дари миру вазиру султонро
Бе василат магард пироман.
Сагу дарбон чу ёфтанд ғариб,
Ин гиребон-ш гирад, он доман».

Чандон, ки мукаррабони ҳазрати он бузург бар ҳоли ман вуқуф ёфтанд, ба икромам дароварданд ва бартар мақоме муайян карданд. Аммо ба тавозўъ фурўтар нишастам ва гуфтам:

Бигзор, ки бандан каминам,
То дар сафи бандагон нишинам.

Гуфт:
– Иллаҳ, иллах, чӣ ҷои ин сухан аст?

Гар бар сару чашми мо нишинӣ,
Нозат бикашам, ки нозанинӣ.

Филҷумла, бинишастам ва аз ҳар даре сухан пайвастам, то ҳадиси зиллати ёрон дар миён омаду гуфтам:

«Чӣ ҷурм дид худованди собикулъином,
Ки банда дар назари хеш хор медорад?
Худойрост мусаллам бузургворию ҳукм,
Ки ҷурм бинаду нон барқарор медорад».

Ҳоким ин суханро азим биписандид ва асбоби маоши ёрон фармуд, то бар қоиди мозӣ муҳайё доранд ва маунати айёми таътил вафо кунад. Шукри неъмат бигузоридам ва замини хидмат бибўсидам ва узри ҷасорат бихостам ва дар вақти бурун омадан гуфтам:

Чу Каъба қиблаи хоҷат шуд, аз диёри банд
Раванд халқ ба дидораш аз басе фарсанг,
Туро таҳаммули амсоли мо бибояд кард,
Ки ҳеҷ кас назанад бар дарахти бебар санг.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

unnamed

Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне бадрақа ҳамроҳи мо …